Ҳастӣ боби 45

Юсуф худро ба бародаронаш мешиносонад.

  1. ВА Юсуф пеши ҷамоате ки дар ҳузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.
  2. Ва бо овози баланд бигирист, ва мисриён шуниданд, ва аҳли байти фиръавн шунид.
  3. Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зинда аст?» Вале бародаронаш ба ӯ ҷавоб дода наметавонистанд; зеро ки пеши ӯ мушавваш гардиданд.
  4. Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.
  5. Вале акнун ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод.
  6. Зеро ҳоло ду сол шудааст, ки қаҳтӣ бар замин ҳукмфар-мост, ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешавад, на дарав.
  7. Лекин Худо маро пеш аз шумо фиристод, то кӣ шуморо дар замин боқӣ гузорад ва бо наҷоти бузурге ҳаёти шуморо нигоҳ дорад.
  8. Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.
  9. Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: «Худо маро оғои тамоми Миср гар-дондааст; назди ман биё, таъхир накун.
  10. Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.
  11. Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед».
  12. Ва инак, чашмони шумо ва чашмони бародарам Биньё-мин мебинад, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.
  13. Пас ба падарам аз тамоми ҷалоли ман дар Миср ва аз он чи дидед, хабар диҳед; ва шитоб намуда, падарамро ба ин ҷо биёред».
  14. Ва бар гардани бародари худ Биньёмин афтода, биги-рист; ва Биньёмин бар гардани ӯ гирья кард.
  15. Ва ҳамаи бародарони худро бӯсид  ва дар оғӯш ги-рифта, бигирист; ва баъд аз он бародаронаш бо ӯ гуфтугӯ карданд.

Юсуф  бародаронро  ба  Канъон мефиристад, то ки падарро биёранд.

  1. Вақте ки ба гӯши аҳли байти фиръавн овоза расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, ин ба назари фиръавн ва ба назари чокаронаш хуш омад.
  2. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародарони худ бигӯ: «Чунин бикунед: маркабҳои худро бор кунед, ва ба замини Канъон равона шавед;
  3. Ва падари худ ва аҳли байти худро гирифта, назди ман биёед; беҳтарин замини Мисрро ба шумо хоҳам дод, ва аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд».
  4. Ва туро амр мефармоям ба онҳо бигӯӣ: «Чунин бику-нед: аробаҳо аз замини Миср барои тифлони худ ва барои занони худ бигиред, ва падари худро бардошта биёред;
  5. Ва аз тарк кардани чизу чораи худ таассуф нахӯред, зеро ки беҳтарини тамоми замини Миср аз они шумост»».
  6. Ва банӣ-Исроил чунин карданд. Ва Юсуф, мувофиқи амри фиръавн, аробаҳо ба онҳо дод, ва тӯшаи роҳ ба онҳо дод.
  7. Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньё-мин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.
  8. Ва ҳамчунин барои падари худ даҳ хари боршуда бо нозу неъмати Миср ва даҳ модахари боршуда бо ғалла ва нон ва хӯрок барои сафари падари худ фиристод.
  9. Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».
  10. Ва аз Миср баромаданд, ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд.
  11. Ва ӯро огоҳ намуда, гуфтанд: «Юсуф ҳанӯз зинда аст, ва ӯ ҳокими тамоми замини Миср аст». Вале дили ӯ ошуфта шуд; зеро ки ба гапи онҳо бовар накард.
  12. Ва ҳамаи суханонеро, ки Юсуф ба онҳо гуфта буд, ба ӯ нақл карданд; ва аробаҳоеро ки Юсуф барои овардани ӯ фиристода буд, бидид; ва рӯҳи падари онҳо, Яъқуб, боз зинда шуд.
  13. Ва Исроил гуфт: «Бас аст! Писари ман Юсуф ҳанӯз зинда аст; меравам ва пеш аз мурданам ӯро мебинам».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s