Ҳастӣ боби 48

Яъқуб Эфроим ва Менашшеро баракат медиҳад.

  1. ВА воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Юсуф гуфтанд: «Инак, падарат бемор аст». Ва ду писари худ, Менашше ва Эфроимро бо худ гирифт.
  2. Ва Яъқубро огоҳ карда, гуфтанд: «Инак, писарат Юсуф назди ту меояд». Ва Исроил қувваҳои худро ҷамъ карда, бар бистар биншаст.
  3. Ва Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Қодир дар Луз, дар замини Канъон, бар ман зоҳир гардида, маро баракат дод,
  4. Ва ба ман гуфт: «Инак, Ман туро борвар ва афзун мегардонам, ва аз ту қавмҳои зиёде ба вуҷуд меоварам, ва ин заминро баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ меди-ҳам».
  5. Ва ҳоло ду писарат, ки дар замини Миср ба ту зоида шудаанд пеш аз он ки назди ту ба Миср биёям, онҳо аз они ман ҳастанд; Эфроим ва Менашше, мисли Реубен ва Шим-ъӯн, аз они ман хоҳанд буд.
  6. Вале насле ки баъд аз онҳо ба вуҷуд оварӣ, аз они ту бошанд. Онҳо бо номи бародарони худ дар амлокашон но-мида шаванд.
  7. Ва ҳангоме ки ман аз Фаддон меомадам, Роҳел назди ман дар замини Канъон мурд, чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасам, ва ӯро дар он ҷо ба сари роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт-Лаҳм бошад, дафн кардам».
  8. Ва Исроил писарони Юсуфро дид, ва гуфт:   «Инҳо кистанд?»
  9. Ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Инҳо писарони мананд, ки Худо ба ман дар ин ҷо додааст». Гуфт: «Онҳоро наздики ман биёр, то ки онҳоро баракат диҳам».
  10. Ва чашмони Исроил аз пирӣ хира шуда буд: дида наметавонист. Онҳоро наздики ӯ овард, ва ӯ онҳоро бӯсида, ба оғӯш кашид.
  11. Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Гумон надоштам, ки рӯи туро мебинам; ва инак, Худо насли туро низ ба ман нишон дод».
  12. Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.
  13. Ва Юсуф ҳар дуи онҳоро гирифт, Эфроимро ба дасти рости худ, муқобили дасти чапи Исроил, ва Менашшеро ба дасти чапи худ, муқобили дасти рости Исроил, ва наздики ӯ овард.
  14. Вале Исроил дасти рости худро дароз карда, бар сари Эфроим ниҳод, ки вай хурдӣ буд, ва дасти чапи худро бар сари Менашше. Қасдан дастҳояшро чунин ниҳод, ва ҳол он ки Менашше нахустзода буд.
  15. Ва Юсуфро баракат дода, гуфт: «Он Худое ки пешаш падаронам Иброҳим ва Исҳоқ роҳ мерафтанд, он Худое ки маро аз аввали ҳастиям то имрӯз чӯпонӣ мекунад,
  16. Он фариштае ки маро аз ҳар бадӣ раҳоӣ медиҳад, ин наврасонро баракат диҳад; ва номи ман ва номҳои падаронам Иброҳим ва Исҳоқ дар онҳо хонда шавад, ва дар васати замин бисьёр афзоиш ёбанд».
  17. Ва Юсуф дид, ки падараш дасти рости худро бар сари Эфроим ниҳод; ин ба назараш бад намуд. Ва дасти падари худро гирифт, то ки онро аз сари Эфроим бар сари Менашше гузаронад;
  18. Ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Ин тавр не, падарам, зеро ки  нахустзода ин аст, дасти рости худро ба сари ӯ бимон».
  19. Вале падараш розӣ нашуда, гуфт: «Медонам, писарам, медонам; ӯ низ қавме хоҳад шуд, ва ӯ низ бузург хоҳад шуд; валекин бародари хурдияш аз ӯ бузургтар хоҳад шуд, ва аз насли ӯ халқи сершуморе ба вуҷуд хоҳад омад».
  20. Ва дар он рӯз онҳоро баракат дода, гуфт: «Дар ту Исроил баракат хоста, гӯяд: «Худо туро мисли Эфроим ва Менашше гардонад»». Ва Эфроимро бар Менашше бартарӣ дод.
  21. Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Инак, ман мемирам. Ва Худо бо шумо хоҳад буд, ва шуморо ба замини падарони шумо боз хоҳад гардонид.
  22. Ва ман ба ту қитъаи зиёда аз бародаронат медиҳам, ки онро аз дасти амӯриён бо шамшер ва камони худ гирифтаам».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s