Хуруҷ боби 38

Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ.

  1. ВА қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне мураббаъ буд; ва қадаш се зироъ.
  2. Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он сохт, ба тавре ки шохҳояш аз худи он буд; ва онро бо мис пӯшонид.
  3. Ва тамоми колои қурбонгоҳ: тосҳо ва хокандозҳо ва косаҳо ва чанголҳо ва маҷмарҳоро сохт; тамоми колояшро аз мис сохт.
  4. Ва барои қурбонгоҳ панҷарае аз мис ба сурати шабака сохта, зери канораи он аз поён то нисфи он гузошт.
  5. Ва чор ҳалқа бар чор гӯшаи панҷараи мисин ҳамчун хонаҳо барои дастакҳо рехт.
  6. Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо мис пӯшонид.
  7. Ва дастакҳоро ба ҳалқахое ки бар паҳлуҳои қурбонгоҳ буд, гузаронид, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд; онро аз тахтаҳо дарунхолӣ сохт.

Лаган барои шустушӯ.

  1. Ва лагани мисин сохт, ки пояаш низ мисин буд, аз оинаҳои заноне ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд.

Саҳн.

  1. Ва саҳнро сохт; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳои саҳн аз катони нозуки дутоба ба дарозии сад зироъ буд;
  2. Сутунҳои онҳо бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра буд.
  3. Ва ба тарафи шимолӣ сад зироъ; сутунҳошон бист адад, ва пояҳошон бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.
  4. Ва ба тарафи ғарбӣ — пардаҳо панҷоҳ зироъ; сутун-ҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.
  5. Ва ба тарафи офтоббарои шаркӣ — панҷоҳ зироъ.
  6. Пардаҳо барои як паҳлу понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.
  7. Ва барои паҳлуи дуюм, аз ин тараф ва аз он тарафи дарвозаи саҳн, пардаҳо понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.
  8. Ҳамаи пардаҳои саҳн гирдогирд аз катони нозуки ду-тоба буд.
  9. Ва пояҳои сутунҳо аз мис, илмакҳои сутунҳо ва бандҳо-шон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон аз нуқра буд, ва ҳамаи сутунҳои саҳн бо бандҳои нуқра пайваст карда шуда буд.

Дарвозаи саҳн.

  1. Ва пардаи дарвозаи саҳн бо санъати гулдӯзӣ аз лоҷ-вард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуда буд; ва дарозияш бист зироъ, ва қадаш ба фарохии панҷ зироъ мувофиқи пардаҳои саҳн буд.
  2. Ва сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад аз мис буд; илмакҳошон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон ва бандҳошон аз нуқра буд.
  3. Ва ҳамаи мехҳои маскан ва саҳн гирдогирд аз мис буд.
  4. Ин аст ҳисоботи маскан, маскани шаҳодат, ки бо амри Мусо, бо хизмати левизодагон, зери назорати Итомор ибни Ҳоруни коҳин тартиб дода шудааст.
  5. Ва Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳур, аз сибти Яҳудо, ҳар он чиро, ки Худо ба Мусо амр фармуда буд, сохт.
  6. Ва бо ӯ Оҳолиоб ибни Аҳисомок, аз сибти Дон буд, ки вай ҳаккок ва зарбоф ва гулдӯз бар лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба буд.
  7. Тамоми тиллое ки дар тамоми кори қудс ба кор бурда шуд, яъне тиллои инъом, бисту нӯҳ киккар ва ҳафтсаду сӣ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.
  8. Ва нуқраи саршумории ҷамоат сад киккар ва ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.
  9. Як беқаъ аз ҳар сар, яъне ним сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас, аз ҳар нафаре ки аз саршуморӣ гузаштааст, аз синни бистсола ва болотар, ки ҷамъ шашсаду се ҳазору панҷ-саду панҷоҳ нафар буданд.
  10. Ва сад киккар нуқра барои рехтани пояҳои қудс ва пояҳои парда сарф шуд, — сад поя аз сад киккар, як киккар барои як поя.
  11. Ва аз ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл илмакҳо барои сутунҳо сохт, ва сарҳои онҳоро пӯшонид, ва бандҳо барои онҳо сохт.
  12. Ва миси инъом ҳафтод киккар ва ду ҳазору чорсад сиқл буд.
  13. Ва аз он пояҳои даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ва қурбон-гоҳи мисин, ва панҷараи мисини он, ва тамоми колои қурбон-гоҳро сохт,
  14. Ва пояҳои гирдогирди саҳн, ва пояҳои дарвозаи саҳн, ва ҳамаи мехҳои маскан, ва ҳамаи мехҳои гирдогирди саҳнро сохт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s