Хуруҷ боби 2

Таваллуди Мусои раҳокунанда.

  1. ВА касе аз хонадони Левӣ рафта, духтари левизо-даро ба занӣ гирифт.
  2. Ва он зан ҳомила шуда, писаре зоид; ва чун ӯро дид, ки зеботалъат аст, ӯро се моҳ пинҳон дошт.
  3. Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.
  4. Ва хоҳари ӯ аз дур истод, то бидонад, ки ҳоли ӯ чӣ мешавад.
  5. Ва духтари фиръавн барои шустушӯй ба наҳр фурӯд омад, ва канизонаш дар соҳили наҳр мегаштанд; вай сабадро андаруни қамишзор дида, канизи худро фиристод, то ки онро бигирад.
  6. Ва онро кушода, бачаро дид, ва инак, кӯдак гирья мекард; ва раҳмаш ба ӯ омада, гуфт: «Ин аз бачаҳои ибриён аст».
  7. Ва хоҳари ӯ ба духтари фиръавн гуфт: «Оё  рафта, зани ширдореро аз занони ибриён назди ту бихонам, то ки бачаро барои ту шир диҳад?»
  8. Ва духтари фиръавн ба вай гуфт: «Бирав».   Ва  он дӯшиза рафта, модари бачаро хонд.
  9. Ва духтари фиръавн ба ӯ гуфт: «Ин бачаро бибар, ва ӯро барои ман бимакон, ва ман муздатро хоҳам дод». Ва он зан бачаро гирифта, маконид.
  10. Ва бача калон шуд, ва ӯро ба духтари фиръавн овард, ва ӯ барои вай писар шуд; ва ӯро Мусо ном монда, гуфт: «Зеро ки ӯро аз даруни об баровардаам».

Мусо ба қавми худ амин аст.

  1. Ва дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Мусо калон шуда, назди бародарони худ берун омад, ва корҳои сахти онҳоро мушоҳида намуд; ва марди мисриеро дид, ки марди ибриро, ки аз бародарони ӯ буд, мезанад.
  2. Ва ба ҳар тараф назар андохт, ва чун дид, ки касе нест, он мисриро кушта, дар рег пинҳон кард.
  3. Ва рӯзи дигар берун омад, ва инак, ду марди ибрӣ ҷидол мекунанд,  ва  ӯ ба шарир гуфт:  «Чаро ёри худро мезанӣ?»
  4. Вай гуфт: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст? Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» Ва Мусо тарсид ва дар дили худ гуфт: «Яқин аст, ки он ҳодиса маълум  шудааст».

Гурехтани Мусо ва зан гирифтанаш.

  1. Ва фиръавн ин ҳодисаро шунида, мехост Мусоро ба қатл расонад; ва Мусо аз пеши фиръавн гурехта, дар за-мини Мидьён маскан гирифт, ва назди чоҳе биншаст.
  2. Ва коҳини Мидьён ҳафт духтар дошт; ва онҳо омаданд, ва об кашида, тағораҳоро пур карданд, то ки рамаи падари худро об диҳанд.
  3. Ва чӯпонон омада,   онҳоро  ҳай  карданд;   ва   Мусо бархоста, онҳоро муҳофизат намуд, ва рамаи онҳоро об дод.
  4. Ва онҳо назди падари худ Рауил омаданд; ва ӯ гуфт: «Чӣ тавр шумо имрӯз бо зудӣ омадед?»
  5. Ва онҳо гуфтанд: «Марди мисрие моро аз дасти чӯпонон раҳо кард, ва низ барои мо об кашида, рамаро об дод».
  6. Ва ӯ ба духтаронаш гуфт: «Пас, вай куҷост? Чаро он мардро тарк кардед? Варо бихонед, то ки нон хӯрад».
  7. Ва Мусо розӣ шуд, ки назди он мард маскан гирад; ва ӯ духтари худ Сифӯраро ба Мусо дод.
  8. Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар  замини бегона ғариб будам».
  9. Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ-Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.
  10. Ва Худо нолаи онҳоро шунид, ва Худо аҳди Худро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба ёд овард.
  11. Ва Худо ба ҳоли банӣ-Исроил назар андохт, ва Худо ғамхорӣ намуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s