Ҳастӣ боби 41

Хоби фиръавн.

  1. ВА воқеъ шуд баъд аз гузаштани ду сол, ки фиръавн хобе дид: инак, ӯ дар канори наҳри Нил истодааст.
  2. Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳ баромаданд, ва дар чаманзор чаридан гирифтанд.
  3. Ва инак, аз паси онҳо хафт модагови дигари бадсурат ва лоғар аз наҳр баромаданд, ва дар паҳлуи он модаговон дар соҳили наҳр биистоданд.
  4. Ва ин модаговони бадсурат ва лоғар ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳро хӯрданд. Ва фиръавн бедор шуд.
  5. Ва боз хобаш бурд, ва дуюмбора хобе дид: инак, ҳафт хӯшаи солим ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.
  6. Ва инак, ҳафт хӯшаи холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паи онҳо рӯиданд.
  7. Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи солим ва пурборро фурӯ бурданд. Ва фиръавн бедор шуд, ва ин буд хобаш.
  8. Субҳгоҳон хотираш мушавваш шуд, ва кас фиристода, ҳамаи соҳирони Мисрро, ва ҳамаи ҳакимони онро даъват намуд, ва фиръавн ба онҳо хоби худро нақл кард, вале касе набуд, ки онро ба фиръавн таъбир кунад.
  9. Ва сарсоқӣ ба фиръавн арз намуда, гуфт: «Хатоҳои ман имрӯз ба хотирам омад.
  10. Фиръавн ба чокарони худ хашм гирифта, маро ва сар-нонвойро дар хонаи сардори посбонон бандӣ карда буд.
  11. Ва ман ва ӯ дар як шаб хобе дидем, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб дидем.
  12. Ва он ҷо ҷавони ибрӣ, ғуломи сардори посбонон, бо мо буд, ва хобҳои худро ба ӯ нақл кардем, ва ӯ онҳоро ба мо таъбир кард, ба ҳар яке мувофиқи хобаш таъбир кард.
  13. Ва чӣ тавре ки ба мо таъбир кард, ҳамон тавр воқеъ шуд: ман ба мансаби худ баргардонида шудам, ва он дигаре ба дор кашида шуд».

Юсуф дар Миср ба бузургӣ расид.

  1. Ва фиръавн кас фиристода, Юсуфро даъват намуд; ва ӯро зуд аз зиндон бароварданд. Ва ӯ мӯйсару риши худро тарошида ва либоси худро иваз карда, назди фиръавн омад.
  2. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Хобе дидам, ва касе нест, ки онро таъбир кунад, ва дар бораи ту шунидам, ки хобро фаҳмида, таъбир мекунӣ».
  3. Ва Юсуф ба ҷавоби фиръавн гуфт: «Ин аз ман нест; Худо ба саломатии фиръавн ҷавоб хоҳад дод».
  4. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Дар хоби худ дидам, ки инак, дар соҳили наҳри Нил истодаам.
  5. Ва инак, аз наҳр ҳафт модагови фарбеҳ ва хубсурат баромаданд; ва дар чаманзор чаридан гирифтанд.
  6. Ва инак, аз паси онҳо ҳафт модагови дигари лоғаран-дом ва хеле бадсурат ва камгӯшт баромаданд, ки дар тамоми замини Миср ба зиштӣ мисли онҳо надидаам.
  7. Ва ин модаговони лоғар ва бадсурат ҳафт модагови фарбеҳи аввалро хӯрданд.
  8. Ва чун ба шиками онҳо даромаданд, маълум нашуд, ки ба шиками онҳо даромадаанд. Ва сурати онҳо мисли аввала зишт буд. Ва ман бедор шудам.
  9. Ва боз хоб дидам, ки инак, ҳафт хӯшаи пурбор ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд.
  10. Ва инак, ҳафт хӯшаи борик, холӣ ва аз боди шарқӣ хушкшуда аз паси онҳо рӯиданд.
  11. Ва ин хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи некӯро фурӯ бурданд. Ва ман ба соҳирон гуфтам, вале касе нест, ки ба ман шарҳ диҳад».
  12. Ва Юсуф ба фиръавн гуфт: «Хоби фиръавн якест: он чи Худо карданист, ба фиръавн хабар додааст.
  13. Ҳафт модагови некӯ ҳафт сол аст; ва ҳафт хӯшаи некӯ ҳафт сол аст; хоб якест.
  14. Ва ҳафт модагови лоғар ва зишт, ки аз паси онҳо баромадаанд, ҳафт сол аст, ва ҳафт хӯшаи холии аз боди шарқӣ хушкшуда ҳафт соли қаҳтӣ мебошад.
  15. Аз ҳамин сабаб он суханро ба фиръавн гуфтам: он чи Худо карданист, ба фиръавн зоҳир сохтааст.
  16. Инак, ҳафт соли фаровонии бузург дар тамоми замини Миср фаро мерасад.
  17. Вале баъд аз онҳо ҳафт соли қаҳтӣ меояд; ва тамоми он фаровонӣ дар замини Миср фаромӯш мешавад, ва қаҳтӣ заминро табоҳ мекунад.
  18. Ва фаровонӣ дар замин маълум намешавад, ба сабаби қаҳтие ки аз паси он меояд, зеро ки он бағоят сахт хоҳад буд.
  19. Ва ба фиръавн ду бор такрор шудани ин хоб далели он аст, ки ин чиз ҳақиқатан аз ҷониби Худост, ва Худо онро ба зудӣ ба амал хоҳад овард.
  20. Ва акнун бигзор фиръавн марди оқил ва ҳакимро пайдо кунад, ва ӯро бар замини Миср бигуморад.
  21. Фиръавн чунин бикунад, ва нозиронро бар замин таъин намояд, ва дар ҳафт соли фаровонӣ панҷьяк аз замини Миср бигирад.
  22. Ва бигзор хӯроквории ин солҳои некӯро, ки меояд, ҷамъ оваранд, ва ғалларо зери дасти фиръавн захира ку-нанд, ва дар шаҳрҳо хӯрокворӣ нигоҳ доранд.
  23. Ва ин хӯрокворӣ барои замин ба ҳафт соли қаҳтие ки дар замини Миср фаро мерасад, захира шавад, то ки замин аз қаҳтӣ табоҳ нагардад».
  24. Ин сухан ба назари фиръавн ва ба назари ҳамаи чокаро-наш писанд афтод.
  25. Ва фиръавн ба чокарони худ гуфт: «Оё касеро мисли ин мард ёфта метавонем, ки Рӯҳи Худо дар ӯст?»
  26. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Азбаски Худо тамоми ин нуктаро ба ту маълум кардааст, касе мисли ту оқил ва ҳаким нест;
  27. Ту бар хонаи ман бош, ва тамоми қавми ман каломи туро риоя кунанд; ман фақат дар хусуси тахт аз ту бузургтар бошам».
  28. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Бидон, ки туро бар та-моми замини Миср баргумоштам».
  29. Ва фиръавн нигини худро  аз  дасти худ кашид,  ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид; ва ӯро ба либоси катони нозук ороста кард, ва тавқи тилло бар гарданаш овехт;
  30. Ва ӯро ба аробаи дуюмини худ савор кунонид, ва пешо-пеши ӯ нидо мекарданд: «Зону занед!» Ва ӯро бар тамоми замини Миср баргумошт.
  31. Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ман фиръавн ҳастам, вале бидуни фармони ту ҳеҷ кас даст ё пои худро дар тамоми замини Миср баланд накунад».

Юсуф духтари бутпарастро ба занӣ гирифт. Хоби фиръавн ба амал меояд.

  1. Ва фиръавн Юсуфро Софнат-фаънеаҳ номид, ва Ос-нат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯнро ба ӯ ба занӣ дод. Ва Юсуф сар то сари замини Миср сафар кард.
  2. Ва Юсуф сисола буд, вақте ки пеши фиръавн, подшо-ҳи Миср, биистод, ва Юсуф аз пеши фиръавн берун рафта, тамоми замини Мисрро тай намуд.
  3. Ва замин дар ҳафт соли фаровонӣ аз ҳар донае миқдори бисьёр ҳосил овард.
  4. Ва ӯ тамоми хӯроквории ҳафт солро, ки дар замини Миср рӯида буд, ҷамъ овард, ва хӯроквориро дар шаҳрҳо захира кард; ва хӯроквории киштзори гирду пеши ҳар шаҳрро дар дохили он гузошт.
  5. Ва Юсуф ғалладонаи зиёде мисли реги дарьё захира кард, то ба дараҷае ки аз ҳисоб кардан бозмонд; зеро ки аз ҳисоб берун буд.
  6. Ва пеш аз фаро расидани солҳои қаҳтӣ ба Юсуф ду писар таваллуд шуд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн, ба ӯ зоид.
  7. Ва Юсуф нахустзодаи худро Менашше ном ниҳод, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро аз тамоми машаққатам ва аз тамоми хонаи падарам фаромӯшӣ дод».
  8. Ва дуюминро Эфроим номид, зеро ки, гуфт ӯ, «Худо маро дар замини мазаллатам борвар гардонид».
  9. Ва ҳафт соли фаровонӣ, ки дар замини Миср буд, ба охир расид.
  10. Ва ҳафт соли қаҳтӣ оғоз ёфт, чунон ки Юсуф гуфта буд. Ва дар ҳамаи заминҳо қаҳтӣ рӯй дод, вале дар тамоми замини Миср нон буд.
  11. Ва чун тамоми замини Миср низ гирифтори қаҳтӣ шуд, қавм, барои нон назди фиръавн фарьёд заданд. Ва фиръавн ба ҳамаи мисриён гуфт: «Назди Юсуф биравед, ва он чи ӯ ба шумо гӯяд, бикунед».
  12. Ва қаҳтӣ тамоми рӯи заминро фаро гирифт; ва Юсуф ҳамаи анборҳоро кушода, ба мисриён ғалла мефурӯхт. Вале қаҳтӣ дар замини Миср қавӣ мешуд.
  13. Ва аз ҳамаи кишварҳо барои харидани ғалла назди Юсуф ба Миср меомаданд, зеро ки қаҳтӣ дар тамоми дуньё қавӣ шуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s