Хуруҷ боби 39

Либоси Ҳоруни саркоҳин.

  1. ВА аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс сохтанд; ва либосҳои муқаддас барои Ҳорун сохтанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фар-муда буд.
  2. Ва эфӯдро аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт.
  3. Ва лавҳаҳои нозук аз тилло сохтанд, ва риштаҳо аз он буриданд, то ки дар миёни лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозук бо бофти санъаткорона бибофанд.
  4. Китфпӯшакaҳои пайвастшаванда барои он сохтанд, ки бар ду канори он пайваст мешуд.
  5. Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он буд, бо ҳамон санъат аз худи он, яъне аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуд, чунон ки Худо-ванд ба Мусо амр фармуда буд.
  6. Ва сангҳои ҷазъро дуруст карда, дар нигинхонаҳои тил-ло нишониданд, ва номҳои банӣ-Исроилро бо ҳакки мӯҳр бар онҳо ҳак намуданд.
  7. Ва онҳоро бар китфпӯшакҳои эфӯд ҷойгир кард, то ки сангҳои ёдгорӣ барои банӣ-Исроил бошад, чунон ки Худо-ванд ба Мусо амр фармуда буд.
  8. Ва синабандро бо бофти санъаткорона, мисли бофти эфӯд, аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт.
  9. Он мураббаъ буд; синабандро дуқабата сохтанд, даро-зияш як ваҷаб ва фарохияш як ваҷаб, дуқабата.
  10. Ва дар он чор қатор санг нишониданд: қатори лаъл, ёқути зард ва зумуррад — ин қатори якум буд.
  11. Ва қатори дуюм: баҳрамон, ёқути кабуд ва алмос.
  12. Ва қатори сеюм: ёқути тар, ақиқи сӯхта ва ҷамаст.
  13. Ва қатори чорум: забарҷад, ҷазъ ва яшм; онҳо дуруст карда, дар нигинхонаҳои тилло нишонида шуда буд.
  14. Ва ин сангҳо бо номҳои банӣ-Исроил, яъне дувоздаҳ адад бо номҳои онҳо буд; бо ҳакки мӯҳр, ҳар яке ба номи худаш, барои дувоздаҳ сибт буд.
  15. Ва бар синабанд занҷирҳо ба шакли танобе, бо санъати бофти морпеч, аз тиллои холис сохтанд.
  16. Ва ду нигинхонаи тилло ва ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва ду ҳалқаро ба ду канори синабанд андармон карданд.
  17. Ва он ду занҷири морпечи тиллоро бо ин ду ҳалқа бар канорҳои синабанд андармон карданд.
  18. Ва ду сари дигари ду занҷири морпечро ба ду нигин-хона пайванд намуда, бар китфпӯшакҳои эфӯд, ба тарафи абраи он андармон карданд.
  19. Ва боз ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва онҳоро бар ду канори синабанд, ба он лабаш, ки ба тарафи астари эфӯд аст, андармон карданд.
  20. Ва боз ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва онҳоро бар ду китфпӯшаки эфӯд аз поён, аз тарафи абраи он, назди пайванд-шавии он, аз болои тасмаи эфӯд андармон карданд.
  21. Ва синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риш-таи лоҷвард банд карданд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  22. Ва ридои эфӯдро бо санъати бофтагарӣ комилан аз лоҷвард сохт.
  23. Ва чоки ридоро дар миёнаи он мисли чоки ҷавшан сохт; лаблӯлае гирдогирди чокаш буд, то ки надаррад.
  24. Ва дар лаби домани ридо анорҳо аз лоҷвард ва арғу-вон ва кирмизи дутоба сохтанд.
  25. Ва зангӯлачаҳои тилло аз тиллои холис сохтанд, ва зангӯлачаҳоро дар миёни анорҳо, бар домани ридо гузоштанд, гирдогирди он, дар миёни анорҳо.
  26. Зангӯлача ва аноре, зангӯлача ва аноре дар лаби до-мани ридо гирдогирди он барои хизмат кардан, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  27. Ва пероҳане аз катони нозук, бо санъати бофтагарӣ барои Ҳорун ва писаронаш сохтанд;
  28. Ва аммомае аз катони нозук, ва кулоҳҳои зебое аз ка-тони нозук, ва эзорҳои катон аз катони нозуки дутоба;
  29. Ва камарбанде аз катони нозуки дутоба ва лоҷвард ва арғувон ва қирмиз, бо санъати гулдӯзӣ, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  30. Ва лавҳаи афсари муқаддасро аз тиллои холис сохтанд, ва бар он хатте мисли ҳакки мӯҳр навиштанд: «Муқаддас аст барои Худованд».
  31. Ва бар он риштаи лоҷварде андармон карданд, то киаз боло ба аммома бибанданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
  32. Ва тамоми кори маскани хаймаи ҷомеъ ба анҷом расид; ва банӣ-Исроил онро сохтанд, мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд;
  33. Ва маскани хаймаро назди Мусо оварданд, бо тамоми колояш, чангакҳояш, тахтаҳояш, ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш;
  34. Ва болопӯш аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх буд, ва боло-пӯш аз пӯстҳои тӯҳс, ва пардаи ҷудокунанда;
  35. Ва сандуқи шаҳодат ва дастакҳояш, ва сарпӯш;
  36. Ва миз, ва тамоми колояш, ва нони тақдим;
  37. Ва чароғдони пок, ва чароғҳояш, яъне, чароғҳои ҷо ба ҷо гузошташуда, ва тамоми колояш, ва равған барои рӯшноӣ;
  38. Ва қурбонгоҳи тилло, ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи даромадгоҳи хайма;
  39. Ва қурбонгоҳи мисин, ва панҷараи мисинаш, ва дастак-ҳояш, ва лаган ва пояҳояш;
  40. Ва пардаҳои саҳн, ва сутунҳояш ва пояҳояш, ва пардаи дарвозаи саҳн, ва танобҳояш ва мехҳояш, ва тамоми колои хизмати маскан барои хаймаи ҷомеъ;
  41. Ва либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс, ва либосҳои муқаддас барои Ҳоруни коҳин, ва либосҳои пи-саронаш барои каҳонат кардан.
  42. Мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ-Исроил тамоми корро ба ҷо оварданд.
  43. Ва Мусо тамоми корро аз назар гузаронид, ва инак онҳо онро, ончунон ки Худованд амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва Мусо онҳоро баракат дод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s