Ҳастӣ боби 49

Баракати пайғамбарона дар ҳаққи сибтҳои Исроил, ва фавти Яъқуб.

  1. ВА Яъқуб писарони худро даъват намуда, гуфт: «Ҷамъ шавед, ва ман шуморо аз он чи дар оянда ба шумо воқеъ хоҳад шуд, хабар медиҳам.
  2. Гирд оед ва бишнавед, писарони Яъқуб, ба падари худ Исроил гӯш андозед.
  3. Реубен, нахустзодаи ман! Ту — тавоноии ман ва ибтидои қуввати ман, авҷи бузургӣ ва авҷи қудрат.
  4. Хурӯшон мисли об будӣ, бартарӣ наёбӣ, зеро ки бар ҷойхоби падари худ баромадӣ; бистари маро палид кардӣ, бар он баромадӣ.
  5. Шимъӯн ва Левӣ бародаронанд, олоти ситам аст яроқҳои онҳо.
  6. Ба машварати онҳо ҷони ман дохил нашавад, ба маҳфили онҳо ҷалоли ман шарик нашавад, зеро ки дар ғазаби худ одам куштанд, ва барзаговро хостанд бе беху буньёд кунанд.
  7. Малъун бод хашми онҳо, зеро ки тунд аст; ва ғазаби онҳо, зеро ки сахт аст; онҳоро дар Яъқуб тақсим кунам, ва дар Исроил пароканда намоям.
  8. Яҳудо! Туро бародаронат ситоиш намоянд. Дастат бар гардани душманонат бошад; писарони падарат ба ту саҷда кунанд.
  9. Яҳудои шербача, писарам, аз шикор баромад. Монанди шери нар, ва монанди шери мода чӯкида, дар камин хобидааст: кист, ки ӯро бархезонад?
  10. Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ* биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.
  11. Курраи худро ба ток ва бачаи модахари худро ба раз бандад. Ҷомаи худро дар май ва либоси худро дар хуни разон шӯяд.
  12. Чашмонаш аз май сурхтоб ва дандонаш аз шир сафед бошад.
  13. Забулун дар канори баҳр сокин шавад, ва назди бандари киштиҳо, ва ҳудудаш то Сидӯн бошад.
  14. Иссокор хари бузургҷуссаест, ки дар миёни қӯраҳо бичӯкад.
  15. Ва бидид, ки оромидан хуб аст, ва замин гуворост, пас китфи худро барои боркашӣ хам кард ва бо хизмати хироҷ машғул шуд.
  16. Дон қавми худро доварӣ кунад, мисли яке аз сибтҳои Исроил.
  17. Дон море бошад дар сари роҳ ва афъие дар канори ҷодда, ки пошнаи аспро бигазад, то ки савораш ба ақиб афтад.
  18. Ба мадади ту умедворам, Худованд!
  19. «Ҷод — издиҳоме бар вай ҳуҷум оваранд, вале вай аз ақиби онҳо ҳамла кунад.
  20. Барои Ошер — нонаш равғанин бошад, ва ӯ лаззоти шоҳона бидиҳад.
  21. Нафтолӣ ғизоли давандест, ки хабарҳои хуш оварад.
  22. Юсуф ниҳоли борварест, ниҳоли борвар бар сари чашма: шохаҳояш аз болои девор вусъат ёбанд.
  23. Ва тирандозон айши ӯро талх карданд, ва ба ӯ тир андохтанд, ва кина варзиданд;
  24. Вале камони ӯ ба қуввааш қоим монд, ва бозуҳои дастҳояш аз дастҳои Қодири Бечуни Яъқуб мустаҳкам шуд. Аз он ҷост Роҳбар ва муттакои Исроил,
  25. Аз Худои падарат, ки туро мадад мекунад, ва аз Қодири Мутлақ, ки туро баракат медиҳад бо баракоти осмон аз боло, бо баракоти варта, ки дар поён аст, бо баракоти пистонҳо ва батн,
  26. Бо баракоти падарат, ки аз баракоти падару модарам то ҳадди қадимтарини теппаҳои олам  бартарӣ дошт. Ҳамаи инҳо бар сари Юсуф бошанд, ва бар фарқи ӯ, ки аз бародаронаш баргузида шуд.
  27. Биньёмин гурги даррандаест, ки бомдодон шикорро бихӯрад ва шомгоҳон ғаниматро тақсим кунад».
  28. Инҳоянд ҳамаи дувоздаҳ сибти Исроил; ва ин аст он чи падарашон ба онҳо гуфт; вақте ки онҳоро баракат дод, ҳар якеро мувофиқи баракати вай баракат дод.
  29. Ва ба онҳо васият карда, гуфт: «Ман ба қавми худ пайваст мешавам; маро назди падаронам дар мағорае ки дар саҳрои Афрӯни ҳиттӣ воқеъ аст, дафн кунед,
  30. Дар мағорае ки дар саҳрои Макфело мебошад, ки он дар рӯ ба рӯи Мамре, дар замини Канъон аст, ва онро Иброҳим бо он саҳро аз Афрӯни ҳиттӣ барои моликияти мақбара харида буд.
  31. Он ҷо Иброҳим ва занаш Сороро дафн карданд; он ҷо Исҳоқ ва занаш Равқоро дафн карданд; ва он ҷо ман Леёро дафн кардам.
  32. Ин саҳро ва мағорае ки дар он аст, аз писарони Ҳит харида шудааст».
  33. Ва Яъқуб васияташро ба писарони худ ба поён расонд, ва пойҳои худро ба бистар кашид, ва ҷон супурд, ва ба қавми худ пайваст.

*10. Омадани Масеҳ дар назар дошта шудааст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s