Хуруҷ боби 28

Дар бораи каҳонат умуман.

  1. «ВА ту бародарат Ҳорун ва писаронашро бо вай, аз миёни банӣ-Исроил, ба худ муқарраб бикун, то ки вай ба Ман каҳонат намояд: Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун.
  2. Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.
  3. Ва ту ба ҳамаи донодилон, ки Ман дили онҳоро аз рӯҳи ҳикмат пур сохтаам, сухан бирон, ки либосҳои Ҳорунро барои тақдис кардани вай бисозанд, то ки вай ба Ман ка-ҳонат намояд.

Дар бораи либосҳои коҳинон.

  1. Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камар-банд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;
  2. Ва онҳо тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозукро бигиранд,
  3. Ва эфӯдро аз тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо бофти санъаткорона бисозанд.
  4. Ду китфпӯшаки пайвандшавандае бар ду канори он бояд бошад, то ки он пайваст шавад.
  5. Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он аст, бояд бо ҳамон санъат, аз худи он, яъне аз лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бошад.
  6. Ва ду санги ҷазъ бигир, ва номҳои банӣ-Исроилро бар онҳо ҳак намо.
  7. Шаш номи онҳоро бар як санг, ва шаш номи боқии онҳоро бар санги дигар, мувофиқи таваллудашон.
  8. Бо санъати ҳаккоки санг, мисли ҳакки мӯҳр, номҳои банӣ-Исроилро бар ду санг ҳак намо; онҳоро дар нигинхона-ҳои тилло бинишон.
  9. Ва ин ду сангро бар китфпӯшакҳои эфӯд ҷойгир намо, ки сангҳои ёдгорӣ барои банӣ-Исроил бошад; ва бигзор Ҳо-рун номҳои онҳоро ба ҳузури Худованд бар ду китфи худ барои ёдгорӣ бардорад.
  10. Ва нигинхонаҳо аз тилло бисоз,
  11. Ва ду занҷир аз тиллои холис; онҳоро ба шакли та-нобе, бо санъати бофти морпеч бисоз; ва занҷирҳои морпечро ба нигинхонаҳо андармон бикун.
  12. Ва синабанди довариро бо бофти санъаткорона бисоз, бо ҳамон санъате ки эфӯдро бофтаӣ, яъне онро аз тилло, лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз.
  13. Он бояд мураббаъ, дуқабата, дарозияш як ваҷаб ва фарохияш як ваҷаб бошад.
  14. Ва андарунаш сангҳои нигинхонадор, чор қатор санг бинишон: қатори иборат аз лаъл, ёқути зард ва зумуррад, ки ин қатори якум аст;
  15. Ва қатори дуюм — баҳрамон, ёқути кабуд ва алмос;
  16. Ва қатори сеюм — ёқути тар, ақиқи сӯхта ва ҷамаст;
  17. Ва қатори чорум — забарҷад, ҷазъ ва яшм; онҳо бояд бо нигинхонаҳои тилло нишонида шавад.
  18. Ва ин сангҳо бояд бо номҳои банӣ-Исроил, яъне ду-воздаҳ адад бо номҳои онҳо бошад; мисли ҳакки мӯҳр, барои дувоздаҳ сибт, ки ҳар яке ба номи худаш бояд бошад.
  19. Ва барои синабанд занҷирҳо ба шакли танобе бо санъа-ти бофти морпеч аз тиллои холис бисоз.
  20. Ва барои синабанд ду ҳалқаи тилло бисоз, ва ин ду ҳалқаро ба ду канори синабанд андармон бикун.
  21. Ва он ду занҷири морпечро ба ин ду ҳалқа бар канорҳои синабанд андармон бикун.
  22. Ва ду сари дигари ду занҷири морпечро ба ду нигин-хона пайванд намуда, бар китфпӯшакҳои эфӯд ба тарафи абраи он андармон бикун.
  23. Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду канори синабанд, ба он лабаш, ки ба тарафи астари эфӯд аст, андар-мон бикун.
  24. Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду китфпӯ-шаки эфӯд аз поён, аз тарафи абраи он, назди пайвандшавии он, аз болои тасмаи эфӯд андармон бикун.
  25. Ва бигзор синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риштаи лоҷвард банд кунанд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад.
  26. Ва Ҳорун номҳои банӣ-Исроилро дар синабанди доварӣ бар дили худ, ҳангоме ки ба қудс медарояд, барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд доимо хоҳад бардошт.
  27. Ва урим ва туммимро* дар синабанди доварӣ бимон, то ки бар дили Ҳорун, ҳангоме ки ба ҳузури Худованд меда-рояд, бошад; ва бигзор Ҳорун мубашшири доварии банӣ-Исроилро бар дили худ ба ҳузури Худованд доимо бардорад.

Дар бораи ридои эфӯд ва лавҳа.

  1. Ва ридои эфӯдро комилан аз лоҷвард бисоз.
  2. Ва бигзор чоке барои даровардани сар дар миёнаи он бошад; лаблӯлае гирдогирди чокаш бо санъати бофтагарӣ бошад, яъне мисли гиребони ҷавшан бошад, то ки надаррад.
  3. Ва дар лаби доманаш анорҳо аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз бисоз, ки гирдогирди домани он бошад; ва зангӯ-лачаҳои тилло дар миёни онҳо гирдогирд бошад.
  4. Зангӯлачаи тилло ва аноре, зангӯлачаи тилло ва аноре дар лаби домани ридо гирдогирд бошад.
  5. Ва он бар тани Ҳорун ҳангоми хизматгузорияш хоҳад буд, ва садои он, ҳангоме ки ӯ ба қудс ба ҳузури Худованд медарояд, ва ҳангоме ки мебарояд, шунида хоҳад шуд, то ки ӯ намирад.
  6. Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: «Муқаддас аст барои Худованд».
  7. Ва онро бо риштаи лоҷвард ба аммома бибанд, то ки ба тарафи пеши аммома бошад.
  8. Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ-Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.
  9. Ва пероҳани катакчадоре аз катони нозук бибоф, ва аммомае аз катони нозук бисоз; ва камарбанде бо санъати гулдӯзӣ бисоз.
  10. Ва барои писарони Ҳорун пероҳанҳо бисоз, ва барои онҳо камарбандҳо бисоз; ва кулоҳҳо барояшон аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.
  11. Ва бо онҳо бародарат Ҳорун ва писаронашро ҳамроҳи ӯ ороста намо, ва онҳоро тадҳин бикун, ва онҳоро баргумор ва тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.
  12. Ва ба онҳо эзорҳои катон барои пӯшонидани аврата-шон бисоз, ки аз камар то зону бирасад;
  13. Ва бигзор бар Ҳорун ва писаронаш бошад, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешаванд, ё ки барои хизмати қудс ба қурбонгоҳ наздик меоянд, мабодо гирифтори гуноҳ гар-дида, бимиранд; ин фаризаи абадист барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ».

*30. Урим ва туммим — сангҳои қуръа бар сари синаи саркоҳин, ки яке ҷавоби мусбӣ ва дигаре ҷавоби манфиро оид ба ягон масъалаи муҳимми ҳалталаб мефаҳмонд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s