Хуруҷ боби 34

Алвоҳи дуюм.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт:   «Барои худ  ду лавҳи сангин мисли аввала битарош, ва Ман  суханонеро, ки бар алвоҳи аввалин буд, ва ту онҳоро шикастӣ, бар ин алвоҳ хоҳам навишт.
  2. Ва барои субҳ тайёр бош, ва субҳгоҳ ба кӯҳи Сино баро, ва дар он ҷо бар қуллаи кӯҳ ба Ман мунтазир биист.
  3. Ва касе набояд бо ту барояд, ва низ касе набояд дар тамоми кӯҳ дида шавад; гӯсфандон ва говон низ набояд дар рӯ ба рӯи ин кӯҳ чаро кунанд».
  4. Ва Мусо ду лавҳи сангин мисли аввала тарошид, ва бомдодон бархоста, ба кӯҳи Сино баромад, чунон ки Худо-ванд ба ӯ амр фармуда буд; ва ду лавҳи сангинро ба дасти худ гирифт.

Дуюмбора зоҳир шудани Худо.

  1. Ва Худованд дар абр фурӯд омада, дар он ҷо бо ӯ биистод, ва исми Худовандро хонд.
  2. Ва Худованд аз пеши ӯ гузашта, нидо кард: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо,
  3. Ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гу-ноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад; барои гуноҳи падарон писарон ва писарони пи-саронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад».
  4. Ва Мусо шитобон то ба замин хам шуда, саҷда бурд,
  5. Ва гуфт: «Агар ман манзури назари Ту, эй Худованд, шуда бошам, бигзор Худованд дар миёни мо равона шавад, зеро ки онҳо қавми гарданкаш ҳастанд, — ва Ту гуноҳҳо ва хатоҳои моро биомурз, ва моро мероси Худ гардон».
  6. Ва Ӯ гуфт: «Инак, Ман аҳд мебандам: пеши назари тамоми қавми ту мӯъҷизоте ба амал меоварам, ки дар тамоми дуньё ва дар ҳамаи халқҳо ба амал наомадааст; ва тамоми қавме ки ту дар миёнашон мебошӣ, амали Худовандро хо-ҳанд дид, зеро он чи Ман барои ту мекунам, саҳмгин аст.
  7. Он чиро, ки Ман ба ту имрӯз амр мефармоям, риоят намо; инак, Ман амӯриён, канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро аз пеши ту бадар хоҳам ронд.
  8. Эҳтиёт намо, ки бо сокинони замине ки ба он ҷо ме-равӣ, аҳд набандӣ, мабодо дар миёни шумо доме гардад,
  9. Балки қурбонгоҳҳои онҳоро хароб кунед, ва сутунҳои онҳоро бишканед, ва Ашераҳои онҳоро маҳв намоед,
  10. Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.
  11. Мабодо бо сокинони он замин аҳд бандӣ, ки онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, барои худоёни худ курбонӣ мекунанд, ва туро таклиф менамоянд, ва ту аз қур-бонии онҳо мехӯрӣ,
  12. Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.
  13. Худоёни рехта барои худ насоз.

Аҳком дар бораи идҳо ва шанбе.

  1. Иди фатирро риоят намо: ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар мӯҳлати муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, зеро ки дар моҳи абиб аз Миср берун омадаӣ.
  2. Ҳар раҳимкушо аз они Ман аст, ва ҳар раҳимкушои наринаи чорпои ту, хоҳ аз гов бошад хоҳ аз гӯсфанд.
  3. Ва барои раҳимкушои ҳар баррае фидия бидеҳ, ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; барои ҳар нахустзодаи писаронат фидия бидеҳ. Ва ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд.
  4. Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо.
  5. Ва иди ҳафтаҳоро дар мавсими дарави навбари гандум ба ҷо овар; ва иди ҷамъовариро дар гардиши сол.
  6. Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованди Парвардигор, Худои Исроил ҳозир шаванд.
  7. Зеро ки Ман халқҳоро аз пеши ту бадар хоҳам ронд, ва ҳудуди туро васеъ хоҳам кард; ва ҳангоме ки ту соле се маротиба омада, ба ҳузури Худованд Худои худ ҳозир ме-шавӣ, ҳеҷ кас замини туро тамаъ нахоҳад кард.
  8. Хуни қурбонии Маро бар хамиртуруш нарез, ва қур-бонии иди фисҳ то субҳ боқӣ намонад.
  9. Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Ху-дои худ биёр, бузғоларо дар шири модари он напаз».
  10. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ту ин суханонро бинавис, зеро ки мувофиқи ин суханон бо ту ва бо Исроил аҳд бастаам».
  11. Ва ӯ дар он ҷо чил рӯз ва чил шаб назди Худованд буд, нон нахӯрд ва об нанӯшид; ва суханони аҳд, яъне даҳ аҳкомро бар алвоҳ навишт.
  12. Ва ҳангоме ки Мусо аз кӯҳи Сино фурӯд меомад, — ва ду лавҳи шаҳодат дар дасти Мусо буд, вақте ки ӯ аз кӯҳ фурӯд меомад, — Мусо надонист, ки пӯсти чеҳрааш, ба са-баби гуфтугӯи Худо бо ӯ, медурахшид.
  13. Ва Ҳорун ва тамоми банӣ-Исроил Мусоро диданд, ва инак, пӯсти чеҳрааш медурахшид, ва аз наздик шудан ба ӯ тарсиданд.
  14. Вале Мусо онҳоро хонд, ва Ҳорун ва ҳамаи раисони ҷамоат назди ӯ баргаштанд; ва Мусо ба онҳо сухан ронд.
  15. Ва баъд аз он тамоми банӣ-Исроил наздик омаданд, ва ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ дар кӯҳи Сино гуфта буд, ба онҳо амр фармуд.
  16. Ва ҳамин ки Мусо ба онҳо сухан ронданро ба анҷом расонид, бар рӯи худ парда пӯшонид.
  17. Ва ҳангоме ки Мусо ба ҳузури Худованд медаромад, то ки бо Ӯ гуфтугӯ кунад, пардаро то вақти баромаданаш мекашид; ва баромада, он чиро, ки амр карда шуда буд, ба банӣ-Исроил мегуфт.
  18. Ва банӣ-Исроил чеҳраи Мусоро медиданд, ки пӯсти чеҳраи Мусо медурахшад; ва Мусо боз пардаро бар рӯи худ мепӯшонид, то вақте ки барои сухан рондан бо Худо дохил шавад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s