Ҳастӣ боби 33

Вохӯрии Яъқуб бо Эсов.

  1. ВА Яъқуб чашм андохта, дид, ки инак, Эсов меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст. Ва бачаҳоро ба Леё ва Роҳел ва ду каниз тақсим кард.
  2. Ва канизонро бо бачаҳошон пеш гузошт, ва Леёро бо бачаҳояш дар ақиби онҳо, ва Роҳелро бо Юсуф дар охир.
  3. Ва худаш пешопеши онҳо рафт, ва ҳафт маротиба то замин саҷда кард, то ки ба бародари худ расид.
  4. Ва Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд.
  5. Ва Эсов чашм андохта, занону бачагонро дид, ва гуфт: «Инҳо ба ту кистанд?» Гуфт: «Фарзандоне ки Худо ба бан-даат бахшидааст».
  6. Ва канизон бо бачаҳошон наздик омада, саҷда карданд.
  7. Ва Леё бо бачаҳояш низ наздик омада, саҷда карданд. Ва дар охир Юсуф ва Роҳел наздик омада, саҷда карданд.
  8. Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».
  9. Ва Эсов гуфт: «Эй бародарам, ман бисьёр дорам; он чи аз они туст, аз они ту бошад».
  10. Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.
  11. Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.
  12. Ва гуфт: «Кӯч карда, биравем; ва ман пешопеши ту меравам».
  13. Ва Яъқуб гуфт: «Оғоям медонад, ки бачагон нозуканд, ва гӯсфандон ва говони ширдеҳ бо ман аст, ва агар онҳоро як рӯз ҳай кунанд, тамоми чорво мемирад.
  14. Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста-оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».
  15. Ва Эсов гуфт: «Аз мардуме ки бо мананд, назди ту мегузорам». Гуфт: «Чӣ лозим аст? Фақат дар назари оғоям илтифот ёбам шудааст».
  16. Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.
  17. Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.

Яъқуб дар  Шакем  манзил  мекунад  ва барои Худо қурбонгоҳ, месозад.

  1. Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.
  2. Ва он қитъаи заминро, ки дар он ҷо барои худ хайма барафрошта буд, аз дасти фарзандони Ҳамӯр, падари Ша-кем, ба сад сикка харид.
  3. Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s