Хуруҷ боби 3

Даъват шудани Мусо; буттаи фурӯзон.

  1. ВА Мусо рамаи падарарӯси худ Йитрӯ, коҳини Мидь-ёнро мечаронид, ва рамаро ба он тарафи биёбон бурд, ва ба Ҳӯриб, ки кӯҳи Худо бошад, омад.
  2. Ва фариштаи Худованд дар алангаи оташ аз миёни хорбуттае ба вай зоҳир шуд; вай дид, ки инак хорбутта дар оташ фурӯзон аст, валекин хорбутта намесӯзад.
  3. Ва Мусо гуфт: «Наздик омада, ин манзараи аҷоибро бубинам, ки чаро хорбутта намесӯзад».
  4. Ва Худованд дид, ки вай барои дидан наздик меояд, ва Худо аз миёни хорбутта сӯи вай хонда, гуфт: «Мусо, Мусо!» Вай гуфт:  «Лаббай!»
  5. Ва Ӯ гуфт: «Ба ин ҷо наздик наой; кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро маконе ки ту дар он истодаӣ, замини муқаддас аст».
  6. Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пушо-нид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.
  7. Ва Худованд гуфт: «Мазаллати қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шу-нидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам.
  8. Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, яъне ба макони канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва хиввиён, ва ябусиён.
  9. Ва алҳол, инак истиғосаи банӣ-Исроил сӯи Ман раси-дааст; ва низ зулмеро, ки мисриён ба онҳо мекунанд, дидаам.
  10. Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман — банӣ-Исроилро аз Миср берун оварӣ».
  11. Ва Мусо ба Худо гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ-Исроилро аз Миср берун оварам?»
  12. Ва Ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ин аст аломати он ки Ман туро фиристодаам: вақте ки қавмро аз Миср берун оварӣ, Худоро бар ин кӯҳ ибодат хоҳед кард».

Худованд исми Худро эълон менамояд.

  1. Ва Мусо ба Худо гуфт: «Инак, ман назди банӣ-Исроил омада, ба онҳо  мегӯям:  «Худои падаронатон  маро  назди шумо фиристодааст». Ва онҳо ба ман хоҳанд гуфт:  «Исми Ӯ чист?» Ба онҳо чӣ гӯям?»
  2. Ва Худо ба Мусо гуфт: «Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам». Ва гуфт: «Ба банӣ-Исроил чунин бигӯ: «Воҷибулвучуд маро назди шумо фиристод»».

Хизмати Мусо.

  1. Ва Худо боз ба Мусо гуфт: «Ба банӣ-Исроил чунин бигӯ: «Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод». Ин аст исми Ман то абад, ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл.
  2. Бирав, ва пирони Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо бигӯ: «Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ба ман зоҳир шуда, гуфт: Ман шуморо тафаққуд намудаам, ва он чиро, ки дар ҳаққи шумо дар Миср ба амал оварда мешавад, дидаам.
  3. Ва гуфтаам: шуморо аз азобу уқубати Миср ба за-мини канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳам баровард, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист».
  4. Ва ба овози ту гӯш хоҳанд дод; ва ту ва пирони Исроил назди подшоҳи Миср рафта, ба вай хоҳед гуфт: «Худованд Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; ва алҳол мо серӯза роҳ ба биёбон хоҳем рафт, то ки барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем».
  5. Ва Ман медонам, ки подшоҳи Миср ба рафтани шу-мо изн нахохад дод, магар ин ки дасти қавӣ ӯро маҷбур кунад.
  6. Ва дасти Худро ёзонида, Мисрро бо тамоми мӯъҷи-зоти Худ, ки андаруни он ба амал меоварам, зарба хоҳам зад; ва баъд аз он вай шуморо равона хоҳад кард.
  7. Ва ин  қавмро  дар  назари  мисриён  мӯътабар хоҳам гардонид;  ва ҳангоме ки биравед, тиҳидаст нахоҳед рафт, 22. Балки ҳар зан аз ҳамсояи худ ва аз сокинаи хонаи худ колои нуқра ва колои тилло ва либос хоҳад пурсид; ва ба писарон ва духтарони худ хоҳед пӯшонид, ва мисри-ёнро тороҷ хоҳед кард».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s