Хуруҷ боби 33

Давоми сафар.

  1. ВА Худованд ба Мусо гуфт: «Роҳсипор шуда, аз ин ҷо баро, — ту ва ин қавме ки аз замини Миср баровардаӣ, сӯи замине ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфтаам: «Онро ба насли ту хоҳам дод», —
  2. Ва фариштае пешопеши ту хоҳам фиристод, ва канъо-ниён, амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро бадар хоҳам родд, —
  3. Сӯи замине ки шир ва асал дар он ҷорист; зеро ки Ман дар миёии шумо нахоҳам рафт, чунки шумо қавми гар-данкаш ҳастед, мабодо шуморо дар аснои роҳ маҳв кунам».
  4. Ва ҳамин ки қавм ин сухани бадро шуниданд, мотам гирифта, ҳеҷ яке зебу зинати худро бар худ нагузоштанд.
  5. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ-Исроил бигӯ: «Шумо қавми гарданкаш ҳастед; агар Ман лаҳзае дар миёни шумо биравам, шуморо маҳв менамоям. Ва алҳол зебу зинати худро аз худ дур созед, ва Ман мебинам, ки бо шумо чӣ кунам»».
  6. Ва банӣ-Исроил зебу зинати худро аз кӯҳи Ҳӯриб аз худ дур карданд.

Хаймаи ҷомеъ берун аз ӯрдугоҳ.

  1. Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи ҷомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад.
  2. Ва ҳангоме ки Мусо сӯи хайма мебаромад, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ меистоданд, ва аз ақиби Мусо то даме ки ӯ ба хайма медаромад, нигоҳ мекарданд.
  3. Ва ҳангоме ки Мусо ба хайма медаромад, сутуни абр фурӯд омада, ба дари хайма меистод, ва Ӯ бо Мусо сухан меронд.
  4. Ва ҳангоме ки тамоми қавм сутуни абри ба дари хайма истодаро медиданд, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ саҷда мебурданд.
  5. Ва Худованд ба Мусо рӯ ба рӯ сухан меронд, чунон ки касе бо ёри худ сухан меронад; ва ӯ ба ӯрдугоҳ бармегашт, ва хизматгузори ӯ, Еҳушаъ ибни Нуни ҷавон, аз хайма дур намешуд.

Дуои Мусо.

  1. Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Инак, Ту ба ман мегӯӣ: «Ин қавмро бибар», вале Ту маро огоҳ накардаӣ, ки ҳамроҳи ман киро мефиристӣ, агарчи гуфтаӣ: «Ман туро ба номат шинохтаам, ва ту манзури назари Ман шудаӣ».
  2. Ва алҳол, агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро биш-носам ва манзури назари Ту гардам; ва Ту ба эътибор гир, ки ин мардум қавми Ту ҳастанд».
  3. Ва Ӯ гуфт: «Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам».
  4. Ва ба «Ӯ гуфт: «Агар Худат наоӣ, моро аз ин ҷо набар.
  5. Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту ман-зури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».
  6. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин корро низ, ки гуфтаӣ, Ман хоҳам кард, зеро ки ту манзури назари Ман шудаӣ, ва Ман туро бо номат шинохтаам».
  7. Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ҷалоли Худро ба ман бинамоӣ».
  8. Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва ка-рим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим меша-вам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст».
  9. Ва Ӯ гуфт: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад».
  10. Ва Худованд гуфт: «Инак ҷое назди Ман аст: бар ин сахра биист.
  11. Ва ҳангоме ки ҷалоли Ман гузар кунад, Ман туро дар шикофи сахра гузошта, бо кафи дасти Худ туро хоҳам пӯшо-нид, то даме ки бигзарам.
  12. Ва ҳамин ки кафи дастамро дур кунам, ту қафои Маро хоҳӣ дид; вале рӯи Ман намудор нахоҳад шуд».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s