Хуруҷ боби 32

Қавм майл ба бутпарастӣ мекунанд.

  1. ВА қавм чун диданд, ки Мусо дар фуромадан аз кӯҳ даранг мекунад, қавм назди Ҳорун ҷамъ шуда, ба ӯ гуфтанд: «Бархоста, барои мо худоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро ин шахс, яъне Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ходиса рӯй додааст».
  2. Ва Ҳорун ба онҳо гуфт: «Ҳалқаҳои тиллоеро, ки дар гӯшҳои занон, писарон ва духтарони шумост, кашида, назди ман биёред».
  3. Ва тамоми қавм ҳалқаҳои тиллоеро, ки дар гӯшҳошон буд, кашида, назди Ҳорун оварданд.
  4. Ва онҳоро аз дасташон гирифта, бо қалами ҳаккокӣ ба шакле даровард, ва гӯсолаи рехтае аз он сохт; ва гуфтанд: «Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!»
  5. Ва Ҳорун инро дида, қурбонгоҳе пеши он бино кард, ва Ҳорун эълон намуда, гуфт: «Фардо ид аст барои Худованд!»
  6. Ва фардои он бармаҳал бархоста, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд; ва қавм барои хӯрдан ва нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд.
  7. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Шитоб намуда фурӯд ой, зеро қавми ту, ки аз замини Миср берун овардаӣ, фосид шудаанд;
  8. Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: «Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!»»
  9. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин қавмро дидаам, ва инак, қавми гарданкаш мебошанд;
  10. Ва алҳол Маро бигзор, то ки ғазабам бар онҳо аланга зада, онҳоро маҳв намоям, ва туро қавми бузурге гардонам».

Мусо шафоат менамояд.

  1. Вале Мусо ба ҳузури Худованд Худои худ тазаррӯъ намуда, гуфт: «Чаро, эй Худованд, ғазаби Ту бар қавмат, ки бо қуввати азим ва дасти зӯровар онҳоро аз замини Миср берун овардаӣ, аланга занад?
  2. Чаро мисриён сухан ронда, гӯянд: «Онҳоро бо қасди бад берун овард, то ки онҳоро дар кӯҳҳо бикушад ва аз рӯи замин маҳв намояд»? Аз шиддати ғазаби худ баргард, ва қасди бади талаф кардани қавми Худро ботил намо;
  3. Бандагони Худ Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар, ки барои онҳо ба Зоти Худ қасам ёд карда, ба онҳо гуфтаӣ: «Насли шуморо мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва тамоми ин заминро, ки дар бораи он сухан рондаам, ба насли шумо хоҳам дод, ва онро ба сурати абадӣ тасарруф хоҳанд намуд»».
  4. Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд.

Доварии Худо.

  1. Ва Мусо тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омад, ва ду лавҳи шаҳодат дар дасташ буд, алвоҳе ки аз ду тарафаш навишта шуда буд: онҳо аз ин тараф ва аз он тараф навишта шуда буд.
  2. Ва ин алвоҳ санъати Худо буд, ва навишта навиштаи Худо буд, ки бар алвоҳ ҳак карда шуда буд.
  3. Ва Еҳушаъ садои қавмро, ки ғавғо мекарданд, шунида, ба Мусо гуфт: «Дар ӯрдугоҳ садои ҷанг аст».
  4. Вале ӯ гуфт: «Ин садои ғулғуладори ғалаба нест, ва садои дилхароши мағлубият нест, балки садои ваҷдро ман мешунавам».
  5. Ва ҳангоме ки ба ӯрдугоҳ наздик омада, гӯсола ва рақсҳоро дид, хашми Мусо аланга зад, ва ӯ алвоҳро аз даст-ҳояш партофт, ва онҳоро зери кӯҳ шикаст.
  6. Ва гӯсоларо, ки сохта буданд, гирифта, дар оташ сӯ-зонид, ва кӯфта, хока гардонид, ва бар рӯи об пошида, банӣ-Исроилро нӯшонид.
  7. Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин қавм ба ту чӣ карда буданд, ки бар онҳо гуноҳи азиме овардӣ?»
  8. Ва Ҳорун гуфт: «Бигзор хашми оғоям аланга назанад; ту ин қавмро мешиносӣ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаанд.
  9. Ва онҳо ба ман гуфтанд: «Барои мо худое бисоз, то ки пешопеши мо равона шавад, зеро ки ин шахс, яъне Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй додааст».
  10. Ва ман ба онҳо гуфтам: «Ҳар кӣ тилло дорад, бикашад». Ва ба ман доданд, ва онро дар оташ андохтам, ва ин гӯсола баромад».
  11. Ва Мусо ин қавмро дид, ки лаҷомгусехта шудаанд, зеро ки Ҳорун онҳоро ба дараҷаи лаҷомгусехтагӣ расонида буд, ба дараҷае ки пеши бадхоҳонашон расво хоҳанд шуд.
  12. Ва Мусо назди дарвозаи ӯрдугоҳ истода, гуфт: «Ҳар кӣ ба тарафи Худованд бошад, назди ман ояд!» Ва ҳамаи писарони Левӣ назди ӯ ҷамъ шуданд.
  13. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: «Ҳар яке шамшери худро бар рони худ бимонед, дар ӯрдугоҳ аз ин дарвоза то он дарвоза гузар кунед ва баргардед, ва ҳар яке бародари худро, ва ҳар яке ёри худро, ва ҳар яке хеши худро бикушед»».
  14. Ва писарони Левӣ мувофиқи амри Мусо амал карданд; ва аз қавм тақрибан се ҳазор нафар фурӯ ғалтиданд.
  15. Ва Мусо гуфт: «Имрӯз шумо дастҳои худро барои Худо-ванд тақдис намудед, зеро ки ҳар яке ба писари худ ва ба бародари худ тааддӣ кардед, то ки имрӯз сазовори баракати Ӯ гардед».

Мусо қавмро аз гуноҳашон тавба дода, барои онҳо шафоат менамояд.

  1. Ва фардои он Мусо ба қавм гуфт: «Шумо гуноҳи азиме кардаед; ва алҳол ман назди Худованд боло мебароям, шояд гуноҳи шуморо кафорат кунонам».
  2. Ва Мусо назди Худованд баргашта, гуфт: «Оҳ, ин қавм гуноҳи азиме карда, худои тиллое барои худ сохтаанд.
  3. Ва алҳол хуб мешавад, ки Ту гуноҳи онҳоро биомурзӣ, вагар на, маро аз китоби Худ, ки навиштаӣ, маҳв намо».
  4. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳар кӣ пеши Ман гуноҳ кардааст, варо аз китоби Худ маҳв хоҳам намуд.
  5. Ва алҳол рафта, ин қавмро ба он ҷое ки ба ту гуфтаам, бибар; инак, фариштаи Ман пешопеши ту хоҳад рафт; вале дар рӯзи ҷазо доданам онҳоро барои ин гуноҳашон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард».
  6. Ва Худованд қавмро барои кирдорашон бо гӯсолае ки Ҳорун сохта буд, бо вабое зарба зад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s