Ибодат боби 13

Дастурҳо дар бораи махавиён.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
  2. «Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.
  3. Ва коҳин он захмро, ки бар пӯсти бадан аст, мебинад, ва агар мӯйҳои рӯи захм сафед шуда, намуди захм аз пӯсти баданаш чуқуртар бошад, — ин захми махав аст; ва коҳин инро дида, ӯро наҷис эълон мекунад.
  4. Ва агар доғи равшани сафеде бар пӯсти баданаш бошад, вале намуди он аз пӯст чуқуртар набошад, ва мӯйҳояш са-фед нашуда бошад, — коҳин чунин захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  5. Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин варо мебинад, ва инак, захм дар ҳолати аввала мондааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин дуюмбора варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  6. Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.
  7. Ва агар хушкӣ дар пӯст паҳн шавад баъд аз он ки вай худро ба коҳин нишон дода, пок эълон карда шудааст, вай бояд дуюмбора назди коҳин ҳозир шавад.
  8. Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.
  9. Агар захми махав дар бадани касе бошад, вай бояд назди коҳин оварда шавад.
  10. Ва коҳин мебинад, ва инак, варами сафеде бар пӯст намоён аст, ва мӯйҳоро он сафед гардонидааст, ва гӯшти зиндае дар варам пайдо шудааст, —
  11. Ин бар пӯсти бадани вай махави кӯҳна аст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад, варо ҳатто ҷудо намегузорад, зеро ки вай бешубҳа наҷис аст.
  12. Ва агар махав бар пӯст паҳн шуда бошад, ватамоми пусти беморро аз сараш то поҳояш пӯшонида бошад, ба андозае ки чашмони коҳин метавонад бубинад;
  13. Ва коҳин мебинад, ва инак, махав тамоми бадани варо пӯшонидааст, ӯ покии беморро эълон менамояд: азбаски та-моми бадани вай сафед шудааст, вай пок аст.
  14. Вале вақте ки бар вай гӯшти зинда намоён шавад, вай наҷис хоҳад буд.
  15. Ва ҳамин ки коҳин гӯшти зиндаро бубинад, варо наҷис эълон мекунад: гӯшти зинда наҷис аст, зеро ки махав аст.
  16. Ва агар гӯшти зинда тағйир ёфта, сафед шавад, вай бояд назди коҳин биёяд;
  17. Ва коҳин варо мебинад, ва инак, он захм сафед шу-дааст, ва коҳин беморро пок эълон менамояд; вай пок аст.
  18. Ва агар бар пӯсти бадани касе обила пайдо шуда, сиҳат ёфта бошад,
  19. Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи рав-шани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.
  20. Ва коҳин мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст пасттар аст, ва мӯйҳои он сафед шудааст, — ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захм махав аст, ки дар обила ба вуҷуд омадааст.
  21. Вале агар коҳин онро бубинад, ва инак, мӯйҳои сафед бар он нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  22. Ва агар он бар пӯст паҳн шуда равад, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захм аст.
  23. Ва агар он доғи равшан дар ҷояш монда, паҳн наша-вад, ин омоси обила аст; ва коҳин варо пок эълон мекунад.
  24. Ё агар бар пӯсти бадани касе доғи оташ бошад, ва бар гӯшти зиндаи он доғи равшани сафеди сурхтоб ё сафед пайдо шуда бошад, —
  25. Коҳин онро мебинад, ва инак, мӯйҳо бар он доғи рав-шани сафед шудааст, ва намудаш аз пӯст чуқуртар аст, — ин махав аст, ки дар он доғи оташ ба вуҷуд омадааст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.
  26. Ва агар коҳин онро бубинад, ва инак, бар доғи равшан мӯйҳои сафед нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  27. Ва коҳин варо дар рӯзи ҳафтум мебинад: агар он бар пӯст паҳн шуда бошад, коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.
  28. Вале агар он доғи равшан дар ҷояш монда, бар пӯст паҳн нашавад, ва он камранг бошад, — ин варами доғи оташ аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад, зеро ки ин омоси доғи оташ аст.
  29. Ва агар захме бар сар ё бар занахи марде ё зане бошад, —
  30. Коҳин он захмро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар аст, ва мӯйҳои зарди борик бар он намоён аст, — варо коҳин наҷис эълон мекунад: ин калӣ, яъне махави сар ё занах аст.
  31. Вақте ки коҳин ин захми калиро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар нест, ва мӯйҳои сиёҳ бар он нест, — коҳин он шахси гирифтори захми калиро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  32. Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин он захмро мебинад, ва инак, он калӣ паҳн нашудааст, ва мӯйҳои зард дар он нест, ва намуди калӣ аз пӯст чуқуртар нест, —
  33. Пас, мӯйҳои вай бояд тарошида шавад, вале ҷои калӣ тарошида нашавад, ва коҳин он шахси гирифтори калиро дуюмбора ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  34. Ва коҳин он калиро дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, он калӣ бар пӯст паҳн нашудааст, ва намуди он аз пӯст чу-қуртар нест; он гоҳ коҳин варо пок эълон мекунад, ва вай либосҳояшро шуста, пок мешавад.
  35. Ва агар, баъд аз пок шуданаш, калӣ бар пӯст паҳн шавад, —
  36. Коҳин варо мебинад, ва инак, калӣ бар пӯст паҳн шу-дааст, — бигзор коҳин мӯйҳои зардро ҷустуҷӯ накунад: вай наҷис аст.
  37. Вале агар калӣ дар ҳолати аввала монда, мӯйҳои сиёҳ бар он рӯида бошад, — калӣ сиҳат ёфтааст: вай пок аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад.
  38. Ва агар марде ё зане бар пӯсти баданашон доғҳои рав-шан, яъне доғҳои сафед дошта бошанд, —
  39. Коҳин мебинад, ва инак, бар пӯсти баданашон доғҳои равшани камранги сафед намоён аст, — ин баҳақ аст, ки бар пӯст пайдо шудааст; он пок аст.
  40. Ва касе ки мӯи сараш рехта бошад, вай ақраъ аст; вай пок аст.
  41. Ва агар мӯи сари вай аз тарафи пешонияш рехта бо-шад, вай тоссар аст; вай пок аст.
  42. Вале агар дар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар захми сафеди сурхтобе бошад, — ин махав аст, ки бар сари ақраъ ё тоссар пайдо шудааст.
  43. Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —
  44. Пас, вай махавист, вай наҷис аст; коҳин бояд варо наҷис эълон кунад; захми вай бар сари вай аст.
  45. Ва махавие ки гирифтори ин захм аст, либосҳояш бояд чок карда шавад, ва сараш шонаро набинад, ва он то мӯйла-баш пӯшонида шавад, ва вай фарьёд занад: «Наҷис! Наҷис!»
  46. Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.
  47. Ва агар бар либосе асари захми махав намоён бошад, хоҳ либосе аз пашм бошад, хоҳ аз катон,
  48. Хоҳ бар тори он бошад, хоҳ бар пуди он катон ва пашм, хоҳ бар чарм бошад, хоҳ бар ҳар маснӯи чармин;
  49. Ва агар он захм сабзтоб ё сурхтоб буда, бар либос, ё бар чарм, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин бошад, — ин захми махав аст, ва бояд ба коҳин нишон дода шавад.
  50. Ва коҳин он захмро мебинад, ва он захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
  51. Ва он захмро ӯ дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва агар он бар либос паҳн шуда бошад, хоҳ бар тор, хоҳ бар пуд, хоҳ бар чарм, яъне бар ҳар маснӯе ки аз чарм сохта шудааст, — он захм махави муфсид аст; он наҷис аст.
  52. Ва ӯ бояд он либосро бисӯзонад, хоҳ тор бошад хоҳ пуд, хоҳ аз пашм бошад хоҳ аз катон, хоҳ ҳар колои чармине ки захм бар он бошад, — зеро ки он махави муфсид аст; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.
  53. Ва агар коҳин  бубинад, ки инак, он захм бар либоспаҳн нашудааст, хоҳ бар тор бошад хоҳ бар пуд, хоҳ бар ҳар колои чармин, —
  54. Коҳин амр мефармояд, ва он чиро, ки захм бар он аст, мешӯянд; ва ӯ онро дуюмбора ҷудо мегузорад.
  55. Ва коҳин захмро баъд аз шустан мебинад, ва инак, захм ҳолати аввалаи худро дигаргун накардааст, ва захм агар-чи паҳн нашудааст, — он наҷис аст, онро дар оташ бисӯзон; ин фарсудагие дар абраи он ё дар астари он мебошад.
  56. Ва агар коҳин бубинад, ки инак, захм баъд аз шустани он камранг шудааст, — бигзор онро аз либос, ё аз чарм, ё аз тор, ё аз пуд дарронида ҷудо кунад.
  57. Ва агар он боз бар либос, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин намоён гардад, —ин махавест, ки шукуфта паҳн мешавад; он чиро, ки дорои ин захм аст, дар оташ бисӯзон.
  58. Вале он либос, ё тор, ё пуд, ё ҳар колои чарминро, ки шустаӣ, ва захм аз онҳо нест шудааст, дуюмбора бишӯй ва онҳо пок хоҳад буд».
  59. Ин аст қонун дар бораи захми махав бар либоси паш-мин ё катон, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин, барои пок ё наҷис эълон кардани он.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s