Ибодат боби 3

Дар бораи қурбонии саломатӣ.

  1. «ВА агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
  2. Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
  3. Ва ӯ аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯ-шонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,
  4. Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
  5. Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
  6. Ва агар қурбонии забҳи саломатии ӯ барои Худованд аз рама бошад, бигзор чорпои нар ё модаи беайбро тақдим намояд.
  7. Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
  8. Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
  9. Ва аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуи он, тамоми дунбаи он, ки то худи думғоза ҷудо карда шуда бошад, ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад.
  10. Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо мебо шад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
  11. Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.
  12. Ва агар қурбонии ӯ буз бошад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
  13. Ва ӯ дасти худро бар сари он мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
  14. Ва қурбонии худро, ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд, аз он тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшо-над, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад, 15. Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо ме-бошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
  15. Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.
  16. Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s