Ибодат боби 11

Дар бораи чорпоёни пок ва нопок.

  1. ВА Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, ба онҳо гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯед: инҳоянд ҷон-вароне ки шумо метавонед аз ҳамаи чорпоёни рӯи замин бихӯред:
  3. Ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.
  4. Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутурро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯш-сум нест, — он барои шумо наҷис аст;
  5. Ва заргӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;
  6. Ва харгӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;
  7. Ва хукро, зеро ки он сумдор аст ва сумаш қӯшсум аст, валекин хӯрокашро кавша намекунад, — он барои шумо на-ҷис аст.
  8. Аз гӯшти онҳо нахӯред ва ба лошаи онҳо нарасед, — онҳо барои шумо наҷисанд.
  9. Аз ҳар он чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дар об дорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — онҳоро метавонед бихӯред.
  10. Вале ҳар он чи пар ва пулакча надорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — аз ҳар ҳашароти об ва аз ҳар ҷонваре ки дар об аст, — инҳо барои шумо қабеҳ аст.
  11. Ва инҳо барои шумо қабеҳ хоҳад буд: аз гӯшташон нахӯред ва аз лошаашон нафрат намоед.
  12. Ҳар он чи пар ва пулакча дар об надорад, барои шумо қабеҳ хоҳад буд.
  13. Ва аз паррандагон аз инҳо нафрат намоед: инҳо хӯрда нашаванд, чунки қабеҳанд: уқоб, ва каргас, ва бургут,
  14. Ва калхот, ва шоҳин бо зоти он,
  15. Ва ҳар зоғ бо зоти он,
  16. Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он,
  17. Ва чуғз, ва бақлон, ва ибис,
  18. Ва қу, ва мурғи саққо, ва лошахӯр,
  19. Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯр-шабпарак.
  20. Тамоми ҳашароти болдоре ки бар чор пой роҳ мера-вад, бароя шумо қабеҳ аст.
  21. Аммо аз ҳар ҳашароти болдоре ки бар чор пой роҳ меравад, ҳамонро бихӯред, ки аз болои кафҳои пояш соқҳо барои ҷастан бар замин дорад.
  22. Инҳоро аз онҳо бихӯред: малах бо зоти он, солъом бо зоти он, ва ҳарҷӯл бо зоти он, ва ҳоҷоб бо зоти он*.
  23. Ва ҳар ҳашароти болдоре ки чор пой дорад, барои шумо қабеҳ аст.
  24. Ва аз инҳо начис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
  25. Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.
  26. Ҳар чорпое ки сумдор аст, валекин сумаш қӯшсум нест, ва хӯрокашро кавша намекунад, — барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, наҷис хоҳад шуд.
  27. Ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки бар чор пой роҳ мераванд, ҳар кадоме ки бар кафи пои худ равон бошад, барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хо-ҳад буд.
  28. Ва ҳар кӣ лошаи онҳоро бардошта бошад, бояд либос-ҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; онҳо барои шумо наҷисанд.
  29. Ва аз ҳайвонҳои майдае ки бар замин мехазанд, инҳо барои шумо наҷисанд: кӯрмуш, ва муш, ва сусмор бо зоташ,
  30. Ва хорпушт, ва бӯқаламун, ва калтакалос, ва ҳулмато, ва карбоса.
  31. 31. Инҳо аз ҳамаи, ҳайвонҳои хазанда барои шумо наҷисанд; ҳар кӣ ба онҳо пас аз мурданашон бирасад, то шом, наҷис хоҳад буд.
  32. Ва ҳар чизе ки яке аз онҳо пас аз мурданаш бар он афтад, наҷис хоҳад шуд: хоҳ чизе аз зарфи чӯбин, хоҳ ли-босе, хоҳ пӯсте, хоҳ халтае, яъне ҳар колое ки барои коре истеъмол мешавад, бояд дар об гузошта шавад, ва он то шом наҷис хоҳад буд, ва пас аз он пок хоҳад шуд.
  33. Ва ҳар зарфи сафолин, ки яке аз онҳо андаруни он афтад, ҳар он чи андаруни он бошад, наҷис хоҳад шуд, ва онро бишканед.
  34. Ҳар хӯрокворие ки барои хӯрок истеъмол мешавад, агар бар он аз чунин зарф об рехта бошад, наҷис хоҳад буд, ва ҳар нӯшокие ки барои нӯшидан истеъмол мешавад, дар чунин зарф наҷис хоҳад буд.
  35. Ва ҳар чизе ки бар он аз лошаи онҳо афтад, наҷис хоҳад буд; танӯр ва оташдон бояд шикаста шаванд, — онҳо наҷисанд, ва барои шумо наҷис хоҳанд буд.
  36. Аммо чашма ва чоҳи обанбор пок хоҳанд буд. Вале ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, наҷис хоҳад шуд.
  37. Ва агар аз лошаи онҳо бар тухмии коштанӣ афтад, он пок хоҳад буд.
  38. Вале агар об бар он тухмӣ рехта шуда бошад, ва аз лошаи онҳо бар он афтад, он барои шумо наҷис хоҳад буд.
  39. Ва агар яке аз чорпоёне ки барои хӯроки шумост, бимирад, ҳар кӣ ба лошаи он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.
  40. Ва ҳар кӣ аз лошаи он хӯрда бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ лошаи онро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом на-ҷис хоҳад буд.
  41. Ва ҳар ҷонваре ки бар замин мехазад, қабеҳ аст; он набояд хӯрда шавад.
  42. Ҳар он чи бар шикамаш мехазад, ва ҳар он чи бар чор пояш роҳ меравад, ва ҳар он чи пойҳои зиёде дорад, яъне ҳамаи ҳайвонҳои хазандае ки бар замин мехазанд, онҳоро нахӯред, зеро ки онҳо қабеҳанд.
  43. Нафси худро бо ҳар ҳайвони хазанда қабеҳ насозед, ва худро бо онҳо нопок накунед, мабодо аз онҳо наҷис гардед.
  44. Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед.
  45. Зеро ки Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас, шумо мудаддас бошед, зеро ки Ман қуддус ҳастам».
  46. Ин аст қонун дар бораи чорпоён ва паррандагон ва ҳар ҷонваре ки дар об меҷунбад, ва ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад,
  47. То ки наҷис аз пок, ва ҳайвони хӯрдашаванда аз ҳай-вони хӯрданашаванда фарқ карда шавад.

*22. Солъом, ҳарҷӯл, ҳоҷоб — навъҳои гуногуни малах.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s