Хуруҷ боби 5

Мубоҳиса бо фиръавн; зулму ситам дар ҳаққи қавм пурзӯр мешавад.

  1. ВА баъд аз ин Мусо ва Ҳорун омада, ба фиръавн гуфтанд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд»». 2. Ва фиръавн гуфт: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард».
  2. Ва онҳо гуфтанд: «Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; пас мо бояд роҳи серӯзаро дар биёбон тай намуда, барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем, мабодо моро Ӯ бо вабо ё бо шамшер зарба занад».
  3. Ва подшоҳи Миср ба онҳо гуфт: «Чаро шумо, эй Мусо ва Ҳорун, қавмро аз корҳошон бозмедоред? Ба корубори худ биравед».
  4. Ва фиръавн гуфт: «Инак, алҳол қавми мамлакат сер-шуморанд, ва шумо онҳоро аз корҳошон бозмедоред».
  5. Ва фиръавн дар он рӯз ба корфармоёни қавм ва ба нозирони онҳо амр фармуда, гуфт:
  6. «Минбаъд ба қавм барои хиштрезӣ, мисли пештара, коҳ надиҳед; бигзор худашон рафта, барои худ коҳ ҷамъ кунанд.
  7. Ва ҳамон миқдори хиштҳоро, ки онҳо пештар мерех-танд, ба гардани онҳо бор кунед, онро ба ҳеҷ ваҷҳ кам наку-нед, зеро ки онҳо танбаланд, бинобар ин дод зада мегӯянд: «Биравем, то ки барои Худои худ қурбонӣ кунем».
  8. Бигзор меҳнати ин одамон сахттар шавад, то ки бо он банд шуда, барои суханони бекора фурсат наёбанд».
  9. Ва корфармоёни қавм ва нозирони онҳо берун ома-данд, ва ба қавм сухан ронда, гуфтанд: «Фиръавн чунин мегӯяд: «Ба шумо коҳ намедиҳам;
  10. Худатон рафта, коҳ барои худ аз ҳар ҷо, ки биёбед, бигиред; ва аз кори шумо чизе кам нахоҳад шуд»».
  11. Ва қавм дар тамоми замини Миср пароканда шуданд, то ки ба ҷои коҳ хасу хошок ҷамъ кунанд.
  12. Ва корфармоён шитоб кунонида, мегуфтанд: «Корҳои худро ба миқдори ҳаррӯза, мисли он замоне ки коҳ буд, иҷро кунед».
  13. Ва нозиронеро, ки аз банӣ-Исроил бар онҳо корфар-моёни фиръавн таъин карда буданд, мезаданд ва мегуфтанд: «Чаро миқдори хиштрезии худро ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз мисли пештара иҷро накардед?»
  14. Ва нозирони банӣ-Исроил омаданд, ва назди фиръавн шикоят карда, гуфтанд: «Чаро ба бандагонат чунин рафтор мекунӣ?
  15. Коҳ ба бандагонат намедиҳанд, вале ба мо мегӯянд: «Хишт бирезед!» Ва инак, бандагонатро мезананд, ва ин гуноҳи қавми туст».
  16. Ва ӯ гуфт: «Шумо танбал ҳастед, танбал; бинобар ин шумо мегӯед: «Биравем,  то ки барои Худованд қурбонӣ кунем»;
  17. Ва алҳол рафта, кор кунед! Ва коҳ ба шумо дода нахоҳад шуд,   ва  миқдори  хиштҳоро  хоҳед  дод».
  18. Ва нозирони банӣ-Исроил худро гирифтори мусибат диданд, чунки фиръавн гуфт: «Аз миқдори ҳаррӯзаи хишт-ҳои худ ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед».
  19. Ва ҳангоме ки аз пеши фиръавн берун омаданд, бо Мусо ва Ҳорун вохӯрданд, ки дар рӯ ба рӯяшон истода буданд.
  20. Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бу-бинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва  навкаронаш нафратангез гардонида,   шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».
  21. Ва Мусо сӯи Худованд руҷӯъ намуда, гуфт: «Худо-вандо, чаро ин қавмро гирифтори мусибат кардӣ? Барои чӣ маро фиристодӣ?
  22. Зеро аз вақте ки ман назди фиръавн омадам, то ки аз исми Ту сухан ронам, муносибати вай ба ин қавм бадтар шудааст, валекин Ту қавми Худро раҳо накардӣ».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s