Ибодат боби 5

Дар бораи қурбонии ҷурм.

  1. «АГАР касе дар он хусус гуноҳ кунад, ки овози қасамро шунидааст, ва шоҳиди он мебошад, яъне ё дидааст ва ё хабардор шудааст, валекин хабар надодааст, — ӯ барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
  2. Ё касе ки ба ҳар чизи наҷис, — хоҳ ба лошаи ҳайвони наҷис, хоҳ ба лошаи чорпои наҷис, хоҳ ба лошаи ҳашароти наҷис — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале ӯ наҷис ва муҷрим гардидааст;
  3. Ё ба наҷосати одамизод, — ба ҳар наҷосате ки кас аз он наҷис мешавад, — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ба ӯ маълум шуда, ӯ муҷрим гардидааст;
  4. Ё касе ки бо даҳонаш барои кардани кори баде ё кори неке бемулоҳиза қасам хӯрдааст, — дар ҳар чизе ки одамизод бемулоҳиза қасам мехӯрад, — ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ин ба ӯ маълум шуда, ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, —
  5. Пас, дар сурате ки ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, бигзор ба гуноҳе ки кардааст, иқрор шавад,
  6. Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.
  7. Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳам-чун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.
  8. Ва ӯ онҳоро назди коҳин мебиёрад, ки вай ҳамонро, ки барои қурбонии гуноҳ аст, аввал тақдим намуда, каллаашро аз пушти гарданаш мешиканад, вале ҷудо намекунад;
  9. Ва аз хуни қурбонии гуноҳ бар девори қурбонгоҳ ме-молад, ва бақияи хун бигзор бар буньёди қурбонгоҳ фушурда шавад. Ин қурбонии гуноҳ аст.
  10. Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дас-тур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
  11. Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кар-дааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.
  12. Ва онро назди коҳин мебиёрад; ва коҳин як мушт аз он ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ мегирад, ва бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташини Худованд месӯзонад. Ин қурбонии гуноҳ аст.
  13. Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».14. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  14. «Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қур-бонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;
  15. Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат ме-намояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
  16. Ва агар касе гуноҳ кунад, яъне бар хилофи яке аз аҳкоми наҳйи Худованд амал кунад, вале инро надонад, — ӯ муҷрим аст, ва барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт;
  17. Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
  18. Ин қурбонии ҷурмест, ки ба воситаи он ӯ ба ҳузури Худованд муҷрим гардидааст».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s