Хуруҷ боби 14

Ба ҳалокат расидани мисриён дар баҳри Қулзум. Сафар дар биёбон.

  1. ВА Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
  2. «Ба банӣ-Исроил бигӯ, ки тоб хӯрда, пеши Фӣ-Ҳаҳирӯт, дар миёни Миҷдӯл ва баҳр, пеши Баал-Сафӯн ӯрду зананд; дар рӯ ба рӯи он назди баҳр ӯрду занед.
  3. Ва фиръавн дар бораи банӣ-Исроил хоҳад гуфт: «Онҳо дар ин замин саргум шудаанд, биёбон онҳоро бандубаст кар-дааст».
  4. Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам». Ва чунин карданд.
  5. Ва ба подшоҳи Миср хабар расид, ки қавм рӯ ба гурез овардаанд; ва дили фиръавн ва навкаронаш нисбат ба қавм дигаргун шуд, ва онҳо гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки мо кар-дем? Чаро банӣ-Исроилро равона кардем, то ки дигар барои мо меҳнат накунанд?»
  6. Ва аробаи худро тайёр кард, ва қавми худро бо худ гирифт.
  7. Ва шашсад аробаи гузинро гирифт, ва ҳамаи аробаҳои Мисрро, ки бар ҳамаашон саркардаҳо буданд.
  8. Ва Худованд дили фиръавн, подшоҳи Мисрро сахт кард, ва вай банӣ-Исроилро таъқиб намуд; ва банӣ-Исроил бо дасти баланд мерафтанд.
  9. Ва мисриён бо ҳамаи аспон ва аробаҳои фиръавн ва саворонаш ва лашкараш онҳоро таъқиб намуда, ба онҳо ра-сида гирифтанд, дар сурате ки онҳо назди баҳр, дар Фӣ-Ҳаҳирӯт, пеши Баал-Сафӯн ӯрду зада буданд.
  10. Ва фиръавн наздик омад, ва банӣ-Исроил чашмони худро боло карда диданд, ки инак, мисриён аз қафои онҳо меоянд, ва бағоят ҳаросон шуданд; ва банӣ-Исроил сӯи Ху-дованд нола карданд.
  11. Ва ба Мусо гуфтанд: «Оё дар Миср қабрҳо набуд, ки моро овардӣ, то дар биёбон бимирем? Ин чист ба мо кардӣ, ки моро аз Миср берун овардӣ?
  12. Ин, охир, ҳамон чизест, ки мо ба ту дар Миср сухан ронда, гуфта будем: «Моро бимон, то ки барои мисриён меҳ-нат кунем». Зеро меҳнати мисриён барои мо беҳтар аст аз он ки дар биёбон бимирем».
  13. Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид.
  14. Худованд барои шумо ҷанг хоҳад кард, ва шумо хомӯш бошед».
  15. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Чаро сӯи Ман нола ме-кунӣ? Ба банӣ-Исроил бигӯ, ки равона шаванд.
  16. Ва ту асои худро баланд бардор, ва дасти худро бар баҳр дароз карда, онро аз ҳам, ҷудо кун, то ки банӣ-Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ бигзаранд.
  17. Ва Ман, инак, дили мисриёнро сахт мекунам, то ки аз қафои онҳо бираванд; ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш, ба воситаи аробаҳо ва саворонаш зоҳир хоҳам сохт,
  18. Ва мисриён хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн, ба воситаи аро-баҳо ва саворонаш зоҳир созам».
  19. Ва фариштаи Худо, ки пешопеши ӯрдуи Исроил ме-рафт, ба ҳаракат омада, аз қафои онҳо равона шуд; ва сутуни абр аз пеши онҳо ҳаракат карда, дар қафояшон истод;
  20. Ва дар миёни ӯрдуи мисриён ва ӯрдуи исроилиён ҷойгир шуда, барои он ӯрду абр ва торикӣ гардид, ва барои ин ӯрду шабро равшан кард, ва тамоми шаб онҳо ба якдигар наздик нашуданд.
  21. Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте тамоми шаб ба ҳаракат даро-вард, ва баҳрро хушк гардонид, ва обҳо аз ҳам ҷудо шуд.
  22. Ва банӣ-Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шу- данд, ва обҳо барои онҳо аз тарафи рост ва аз тарафи чап девор буд.
  23. Ва мисриён бо ҳамаи аспони фиръавн, бо аробаҳо ва саворонаш, таъқибкунон аз қафои онҳо андаруни баҳр даро-маданд.
  24. Ва дар поси саҳарӣ чунин воқеъ шуд, ки Худованд аз даруни сутуни оташ ва абр бар ӯрдуи мисриён назар ан-дохт, ва ӯрдуи мисриёнро ба изтироб овард.
  25. Ва чархҳои аробаҳошонро баровард, ба тавре ки онҳо базӯр ҳаракат мекарданд. Ва мисриён гуфтанд: «Аз пеши исроилиён бигрезем, зеро ки Худованд барои онҳо бо мисриён ҷанг мекунад».
  26. Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар баҳр дароз кун, то ки обҳо бар мисриён, ба аробаҳо ва саворони онҳо баргардад».
  27. Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва баҳр ҳангоми дамидани субҳ ба маҷрои худ баргашт, ва мисриён ба пешвози он медавиданд; ва Худованд мисриёнро андаруни баҳр вожгун сохт.
  28. Ва обҳо баргашта, аробаҳо ва саворон ва тамоми лашка-ри фиръавнро, ки аз қафои онҳо дар баҳр меомаданд, пӯшо-нид; аз онҳо як нафар ҳам боқӣ намонд.
  29. Ва банӣ-Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шу-данд, ва обҳо барояшон аз тарафи рост ва аз тарафи чап девор буд.
  30. Ва Худованд дар он рӯз Исроилро аз дасти мисриён раҳо кард; ва исроилиён мисриёнро дар соҳили баҳр мурда диданд.
  31. Ва чун исроилиён он қудрати бузургро, ки Худованд бар мисриён зоҳир сохт, диданд, қавм аз Худованд тарси-данд, ва ба Худованд ва ба бандаи Ӯ Мусо имон оварданд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s