Хуруҷ боби 15

Халосии қатъӣ аз асорат. Мадҳияи Мусо.

  1. ОН гоҳ Мусо ва банӣ-Исроил ин сурудро барои Худованд суруданд, ва чунин гуфтанд: «Барои Худованд месароям, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст; асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт.
  2. Худованд қувват ва ҳамду санои ман аст, ва Ӯ наҷоти ман шуд. Ӯ Худои ман аст, ва Ӯро ситоиш менамоям; Ӯ Худои падари ман аст, ва «Ӯро болобардор мекунам.
  3. Худованд марди ҷангист. Исми Ӯ Худованд аст.
  4. Аробаҳои фиръавн ва лашкари варо дар баҳр вожгун сохт, ва саркардаҳои гузини вай дар баҳри Қулзум ғарқ шуданд.
  5. Вартаҳо онҳоро пӯшонид, мисли санге дар қаърҳо фурӯ рафтанд.
  6. Ямини Ту, эй Худованд, бо қувват ҷалол ёфтааст. Ямини Ту, эй Худованд, душманро торумор мекунад.
  7. Ва бо афзунии кибриёи Худ мухолифонатро шикаст медиҳӣ, ғазаби Худро мефиристӣ, — вай онҳоро мисли хошоке месӯзонад.
  8. Аз вазидани боди ғазаби Ту обҳо фароҳам омад. ҷараёнҳо мисли хоктӯдае биистод, вартаҳо андаруни баҳр шах шуда монд.
  9. Душман гуфт: «Таъқиб менамоям, расида мегирам, ғаниматро тақсим мекунам, ҷонам аз онҳо сер мешавад, шамшери худро мекашам, дасти ман онҳоро маҳв менамояд».
  10. Ҳамин ки боди Худро вазонидӣ, баҳр онҳоро пӯшонид: онҳо мисли қӯрғошим, дар обҳои азим фурӯ рафтанд.
  11. Кист мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён? Кист мисли Ту азимулқадр дар қудсият? Ту аз ҳар мадҳ болотарӣ, эй Офаридагори мӯъҷизот!
  12. Ҳамин ки ямини Худро дароз кардӣ, замин онҳоро фурӯ бурд.
  13. Қавмеро, ки раҳо кардӣ, бо марҳамати Худ ҳидоят менамоӣ: бо қуввати Худ онҳоро сӯи маскани қудси Худ мебарӣ.
  14. Қавмҳо шунида, ба изтироб омаданд; сокинони фалиштиро ларза фаро гирифт.
  15. Он гоҳ мирони Адӯм ҳаросон шуданд, пешвоёни Мӯобро ларза фаро гирифт; ҳамаи сокинони Канъон пажмурдадил шуданд.
  16. Тарсу ҳарос онҳоро фаро хоҳад гирифт, аз бузургии бозуи Ту мисли санге лол хоҳанд шуд, то даме ки қавми Ту, эй Худованд, убур намоянд, то даме ки қавми раҳокардаи Ту убур намоянд.
  17. Онҳоро оварда, бар кӯҳи мероси Худ хоҳӣ шинонид, ба маконе ки Ту, эй Худованд, маскани Худ гардонидаӣ, ба қудсе ки дастҳои Ту, эй Худованд, барпо намудааст.
  18. Худованд то абад салтанат хоҳад ронд!»
  19. Вақте ки аспони фиръавн бо аробаҳо ва саворонаш ба баҳр дохил шуданд, Худованд обҳои баҳрро бар онҳо баргар-донид; ва банӣ-Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шуданд.
  20. Ва Марьями набия, хоҳари Ҳорун, дафро ба дасти худ гирифт, ва ҳамаи занон аз қафои вай дафзанон ва рақскунон берун омаданд.
  21. Ва Марьям сурудхонон ба онҳо гуфт: «Барои Худованд бисароед, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст, асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт».

Исроил дар биёбон; оби талх ширин гардонида шуд.

  1. Ва Мусо Исроилро аз канори баҳри Қулзум бурд, ва онҳо ба биёбони Шур баромаданд; ва се рӯз дар биёбон роҳ паймуданд, вале обе пайдо накарданд.
  2. Ва ба Мора расиданд, ва аз оби Мора натавонистанд нӯшанд, зеро ки он талх буд; бинобар ин он Мора* номида шудааст.
  3. Ва қавм аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чӣ бинӯ-шем?»
  4. Ва ӯ сӯи Худованд нола кард, ва Худованд дарахтеро ба ӯ нишон дод, ва ӯ онро ба об андохт, ва об ширин шуд; дар он ҷо ӯ барои онҳо фариза ва шариат муқаррар намуд, ва дар он ҷо онҳоро имтиҳон кард.
  5. Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишна-вӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахо-ҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».
  6. Ва ба Элим омаданд, ва дар он ҷо дувоздаҳ чашмаи об ва ҳафтод дарахти хурмо буд; ва дар он ҷо назди об ӯрду заданд.

*23. Талх.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s