Ҳастӣ боби 47

Афзоиши насли Яъқуб, ки дар Миср муқимӣ гардидаанд.

  1. ВА Юсуф омад ва ба фиръавн хабар дода, гуфт: «Па-дарам ва бародаронам бо гӯсфандон ва говони худ ва бо ҳар чи доранд, аз замини Канъон омаданд; ва инак, дар замини Ҷӯшан мебошанд».
  2. Ва аз бародарони худ панҷ нафарро гирифта, пеши фиръавн муаррифӣ намуд.
  3. Ва фиръавн ба бародарони ӯ гуфт: «Касбу коратон чист?» Ба фиръавн гуфтанд: «Ғуломонат рамабон ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо».
  4. Ва ба фиръавн гуфтанд: «Омадем, то ки дар ин замин сокин шавем, зеро ки барои чорвои ғуломонат чарогоҳ нест; чунки қаҳтӣ дар замини Канъон сахт аст. Ва акнун ба ғуло-монат изн бидеҳ, ки дар замини «Ҷӯшан маскан гирем».
  5. Ва фиръавн ба Юсуф хитоб карда, гуфт: «Падарат ва бародаронат назди ту омадаанд.
  6. Замини Миср пеши туст; дар беҳтарин ҷои ин замин ба падарат ва бародаронат маскан бидеҳ; бигзор дар замини Ҷӯшан сокин шаванд. Ва агар донӣ, ки дар миёни онҳо одамони қобил ҳастанд, онҳоро нозирони чорвои ман таъин кун».
  7. Ва Юсуф падари худ Яъқубро овард, ва ӯро ба фиръавн муаррифӣ намуд; ва Яъқуб фиръавнро баракат дод.
  8. Ва фиръавн ба Яъқуб гуфт: «Айёми солҳои умри ту чанд аст?»
  9. Ва Яъқуб ба фиръавн гуфт: «Айёми солҳои мусофирати ман саду сӣ сол аст; айёми солҳои умри ман кам ва бад аст, ва ба айёми солҳои умри падарони ман дар айёми мусофирати онҳо нарасидааст».
  10. Ва Яъқуб фиръавнро баракат дод, ва аз пеши фиръавн берун рафт.
  11. Ва Юсуф ба падар ва бародарони худ маскан дод, ва дар замини Миср, дар беҳтарин замин, дар замини Раамсис, чунон ки фиръавн фармуда буд, мулке ба онҳо дод.
  12. Ва Юсуф падари худро, ва бародарони худро, ва та-моми аҳли байти падари худро, мувофиқи талаботи хӯран-даҳошон, бо нон таъмин мекард.
  13. Ва дар тамоми замин нон набуд; зеро ки қаҳтӣ бағоят сахт буд, ва замини Миср ва замини Канъон аз қаҳтӣ дар ҳолати табоҳ буд.
  14. Ва Юсуф тамоми нуқраро, ки дар замини Миср ва дар замини Канъон буд, ба ивази ғаллае ки мехариданд, ҷамъ кард; ва Юсуф ин нуқраро ба хонаи фиръавн даровард.
  15. Ва чун нуқра дар замини Миср ва дар замини Канъон тамом шуд, ҳамаи мисриён назди Юсуф омада, гуфтанд: «Ба мо нон бидеҳ! Чаро пеши ту бимирем? Чунки нуқра тамом шуд».
  16. Ва Юсуф гуфт: «Чорвои худро биёред, ва ман ба ивази чорвои шумо медиҳам, модоме ки нуқра тамом шудааст».
  17. Ва чорвои худро назди Юсуф оварданд; ва Юсуф ба ивази аспон, ба ивази рамаҳои гӯсфандон, ба ивази рамаҳои говон ва ба ивази харон ба онҳо нон дод; ва ҳамон сол онҳоро ба ивази тамоми чорвои онҳо бо нон таъмин намуд.
  18. Вақте ки сол ба охир расид, соли дуюм назди ӯ омада, гуфтанд: «Аз оғои худ махфӣ намедорем, ки нуқра тамом шуд ва рамаҳои чорво дар дасти оғои мост; пеши оғои мо чизе, ҷуз ҷисми мо ва замини мо, боқӣ намондааст.
  19. Чаро мо ва замини мо низ дар пеши назари ту ҳалок шавем? Моро ва замини моро ба ивази нон бихар; ва мо бо замини худ ғуломони фиръавн шавем, ту ба мо тухмӣ бидеҳ, то ки зист кунем ва намирем, ва замин табоҳ нашавад».
  20. Ва Юсуф тамоми замини Мисрро барои фиръавн харид, зеро ки мисриён ҳар яке киштзори худро фурӯхтанд; чунки қаҳтӣ барояшон сахт буд. Ва замин аз они фиръавн шуд.
  21. Ва халқро аз ин канор то он канори Миср ба шаҳрҳо гузаронид.
  22. Фақат замини коҳинонро нахарид, зеро ки ба коҳинон ротибае аз ҷониби фиръавн муқаррар шуда буд, ва аз ротибае ки фиръавн ба онҳо дода буд, мехӯрданд; ба ин сабаб замини худро нафурӯхтанд.
  23. Ва Юсуф ба халқ гуфт: «Инак, имрӯз шуморо ва за-мини шуморо барои фиръавн харидам; барои шумо тухмӣ ин ҷост, то заминро кишт кунед.
  24. Ва чун ҳосил бирасад, панҷьякашро ба фиръавн би-диҳед; ва чор ҳиссаи он аз они шумо бошад барои зироати замин ва барои хӯроки шумо ва аҳли хонаи шумо, ва барои хӯроки кӯдакони шумо».
  25. Гуфтанд: «Ту ба мо ҷон даровардӣ; дар назари оғои худ илтифот биёбем, ва ғуломони фиръавн бошем».
  26. Ва Юсуф инро бар замини Миср то имрӯз ба ҳукми қонун даровард: панҷьяк аз они фиръавн бошад; ғайр аз замини коҳинон, ки фақат он аз они фяръавн набуд.

Рӯзҳои охирини Яъқуб.

  1. Ва Исроил дар замини Миср, дар замини Ҷӯшан мас-кан гирифт, ва онро соҳибӣ намуд, ва бағоят борвар ва афзун гардиданд.
  2. Ва Яъқуб дар замини Миср ҳафдаҳсол бизист; ва айёми солҳои умри Яъқуб саду чилу ҳафт сол буд.
  3. Ва чун вақти фавти Исроил наздик шуд, писари худ Юсуфро назди худ хонда, ба вай гуфт: «Агар дар назари туилтифот ёфта бошам, дасти худро зери рони ман бигузор, ки эҳсон ва вафо бо ман бикунӣ ва маро дар Миср дафн накунӣ,
  4. То ки бо падарони худ бихобам: маро аз Миср бурда, дар мақбараи онҳо дафн намоӣ». Гуфт: «Ман мувофиқи гуф-таи ту хоҳам кард».
  5. Ва гуфт: «Ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард. Ва Исроил бар сари бистари худ саҷда кард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s