Хуруҷ боби 30

Дар бораи қурбонгоҳи тилло ва тақдим кардани қурбониҳо.

  1. «ВА қурбонгоҳе барои сӯзонидани бухур бисоз; онро аз чӯби ақоқиё бисоз.
  2. Дарозияш як зироъ ва фарохияш як зироъ, яъне му-раббаъ бошад, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш бошад.
  3. Ва онро бо тиллои холис бипӯшон, — бомаш ва девор-ҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд бисоз.
  4. Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бисоз, — бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш бисоз; ва онҳо хонаҳои дастакҳо бошад, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.
  5. Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон.
  6. Ва онро пеши пардае ки назди сандуқи шаҳодат аст, ҷойгир кун, яъне ба рӯи сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат аст, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд.
  7. Ва Ҳорун бухури муаттар бар он хоҳад сӯзонид; ҳар субҳ, вақте ки чароғҳоро ба тартиб меоварад, онро хоҳад сӯзонид.
  8. Ва ҳангоме ки Ҳорун чароғҳоро дар шомгоҳ бармеаф-рӯзад, онро хоҳад сӯзонид; ин бухури доимӣ ба ҳузури Худо-ванд дар наслҳои шумо хоҳад буд.
  9. Ҳеҷ бухури дигаре ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордӣ бар он тақдим накунед; ва ҳадияи рехтанӣ бар он нарезед.
  10. Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».
  11. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  12. «Вақте ки саршумори банӣ-Исроилро бар тибқи онҳое ки дар шумор оварда шудаанд, пайдо мекунӣ, бигзор ҳар кас фидияи ҷони худро, ҳангоми шумурда шуданашон, ба Худованд бидиҳад, то ки ба онҳо, ҳангоми шумурда шуда-нашон, вабое рӯй надиҳад.
  13. Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, бояд ин фидияро бидиҳад: ним сиқл бо сиқли муқаддас*, ки як сиқл аз бист геро иборат аст; ним сиқл ҳадияи Худованд аст.
  14. Хар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, аз синни бистсола ва болотар, бояд ҳадияи Худовандро бидиҳад.
  15. Сарватдор аз ним сиқл зиёд надиҳад, ва камбағал аз он кам надиҳад, вақте ки ҳадияи Худовандро барои кафорати ҷонҳои худ адо мекунед.
  16. Ва нуқраи кафоратро аз банӣ-Исроил бигир, ва онро барои хизмати хаймаи ҷомеъ бидеҳ; ва ин барои банӣ-Исроил ёдгорӣ ба ҳузури Худованд, барои кафорати ҷонҳои шумо хоҳад буд».
  17. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  18. «Ва лагани мисин барои шустушӯ бисоз, ки пояаш ми-син бошад; ва онро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез.
  19. Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он бишӯянд:
  20. Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ меоянд, бо об шустушӯ ку-нанд, то ки намиранд; ё вақте ки барои хизмат кардан ва сӯзонидани қурбонии оташин барои Худованд ба қурбонгоҳ наздик мешаванд,
  21. Бигзор дастҳо ва пойҳои худро бишӯянд, то ки нами-ранд. Ва ин барои онҳо, яъне барои ӯ ва зурьёташ дар наслҳои онҳо, фаризаи абадӣ хоҳад буд».
  22. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  23. «Ва ту атриёти беҳтарине бигир: аз мурри чакида панҷ-сад мисқол, ва аз дорчини хушбӯй ба қадри нисфи он, яъне дусаду панҷоҳ мисқол, ва аз наи атрогин дусаду панҷоҳ мисқол,
  24. Ва пӯсти дарахти хушбӯй панҷсад мисқол, ва равғани зайтун як ҳин.
  25. Ва аз инҳо равғани тадҳини муқаддас бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад; ин равғани тадҳини муқаддас хоҳад буд.
  26. Ва хаймаи ҷомеъ ва сандуқи шаҳодатро бо он тадҳин намо,
  27. Ва мизро бо тамоми колои он, ва чароғдонро бо тамоми колои он, ва қурбонгоҳи бухурро,
  28. Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва лаганро бо пояи он.
  29. Ва онҳоро тақдис намо, ва онҳо қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба онҳо бирасад, муқаддас хоҳад гардид.
  30. Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
  31. Ва ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯ: «Ин барои Ман равғани тадҳини муқаддас дар наслҳои шумо хоҳад буд.
  32. Ва он бар бадани ҳар одам набояд рехта шавад, ва мувофиқи таркибаш чизе мисли он насозед; он муқаддас аст, ва барои шумо муқаддас хоҳад буд.
  33. Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд»».
  34. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ атриёт, чу-нончи: нотоф, шҳелет ва ҳелбано бигир, ва лебӯнои пок* низ, ки вазнаш баробари ин атриёт бошад.
  35. Ва аз онҳо бухур бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад, намакин, пок, муқаддас бошад.
  36. Ва аз он як қадар бикӯб, ва онро пеши сандуқи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд, бимон; ин барои шумо қудси қудсҳо хоҳад буд.
  37. Ва ин бухуре ки ту месозӣ, мувофиқи таркиби он барои худ насозед; бигзор он назди ту барои Худованд муқаддас бошад.
  38. Ҳар кӣ мисли он барои бӯидан бисозад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».

*13. Сиқли муқаддас — ба ду сиқли оддӣ, яъне тақрибан ба 33 грамм тилло ё ба 29 грамм нуқра баробар буд.

*34. Нотоф, шҳелет, ҳелбано, лебӯно — набототи атрогин, ки шираи (чакидаи) онҳо ба кор бурда мешуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s