Ҳастӣ боби 36

Насабномаи Эсов.

  1. ИН аст насаби Эсов, ки ҳамои Адӯм бошад.
  2. Эсов занони худро аз духтарони канъониён гирифт: Одо духтари Элӯни ҳиттиро, Оҳалибомо духтари Ано, духта-ри Сибъӯни ҳиввиро,
  3. Ва Босмат духтари Исмоил, хоҳари Набойӯтро.
  4. Одо Алифозро ба Эсов зоид; Босмат Реуилро зоид.
  5. Оҳалибомо Яуш, Яълом ва Қӯраҳро зоид. Инҳоянд писарони Эсов, ки ба ӯ дар замини Канъон таваллуд шуданд.
  6. Ва Эсов занони худ, ва писарони худ, ва духтарони худ, ва тамоми аҳли байти худ, ва рамаҳои худ, ва тамоми чорвои худ, ва тамоми дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буд, гирифта, аз пеши бародари худ Яъқуб ба замини дигаре рафт,
  7. Зеро ки дороии онҳо он қадар бисьёр буд, ки наметаво-нистанд якҷоя иқомат кунанд, ва замини мусофираташон ба сабаби бисьёрии чорвояшон онҳоро гунҷоиш дода наметавонист.
  8. Ва Эсов дар кӯҳи Сеир маскан гирифт, ки Эсов ҳамон Адӯм бошад.
  9. Ва ин аст насаби Эсов, падари адӯмиён, дар кӯҳи Сеир.
  10. Ин аст номҳои писарони Эсов: Алифоз, писари Одо, зани Эсов, ва Реуил, писари Босмат, зани Эсов.
  11. Ва писарони Алифоз Темон, Ӯмор, Сафӯ, Ҷаътом ва Қеназ буданд.
  12. Ва Тимнаъ суррияи Алифоз, писари Эсов буд, ва Амо-леқро ба Алифоз зоид. Инҳоянд писарони Одо, зани Эсов.
  13. Инҳоянд писарони Реуил: Наҳат, Зараҳ, Шаммо ва Миззо. Инҳо писарони Босмат, зани Эсов буданд.
  14. Ва инҳо писарони Оҳалибомо, духтари Ано, духтари Сибъӯн, зани Эсов буданд, ки вай Яуш, Яълом ва Қӯраҳро ба Эсов зоид.
  15. Инҳоянд умарои писарони Эсов. Писарони Алифоз, нахустзодаи Эсов: амир Темон, амир Ӯмор, амир Сафӯ, амир Қеназ,
  16. Амир Қӯраҳ, амир Ҷаътом, амир Амолеқ. Инҳоянд умарои Алифоз дар замини Адӯм; инҳоянд писарони Одо.
  17. Инҳоянд писарони Реуил, писари Эсов: амир Наҳат, амир Зараҳ, амир Шаммо, амир Миззо. Инҳоянд умарои Ре-уил дар замини Адӯм; инҳоянд писарони Босмат, зани Эсов.
  18. Инҳоянд писарони Оҳалибомо, зани Эсов: амир Яуш, амир Яълом, амир Қӯраҳ. Инҳояцд умарои Оҳалибомо, дух-тари Ано, зани Эсов.
  19. Инҳоянд писарони Эсов, ва инҳоянд умарои онҳо. Ин Адӯм аст.
  20. Инҳоянд писарони Сеири ҳӯрӣ, ки дар он сарзамин иқомат доштанд: Лӯтон, Шӯбол, Сибъӯн, Ано,
  21. Дишӯн, Эсар ва Дишан. Инҳоянд умарои ҳӯриён, пи-сарони Сеир, дар замини Адӯм.
  22. Ва писарони Лӯтон Ҳӯрӣ ва Ҳемом буданд, ва хоҳари Лӯтон Тимнаъ буд.
  23. Инҳоянд писарони  Шӯбол:  Алвон,  Монаҳат,  Эбол, Шафӯ ва Ӯном.
  24. Инҳоянд писарони Сибъӯн: Аё ва Ано; ҳамон Ано, ки ҳангоми чаронидани харони падари худ Сибъӯн дар биёбон чашмаҳои оби гармро ёфт.
  25. Инҳоянд фарзандони Ано: Дишан ва Оҳалибомо, дух-тари Ано.
  26. Инҳоянд писарони Дишӯн: Ҳамдон, Ашбон, Итрон ва Карон.
  27. Инҳоянд писарони Эсар: Билҳон, Заъвон ва Ақон.
  28. Инҳоянд писарони Дишан: Ус ва Арон.
  29. Инҳоянд умарои ҳӯриён: амир Лӯтон,  амир Шӯбол, амир Сибъӯн, амир Ано,
  30. Амир Дишӯн, амир Эсар, амир Дишан. Инҳоянд ума-рои ҳӯриён бар ҳасби умарои онҳо дар замини Сеир.
  31. Инҳоянд подшоҳоне ки дар замини Адӯм, подшоҳӣ кар-даанд пеш аз он ки подшоҳе дар банӣ-Исроил подшоҳӣ кунад:
  32. Балаъ ибни Баӯр дар Адӯм подшоҳӣ кард, ва номи шаҳри ӯ Динҳоба буд.
  33. Ва Балаъ мурд, ва дар ҷояш Йӯбоб ибни Зараҳ аз Басра подшоҳӣ кард.
  34. Ва Йӯбоб мурд, ва дар ҷояш Ҳӯшом аз замини темо-ниён подшоҳӣ кард.
  35. Ва Ҳӯшом мурд, ва дар ҷояш Ҳадад ибни Бадад, ки дар саҳрои Мӯоб Мидьёнро шикаст дод, подшоҳӣ кард, ва номи шаҳри ӯ Авит буд.
  36. Ва Ҳадад мурд, ва дар ҷояш Самло аз Масреқо под-шоҳӣ кард.
  37. Ва Самло мурд, ва дар ҷояш Шоул аз Раҳӯбӯти лаби наҳр подшоҳӣ кард.
  38. Ва Шоул мурд, ва дар ҷояш Баал-Ҳонон ибни Акбӯр подшоҳӣ кард.
  39. Ва Баал-Ҳонон ибни Акбӯр мурд, ва дар ҷояш Ҳадар подшоҳӣ кард, ва номи шаҳраш Фоу буд, ва номи занаш Маҳетабъил духтари Матрад, духтари Мезоҳоб буд.
  40. Ва ин аст номҳои умарои Эсов бар ҳасби қабилаҳои онҳо ва маконҳои онҳо ва номҳои онҳо: амир Тимнаъ, амир Алво, амир Ятет,
  41. Амир Оҳалибомо, амир Эло, амир Финӯн,
  42. Амир Қеназ, амир Темон, амир Мибсор,
  43. Амир Маҷдиил, амир Иром. Инҳоянд умарои Адӯм, бар ҳасби маскани онҳо, дар замини тасарруфи онҳо. Ин аст Эсов, падари адӯмиён.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s