Хуруҷ боби 37

Сандуқ.

  1. ВА Басалъил сандуқе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш яку-ним зироъ буд.
  2. Ва онро аз дарун ва аз берун бо тиллои холис пӯшо-нид, ва барои он гирдогирд афсари тилло сохт.
  3. Ва барои он, бар чор гӯшаи он чор ҳалқаи тилло рехт: ду ҳалқа бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқа бар паҳлуи дигараш.
  4. Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло пӯшонид.
  5. Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намуд, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.

Сарпӯш.

  1. Ва сарпӯше аз тиллои холис сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ буд.
  2. Ва ду каррубӣ аз тилло сохт; онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш сохт.
  3. Як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор сохт; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он сохт.
  4. Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ мепӯшониданд, ва рӯйҳошон сӯи якдигар буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш буд.

Миз барои нони тақдим.

  1. Ва мизе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.
  2. Ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва гирдогирдаш афсари тилло сохт.
  3. Ва ҳошияе гирдогирди он ба андозаи як қабза сохт, ва афсари тилло гирдогирди ҳошияи он сохт.
  4. Ва чор ҳалқаи тилло барои он сохт; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намуд.
  5. Ҳалқаҳо ба баландии ҳошия мувофиқ буда, ҳамчун хо-наҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат мекард.
  6. Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, то ки барои бардоштани миз хизмат кунад.
  7. Ва колоеро, ки бар миз бояд бошад, яъне табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мерезанд, аз тиллои холис сохт.

Чароғдони тилло.

  1. Ва чароғдоне аз тиллои холис сохт; чароғдонро яклухт сохт, ба тавре ки поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он аз худи он буд.
  2. Ва шаш шоха аз паҳлуҳои он берун меомад: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи дигараш.
  3. Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха бо ғунча ва гул буд, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи ди-гар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғ-дон берун меомад.
  4. Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он буд.
  5. Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз он берун меомад.
  6. Ғунчаҳояш ва шохаҳояш аз худи он буданд, он куллия-тан яклухт аз тиллои холис буд.
  7. Ва ҳафт чароғаш ва анбӯрҳояш, ва маҷмарҳояшро аз тиллои холис сохт.
  8. Онро бо тамоми колои он аз як киккар тиллои холис сохт.

Қурбонгоҳи бухур.

  1. Ва қурбонгоҳи бухурро аз чӯби ақоқиё сохт, ки даро-зияш як зироъ, ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ буд, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш буд.
  2. Ва онро бо тиллои холис пӯшонид: бомаш ва деворҳо-яшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд сохт.
  3. Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш сохт, ҳамчун хонаҳои дастакҳо сохт, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.
  4. Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.
  5. Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s