Ҳастӣ боби 46

Сафари Яъқуб ба Миср.

  1. ВА Исроил бо ҳар чи дошт, ба сафар рафт, ва чун ба Беэр-Шобаъ омад, барои Худои падари худ Исҳоқ қурбо-ниҳо забҳ кард.
  2. Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт: «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»
  3. Гуфт: «Манам он Худо, Худои падарат; аз рафтан ба Миср натарс; зеро ки дар он ҷо қавми бузурге аз ту ба вуҷуд меоварам.
  4. Ман бо ту ба Миср меравам; ва Ман низ туро аз он ҷо берун меоварам; ва Юсуф бо дасти худ чашмони туро мепӯшад».
  5. Ва Яъқуб аз Беэр-Шобаъ равона шуд; ва банӣ-Исроил падари худ Яъқубро, ва тифлони худро, ва занони худро бо аробаҳое ки фиръавн барои овардани ӯ фиристода буд, бурданд.
  6. Ва чорвои худ ва дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буданд, гирифтанд, ва Яъқуб ва тамоми наслаш бо ӯ ба Миср омаданд.
  7. Ва писарони худ ва писарони писарони худро бо худ, ва духтарони худ ва духтарони писарони худро, ва тамоми насли худро бо худ ба Миср овард.
  8. Ва ин аст номҳои банӣ-Исроил, ки ба Миср омаданд: Яъқуб ва писарони ӯ. Реубен, нахустзодаи Яъқуб.
  9. Писарони Реубен: Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.
  10. Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ёадин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.
  11. Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.
  12. Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Унон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.
  13. Писарони Иссокор: Тӯлоъ, Фувво, Йӯб ва Шимрӯн.
  14. Писарони Забулун: Сарад, Элӯн ва Яҳлаил.
  15. Инҳоянд писарони Леё, ки онҳоро, ва духтари худ Диноро дар Фаддони Арам ба Яъқуб зоид; ҳамаи писарон ва духтаронаш сию се нафар.
  16. Писарони Ҷод: Сифйӯн, Ҳаҷӣ, Шунӣ, Эсбӯн, Эрӣ, Арӯдӣ ва Аръилӣ.
  17. Писарони Ошер: Имно,  Ишво, Ишвӣ ва Барио ва хоҳари онҳо Сораҳ. Писарони Барио: Ҳабар ва Малкиил.
  18. Инҳоянд писарони Зилфо, ки варо Лобон ба духтари худ Леё дод; ва ин шонздаҳ нафарро ба Яъқуб зоид.
  19. Писарони Роҳел, зани Яъқуб: Юсуф ва Биньёмин.
  20. Ва ба Юсуф дар замини Миср Менашше ва Эфроим таваллуд шуданд, ки онҳоро Оснат, духтари  Фӯтифараъ, коҳини Ӯн ба ӯ зоид.
  21. Писарони Биньёмин: Балаъ, Бакар, Ашбел, Ҷеро, На-амон, Эҳӣ, Рӯш, Муфим, Ҳуфим ва Орд.
  22. Инҳоянд писарони Роҳел, ки ба Яъқуб таваллуд шу-данд; ҷамъ чордаҳ нафар.
  23. Писари Дон: Ҳушим.
  24. Писарони Нафтолӣ: Яҳсаил, Ҷунӣ, Есар ва Шилем.
  25. Инҳоянд писарони Билҳо, ки варо Лобон ба духтари худ Роҳел дод. Вай инҳоро ба Яъқуб ҷамъ ҳафт нафар зоид.
  26. Ҳамаи касоне ки бо Яъқуб ба Миср омаданд, онҳое ки аз камари ӯ рӯидаанд, ғайр аз занони писарони Яъқуб, ҷамъ шасту шаш нафар буданд.
  27. Ва писарони Юсуф, ки ба ӯ дар Миср таваллуд шу-данд, ду нафар буданд. Ҳамаи касони хонадони Яъқуб, ки ба Миср омаданд, ҳафтод нафар буданд.
  28. Ва Яҳудоро пеш аз худаш назди Юсуф фиристод, то ки ӯро ба Ҷӯшан роҳнамоӣ кунад. Ва ба замини Ҷӯшан омаданд. 29. Ва Юсуф  аробаи худро тайёр кард, ва ба пешвози падари худ Исроил ба Ҷӯшан рафт, ва чун ӯро бидид, ба гарданаш овезон шуд, ва муддате бар гарданаш бигирист.
  29. Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Акнун, пас аз дидани рӯи ту, метавонам бимирам; зеро ки ҳанӯз зинда ҳастӣ».
  30. Ва Юсуф ба бародарони худ ва ба аҳли байти падари худ гуфт: «Меравам, ва ба фиръавн хабар медиҳам, ва ба вай мегӯям: «Бародаронам. ва аҳли байти падарам, ки дар замини Канъон буданд, назди ман омаданд.
  31. Ва ин одамон рамабон ҳастанд, зеро ки мардуми чор-водор мебошанд; ва гӯсфандон ва говон ва тамоми дороии худро овардаанд».
  32. Ва агар фиръавн шуморо даъват намуда, гӯяд: «Касбу коратон чист?»
  33. Бигӯед: «Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо”, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s