Хуруҷ боби 16

Гуруснагӣ.

  1. ВА аз Элим равона шуданд, ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар рӯзи понздаҳуми моҳи дуюм, баъд аз берун ома-данашон аз замини Миср, ба биёбони Син, ки дар миёни Элим ва Сино воқеъ аст, расиданд.
  2. Ва тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар биёбон аз Мусо ва Ҳорун шикоят карданд.
  3. Ва банӣ-Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гу-руснагӣ бикушед».
  4. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, Ман барои шумо нон аз осмон меборонам, ва бигзор қавм берун омада, ризқи ҳаррӯзаро ҷамъ кунанд, то онҳоро имтиҳон намоям, ки оё мувофиқи шариати Ман рафтор мекунанд, ё не.
  5. Ва дар рӯзи шашум чунин воқеъ хоҳад шуд, ки дар вақти тайёр кардани он чи чида овардаанд, назар ба миқдоре ки ҳар рӯз мечиданд, дучандон хоҳад буд».
  6. Ва Мусо ва Ҳорун ба тамоми банӣ-Исроил гуфтанд: «Шомгоҳон хоҳед донист, ки Худованд шуморо аз замини Миср берун овардааст;
  7. Ва бомдодон ҷалоли Худовандро хоҳед дид, зеро ки Ӯ шикоятеро, ки шумо аз Худованд кардаед, шунидааст; ва мо чистем, ки аз мо шикоят мекунед?»
  8. Ва Мусо гуфт: «Пас, Худованд барои шумо шомгоҳон гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред, ва бомдодон нони серона; зеро Худованд шикоятҳои шуморо, ки аз Ӯ кардаед, шуни-дааст; ва мо чистем? Шикоятҳои шумо на аз мо, балки аз Худованд аст».
  9. Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба тамоми ҷамоати банӣ-Исроил бигӯ: «Ба ҳузури Худованд наздик оед, зеро ки Ӯ шикоятҳои шуморо шунидааст»».
  10. Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҳорун ба тамоми ҷамоати банӣ-Исроил сухан меронд, онҳо сӯи биёбон рӯй гардони-данд, ва инак, ҷалоли Худованд дар абр зоҳир шуд.
  11. Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  12. «Ман шикоятҳои банӣ-Исроилро шунидаам; ба онҳо сухан ронда, бигӯ: «Шомгоҳон гӯшт хоҳед хӯрд, ва бомдодон аз нон сер хоҳед шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам»».
  13. Ва шомгоҳон чунин воқеъ шуд, ки бедонаҳо пайдо шуда, ӯрдугоҳро пӯшонид; ва бомдодон як қабат шабнам гирдогирди ӯрдугоҳ нишаст.

Манн тимсоли Масеҳ.

  1. Ва ҳангоме ки қабати шабнам нопадид шуд, инак, бар рӯи биёбон чизи резаи лӯнда-лӯндае, резгие мисли яхча бар замин хобидааст.
  2. Ва банӣ-Исроил онро диданд, ва ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?» Зеро намедонистанд, ки он чист. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Ин нон аст, ки Худованд ба шумо додааст, то ки бихӯред.
  3. Ин аст амре ки Худованд фармудааст: ҳар кас аз он ба андозаи хӯрданаш бигирад, яъне як ӯмар барои ҳар сар, мувофиқи шумораи нуфуси шумо; ҳар яке барои касоне ки дар хаймаи вай ҳастанд, бигиред».
  4. Ва банӣ-Исроил чунин карданд, ва баъзе бисьёр ва баъзе кам чида гирифтанд.
  5. Ва ҳангоме ки бо ӯмар чен карданд, он ки бисьёр чида буд, зиёдатӣ надошт, ва он ки кам чида буд, камӣ надошт: ҳар яке ба андозаи хӯрданаш чида буд.
  6. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Касе аз он то субҳ боқӣ нагузорад».
  7. Вале онҳо ба Мусо гӯш надоданд, ва баъзе касон аз он то субҳ боқӣ гузоштанд, ва он кирм карда, бӯй гирифт; ва Мусо бар онҳо хашмгин шуд.
  8. Ва онро ҳар субҳ, ҳар яке ба андозаи хӯрдани худ, мечиданд; ва ҳамин ки офтоб гарм мекард, вай об мешуд.
  9. Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи шашум дучандон нон чиданд, яъне ду ӯмар барои ҳар одам; ва ҳамаи сардорони ҷамоат омада, ба Мусо хабар доданд.

Қарордод   дар  бораи  шанбе;  тимсоли  оромии  абадӣ.

  1. Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ин аст он чи Худованд гуфтааст: фардо оромӣ, шанбеи муқаддаси Худованд аст, он чи пухтан хоҳед — бипазед, ва он чи ҷӯшонидан хоҳед — биҷӯшонед, ва ҳар он чи зиёдатӣ кунад, барои худ саришта карда то субҳ нигоҳ доред».
  2. Ва онро то субҳ нигоҳ доштанд, чунон ки Мусо амр фармуда буд; ва он бӯй нагирифт, ва кирм ҳам дар он пайдо нашуд.
  3. Ва Мусо гуфт: «Имрӯз онро бихӯред, зеро ки имрӯз шанбеи Худованд аст; имрӯз онро дар саҳро нахохед ёфт.
  4. Шаш рӯз онро бичинед, ва рӯзи ҳафтум шанбест; он дар ин рӯз нахоҳад буд».
  5. Ва чунин воқеъ шуд, ки баъзе аз қавм барои чидан баромаданд, вале наёфтанд.
  6. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «То ба кай аз риоя карда-ни аҳком ва дастуроти Ман гардан мекашед?
  7. Бубинед, ки Худованд шанберо ба шумо бахшидааст, бинобар ин Ӯ дар рӯзи шашум нони дурӯзаро ба шумо ме-диҳад; пас, ҳар яке дар ҷои худ биншинед, ҳеҷ кас дар рӯзи ҳафтум аз маконаш берун наравад!»
  8. Ва қавм дар рӯзи ҳафтум ором гирифтанд.
  9. Ва хонадони Исроил онро манн номиданд; ва он ба тухми кашниҷ монанд буда, ранги сафед дошт, ва таъмаш мисли кулчаи асалин буд.
  10. Ва Мусо гуфт: «Ин аст амре ки Худованд фармудааст: «Ӯмаре аз он пур кунед, барои он ки дар наслҳои шумо нигоҳ дошта шавад, то нонеро бубинанд, ки дар биёбон шуморо аз он хӯронида будам, вақте ки шуморо аз замини Миср берун овардам»».
  11. Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Зарфе бигир, ва ӯмари пур аз маннро дар он бимон, ва онро ба ҳузури Худованд бигузор, то ки барои наслҳои шумо нигоҳ дошта шавад».
  12. Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуд, ончунон Ҳорун онро пеши алвоҳи шаҳодат гузошт, то ки нигоҳ дошта шавад.
  13. Ва банӣ-Исроил чил сол манн хӯрданд, то вақте ки ба замини маскун расиданд, яъне то вақте ки ба ҳудуди за-мини Канъон қадам монданд, манн хӯрданд.
  14. Ва ӯмар даҳьяки эфа мебошад.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s