Хуруҷ боби 27

Дар бораи қурбонгоҳи мисин.

  1. «ВА қурбонгоҳе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне қурбонгоҳи му-раббаъ бошад; ва қадаш се зироъ.
  2. Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он бисоз, ба тавре ки шохҳояш аз худи он бошад; ва онро бо мис бипӯшон.
  3. Ва тосҳояшро барои баровардани хокистараш, ва хо-кандозҳояш ва косаҳояш ва чанголҳояш ва маҷмарҳояшро бисоз; тамоми колояшро аз мис бисоз.
  4. Ва барояш панҷарае аз мис ба сурати шабака бисоз, ва бар он шабака чор ҳалқаи мисин, бар чор гӯшааш, бисоз.
  5. Ва онро зери канораи қурбонгоҳ аз поён бимон, ба тавре ки шабака то нисфи қурбонгоҳ бошад.
  6. Ва дастакҳо барои қурбонгоҳ бисоз, дастакҳо аз чӯби ақоқиё бошад, ва онҳоро бо мис бипӯшон.
  7. Ва дастакҳояшро ба ҳалқаҳо бигзаронанд; ва дастакҳо дар ҳар ду паҳлуи қурбонгоҳ бошад, вақте ки онро бардоранд.
  8. Онро аз тахтаҳо дарунхолӣ бисоз; бигзор ончунон, ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозанд.

Дар бораи саҳни маскан.

  1. Ва саҳни масканро бисоз; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳо барои саҳн аз катони нозуки дутоба бошад, дарозии онҳо ба як тараф сад зироъ бошад.
  2. Ва сутунҳояш бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра бошад.
  3. Ва ҳамчунин ба дарозии тарафи шимолӣ пардаҳо сад зироъ дарозӣ дошта бошад, ва сутунҳои он бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра бошад.
  4. Ва ба фарохии саҳн ба тарафи ғарбӣ пардаҳо панҷоҳ зироъ бошад; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад.
  5. Ва фарохии саҳн ба тарафи офтоббарои шарқӣ панҷоҳ зироъ бошад.
  6. Ва пардаҳои як паҳлуи дарвоза понздаҳ зироъ; сутун-ҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.
  7. Ва пардаҳои паҳлуи дигари он понздаҳ зироъ; сутун-ҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.

Дар бораи пардаи дарвозаи саҳн.

  1. Ва барои дарвозаи саҳн бист зироъ парда аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бошад; сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад.
  2. Ҳамаи сутунҳои саҳн гирдогирд бо бандҳои нуқрагин пайваст буда, илмакҳошон аз нуқра, ва пояҳошон аз мис бошад.
  3. Дарозии саҳн сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ дар муқобили панҷоҳ зироъ, ва қадаш панҷ зироъ, ва парда-ҳояш аз катони нозуки дутоба, ва пояҳои сутунҳояш аз мис бошад.
  4. Тамоми колои маскан барои ҳар хизматаш, ва ҳамаи мехҳояш ва ҳамаи мехҳои саҳн аз мис бошад.

Дар   бораи  равғани   зайтуни   зулол   барои  рӯшноӣ.

  1. Ва ту ба банӣ-Исроил амр фармо, ки равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ назди ту биёранд, то ки чароғҳо доимо афрӯхта шавад.
  2. Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ-Исроил хоҳад буд».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s