Ибодат боби 2

Дар бораи ҳадияи ордӣ.

  1. «ВА агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордаро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.
  2. Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
  3. Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.
  4. Ва агар қурбонии ҳадияи ордиро аз чизҳои дар танӯр пухташуда тақдим намоӣ, — қурсҳои фатире биёр, ки барояш орди маҳин бо равған омехта хамир карда шуда бошад; ё нончаҳои фатири тунуке биёр, ки баъд аз пухтая равған бар он молида шуда бошад.
  5. Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки бар тоба пухтаӣ, — барояш бояд орди маҳин бо равған омехта хамир карда шавад, яъне он бояд фатир бошад.
  6. Онро реза карда, равған бар он бирез; ин ҳадияи ордист.
  7. Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки дар дег бирьён кардаӣ, — он бояд аз орди маҳин бо равған тайёр карда шавад.
  8. Ва ҳадияи ордиеро, ки аз ин чизҳо тайёр карда шудааст, барои Худованд оварда, пеши коҳин мемонӣ, ва ӯ онро назди қурбонгоҳ меоварад.
  9. Ва коҳин аз ҳадияи ордӣ ҳиссаи ёдгории онро бардош-та, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
  10. Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.
  11. Ҳеҷ як ҳадияи ордие ки барои Худованд тақдим ме-намоед, набояд бо хамиртуруш тайёр карда шавад, зеро ки ҳеҷ як хамиртуруш ва ҳеҷ як асалро набояд барои Худованд ҳамчун қурбонии оташин бисӯзонед.
  12. Онҳоро ҳамчун қурбонии навбарҳо метавонед барои Худованд тақдим намоед, вале онҳо набояд бар қурбонгоҳ барои атри гуворо бароварда шавад.
  13. Ва ҳар қурбонии ҳадияи ордии худро бо намак нама-кин бикун, ва намаки аҳди Худои худро аз ҳадияи ордии худ дур накун; бо ҳар қурбонии худ намак биёр.
  14. Ва ҳангоме ки ҳадияи ордии навбарҳоро барои Худо-ванд тақдим менамоӣ, — аз хӯшаҳои бар оташ бирьён карда-шуда, аз ярмаи кӯфташуда ҳадияи ордии навбарҳои худро тақдим намо.
  15. Ва равған бар он бирез, ва лебӯно бар он бимон, — ин ҳадияи ордист.
  16. Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз рав-ғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s