Ҳастӣ боби 44

Бародарони Юсуфро ҳароси азиме фаро мегирад.

  1. ВА Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;
  2. Ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.
  3. Бомдодон, чун чашми рӯз кушода шуд, ин мардонро бо харони онҳо равона карданд.
  4. Онҳо аз шаҳр баромада, ҳанӯз чандон дур нарафта буданд, ки Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархоста, аз ақиби ин одамон шитоб кун, ва чун ба онҳо даррасидӣ, бигӯй: «Чаро бадӣ ба ивази некӣ кардед?
  5. Оё ин ҳамон ҷом нест, ки оғоям аз он менӯшад? Ва ӯ бо он фол мекушояд. Он чи кардед, бад кардед»».
  6. Ва ба онҳо даррасид, ва ин суханонро ба онҳо гуфт.
  7. Ба ӯ гуфтанд: «Чаро оғои мо чунин суханонро мегӯяд? Ҳошо, ки ғуломонат коре мисли ин бикунанд.
  8. Он нуқраеро, ки дар даҳани ҳалтаҳои худ ёфта будем, аз замини Канъон назди ту гашта овардем; пас чӣ гуна аз хонаи оғоят нуқра ё тилло медуздем?
  9. Назди ҳар яке аз ғуломонат ёфт шавад, бимирад; ва мо низ ғуломони оғои ту бошем».
  10. Гуфт: «Майлаш; аз рӯи гуфтаи шумо шавад: назди касе ки ёфт шавад,  ӯ ғуломи  ман  бошад, ва шумо  озод бошед».
  11. Ва шитоб намуда, ҳар яке халтаи худро ба замин фуро-варданд, ва ҳар яке халтаи худро кушоданд.
  12. Ва кофтуков кард; аз калонӣ сар карда, бо хурдӣ та-мом кард; ва ҷом аз халтаи Биньёмин ёфт шуд.
  13. Ва либосҳои худро чок заданд, ва ҳар яке хари худро бор карда, ба шаҳр баргаштанд.
  14. Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф ома-данд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.
  15. Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардед? Оё надонистед, ки шахсе мисли ман албатта фол мекушояд?»
  16. Яҳудо гуфт: «Ба оғои худ чӣ гӯем? Чӣ арз кунем? Ва чӣ гуна худро сафед намоем? Худо гуноҳи ғуломонатро дарь-ёфтааст; инак, мо ғуломони оғои худ бошем, ҳам мо ва ҳам он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд».
  17. Гуфт: «Ҳошо, ки ман чунин кунам: он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд, ғуломи ман бошад, ва шумо ба саломатӣ назди падари худ биравед».
  18. Ва Яҳудо ба ӯ наздик омада, гуфт: «Эй оғои ман, марҳамат фармуда ба ғуломи худ изн бидеҳ, ки сухане ба гӯши оғои худ бигӯям, ва бар ғуломи худ хашм нагир; зеро ки ту чун фиръавн ҳастӣ.
  19. Оғоям аз ғуломонаш пурсида, гуфт: «Оё шуморо падар ё бародаре ҳаст?»
  20. Ва ба оғои худ арз кардем, ки моро падари пире ҳаст, ва ӯро писари пиронсолагӣ, писари хурдӣ, ки бародараш мурдааст, ва ӯ аз модари худ танҳо мондааст; ва падараш ӯро дӯст медорад.
  21. Ва ба ғуломони худ гуфтӣ: «Уро назди ман биёред, то ки ба ӯ чашм андозам».
  22. Ва ба оғои худ гуфтем: «Он ҷавон аз падари худ ҷудо шуда наметавонад, ва агар аз падари худ ҷудо шавад, ӯ хоҳад мурд».
  23. Вале ба ғуломони худ гуфтӣ: «Агар бародари хурдии шумо бо шумо наояд, рӯи маро дигар нахоҳед дид».
  24. Ва ҳангоме ки назди ғуломат, падари худ, омадем, суха-нони оғои худро ба ӯ нақл кардем.
  25. Ва падари мо гуфт: «Баргардед, ва андаке хӯрокворӣ барои мо бихаред».
  26. Гуфтем: «Рафта наметавонем; лекин агар бародари хур-дии мо бо мо равад, меравем; зеро ки рӯи он мардро дида наметавонем, агар бародари хурдии мо бо мо набошад».
  27. Ва ғуломат, падарам, ба мо гуфт: «Шумо медонед, ки занам ба ман дуто зоида буд.
  28. Ва яке аз назди ман берун рафт, ва ман гуфтам: албатта дарида шудааст; ва то кунун ӯро надидаам;
  29. Ва агар инро низ аз назди ман бибаред, ва зиёне ба ӯ  расад,  ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд».
  30. Ва акнун агар назди ғуломат, падари худ, биравем, ва ин ҷавон бо мо набошад, ва ҳол он ки ҷони ӯ бо ҷони вай баста аст,
  31. Ва чун бубинад, ки писар нест, ӯ хоҳад мурд; ва ғуло-монат мӯи сафеди ғуломат, падари худро бо андӯҳ ба гӯр хоҳанд бурд.
  32. Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: «Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам».
  33. Ва акнун бигзор, ки ғуломат ба ивази ин ҷавон дар бандагии оғои худ бимонад, ва ин ҷавон бо бародарони худ биравад.
  34. Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s