Хуруҷ боби 9

Низоъ бо фиръавн; бори шашум ба вай рӯ оварданашон; мӯъҷизаи ҳаштум.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн рафта, ба вай бигӯ: «Худованд Худои ибриён чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.
  2. Зеро, агар ту аз равона кардани онҳо рӯй гардонӣ ва онҳоро боз нигоҳ дорӣ,
  3. Инак, дасти Худованд бар чорвои ту, ки дар саҳро мебошад, бар аспон, харон, шутурон, говон ва гӯсфандон хоҳад буд, — вабои бағоят сахт рӯй хоҳад дод;
  4. Ва Худованд дар миёни чорвои исроилиён ва чор-вои мисриён тафовуте барқарор хоҳад кард, ва аз ҳар он чи банӣ-Исроил доранд, чизе нахоҳад мурд»».
  5. Ва Худованд мӯҳлате муайян намуда, гуфт: «Фардо Худованд инро дар ин замин ба амал хоҳад овард».
  6. Ва Худованд инро фардои он ба амал овард, ва тамоми чорвои мисриён мурд; вале аз чорвои банӣ-Исроил як адад ҳам намурд.
  7. Ва фиръавн фиристод, ва инак, аз чорвои исроилиён як адад ҳам намурда буд; ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ қавмро равона накард.

Мӯъҷизаи нӯҳум.

  1. Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Барои  худ муштҳои пур аз хокистари хумдон бигиред, ва Мусо онро пеши назари фиръавн сӯи осмон партояд, —
  2. Ва он дар тамоми замини Миср ба ғубор мубаддал гардида, бар одамон ва чорпоён  варами  думбалдоре  дар тамоми замини Миср паҳн хоҳад шуд».
  3. Ва онҳо хокистари хумдонро гирифта, ба ҳузури фир-ъавн истоданд, ва  Мусо  онро сӯи  осмон партофт, — ва варами думбалдоре пайдо гардида, бар одамон ва чорпоён паҳн шуд.
  4. Ва афсунгарон натавонистанд ба сабаби варам пеши Мусо истодагӣ намоянд, зеро ки варам бар афсунгарон ва бар ҳамаи мисриён буд.
  5. Ва Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд ба Мусо гуфта буд.

Бори ҳафтум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи даҳум.

  1. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бомдодон бармаҳал бар-хоста, ба ҳузури фиръавн биист, ва ба вай бигӯ: «Худованд Худои ибриён чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, ки маро ибодат намоянд. 14. Зеро ки ҳамин дафъа Ман ҳамаи захмҳои Худро бар дили ту, ва бар навкаронат ва қавмат хоҳам фиристод, то бидонӣ, ки дар тамоми замин монанди Ман нест.
  2. Агар алҳол дасти Худро дароз карда, ту ва қавматро бо вабое мезадам, ту аз рӯи замин маҳв мешудӣ,
  3. Валекин барои он туро боқӣ гузоштам, ки қуввати Худро ба ту нишон диҳам, ва исми Ман дар тамоми дуньё шӯҳрат ёбад.
  4. Ту ҳанӯз қавми Маро ба танг меоварӣ,  ва  онҳоро равона намекунӣ.
  5. Инак, Ман фардо дар ҳамин вақт жолаи бағоят сахт хоҳам боронид, ки мисли он дар Миср аз рӯзи барпо шу-данаш то алҳол наборидааст.
  6. Ва алҳол фиристода, тамоми чорвои худ ва ҳар чиро, ки дар саҳро дорӣ, ҷамъ кунэ зеро ҳар одам ва чорпое ки дар саҳро бошад, ва ба хона ҷамъ карда бурда нашавад, бар онҳо жола борида, онҳо хоҳанд мурд»».
  7. Ҳар касе ки аз навкарони фиръавн аз каломи Худованд тарсид, навкаронаш ва чорвояшро ба хонаҳо гурезонид.
  8. Вале ҳар касе ки ба каломи Худованд аҳамият надод, навкаронаш ва чорвояшро дар саҳро вогузошт.
  9. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро сӯи осмон дароз кун, ва дар тамоми  замини  Миср  бар  одамон  ва чорпоён ва бар тамоми набототи  саҳро  дар замини Миср жола хоҳад борид».
  10. Ва Мусо асои худро сӯи осмон дароз кард, — ва Худо-ванд раъд ва жола дод, ва барқи осмон бар замин фурӯд омад, ва Худованд ба замини Миср жола боронид.
  11. Ва жола буд, ва барқ буд, ки андаруни жола забона мезад, ва жола бағоят сахт буд, ки мисли он дар тамоми за-мини Миср, аз замоне ки мулки халқе шуда буд, наборидааст.
  12. Ва жола дар тамоми замини Миср ҳар он чиро, ки дар саҳро буд, аз одамон то чорпоён зад; ва тамоми набототи саҳроро жола зад, ва ҳар дарахти саҳроро шикаст.
  13. Фақат дар замини Ҷӯшан, ки  он  ҷо   банӣ-Исроил буданд, жола набуд.
  14. Ва фиръавн  фиристода,   Мусо  ва  Ҳорунро  даъват намуд,   ва  ба  онҳо  гуфт:   «Ҳамин  дафъа  гуноҳ кардаам; Худованд одил аст, ва ман ва қавмам шарир ҳастем;
  15. Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки раъдҳои Худо ва жола хотима ёбад; ва ман шуморо равона хоҳам кард, ва шумо дигар дер нахоҳед монд».
  16. Ва Мусо ба вай гуфт: «Ҳамин ки аз шаҳр берун ра-вам, дастҳоямро сӯи Худованд дароз хоҳам кард; раъдҳо хотима ёфта, жола дигар нахоҳад борид, то бидонӣ, ки за-мин аз они Худованд аст.
  17. Валекин медонам, ки ту ва навкаронат ҳанӯз аз Худо-ванд Худо наметарсед».
  18. Ва зағир ва ҷав зарар дид, зеро ки ҷав хӯша баста буд, ва зағир поя бароварда буд.
  19. Вале гандум ва ҷуворӣ зарар надид, зеро ки онҳо дерпаз аст.
  20. Ва Мусо аз пеши фиръавн аз шаҳр берун рафта, даст-ҳояшро сӯи Худованд дароз кард; ва раъдҳо ва жола хотима ёфт, ва борон бар замин наборид.
  21. Ва фиръавн дид, ки борон ва жола ва раъдҳо хотима ёфт, гуноҳ карданашро давом дода, дили худро сахт кард, — ҳам худаш ва ҳам навкаронаш.
  22. Ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ банӣ-Исроилро равона накард, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо гуфта буд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s