Хуруҷ боби 1

Исроил дар Миср.

  1. ВА ин аст номҳои банӣ-Исроил, ки ба Миср омаданд, ҳар яке бо аҳли байти худ ҳамроҳи Яъқуб омаданд.
  2. Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо,
  3. Иссокор, Забулун ва Биньёмин,
  4. Дон ва Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.
  5. Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд ома данд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.
  6. Ва Юсуф ва ҳамаи бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.

Зери юғи сахти ғуломӣ.

  1. Ва банӣ-Исроил борвар шуданд ва афзоиш ёфтанд, ва сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд; ва замин аз онҳо пур шуд.
  2. Ва подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро наме шинохт,
  3. Ва ба қавми худ гуфт: «Инак,  қавми  банӣ-Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.
  4. Биеёд, ба зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагар на, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт».
  5. Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин кар данд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо — Фитум ва Раамсисро бино карданд.
  6. Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегарди данд, ба тавре ки мисриён аз банӣ-Исроил бим доштанд,
  7. Ва банӣ-Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд
  8. Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.
  9. Ва подшоҳи Миср ба дояҳои ибрӣ, ки номи яке Шифро ва номи дигаре Фуо буд, амр фармуда,
  10. Гуфт: «Вақте ки занони ибриро мезоёнед, ба сангҳои зоёниш нигоҳ кунед:  агар писар бошад, ӯро бикушед, ва агар духтар бошад, — бигзор зинда монад».
  11. Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки под-шоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.
  12. Ва подшоҳи  Миср   дояҳоро  хонда, ба  онҳо   гуфт: «Чаро ин корро кардед, ва писаронро зинда гузоштед?»
  13. Ва дояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ, охир, мисли занони мисрӣ нестанд, балки бақувватанд, ва пеш аз он ки доя назди онҳо биёяд, мезоянд».
  14. Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.
  15. Ва азбаски дояҳо аз Худо тарсиданд, Ӯ барояшон аҳли байт ба вуҷуд овард.
  16. Ва фиръавн ба тамоми қавми худ амр фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба наҳр андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s