Ҳастӣ боби 31

  1. ВА Яъқуб суханони писарони  Лобонро  шунид,  ки мегуфтанд: «Яъқуб тамоми дороии падари моро гирифтааст, ва  аз дороии падари  мо  тамоми ин сарватро  ба   вуҷуд овардааст».
  2. Ва Яъқуб рӯи Лобонро дид, ва инак, нисбат ба ӯ на ончунон буд, ки дирӯз ва парирӯз буд.
  3. Ва Худованд ба Яъқуб гуфт: «Ба замини падарат ва ба зодгоҳат баргард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
  4. Ва Яъқуб кас фиристода, Роҳел ва Леёро ба саҳро, назди чорвои худ ҷеғ зад.
  5. Ва ба онҳо гуфт: «Ман рӯи падари шуморо мебинам, ки нисбат ба ман на ончунон аст, ки дирӯз ва парирӯз буд. Аммо Худои падарам бо ман буд.
  6. Ва шумо медонед, ки бо тамоми қуввати худ ба падари шумо хизмат кардам.
  7. Ва падари шумо маро фиреб карда, даҳ маротиба музди маро тағьир дод, аммо Худо ӯро нагузошт, ки ба ман бадӣ кунад.
  8. Ҳангоме ки  ӯ  гуфт:   «Музди  ту  барраҳои хол-хол бошад», тамоми чорво хол-хол зоид. Ва ҳангоме ки гуфт: «Музди ту барраҳои доғдор бошад», тадоми чорво доғдор зоид.
  9. Ва Худо чорвои падари шуморо гирифта, ба ман дод.
  10. Боре, дар мавсими бордоршавии чорво, ман дар хоб чашм андохтам ва дидам, ва инак, такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешуданд, доғдор, хол-хол ва ало буданд.
  11. Ва фариштаи Худо дар хоб ба ман гуфт: «Эй Яъқуб!» Гуфтам: «Лаббай!»

Овози Худо Яъқубро даъват менамояд, ки ба ватан баргардад.

  1. Ва гуфт: «Чашм андоз ва бубин, ки ҳамаи такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешаванд, доғдор, хол-хол ва ало ҳастанд; зеро ки ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидаам.
  2. Манам Худои Байт-Ил, ҷое ки бар сутуне равған рехтӣ, ва бо Ман назр кардӣ. Акнун бархез, аз ин замин берун бирав; ва ба замини зодгоҳи худ баргард»».

Гурехтани Яъқуб.

  1. Роҳел ва Леё ба ҷавоби ӯ гуфтанд: «Оё ҳанӯз дар хонаи падари мо ҳиссае ё меросе барои мо боқист?
  2. Магар дар назари ӯ чун бегонаҳо ба шумор намера-вем? Зеро ки моро фурӯхт, ва ҳатто пули моро хӯрд.
  3. Бинобар ин тамоми сарвате ки Худо аз падари мо ги-рифтааст, аз они мо ва фарзандони мост. Ва акнун ҳар он чи Худо ба ту гуфтааст, ба ҷо овар».
  4. Ва Яъқуб бархоста, фарзандон ва занони худро ба шу~ турон савор кард;
  5. Ва тамоми чорво ва тамоми дороии худро, ки пайдо карда буд, яъне чорвои хусусии худро, ки дар Фаддони Арам пайдо карда буд, бо худ гирифт, то ки назди падари худ Исҳоқ ба замини Канъон биравад.
  6. Ва азбаски Лобон барои буридани пашми чорвои худ рафта буд, Роҳел бутҳои падари худро дуздид.
  7. Вале Яъқуб Лобони арамиро чапғалат дод, чунки ӯро аз рафтани худ огоҳ накард.
  8. Ва ӯ бо ҳар он чи дошт, гурехт, ва бархоста, аз наҳр гузашт, ва рӯй ба ҷониби кӯҳи Ҷилъод ниҳод.
  9. Ва дар рӯзи сеюм ба Лобон хабар доданд, ки Яъқуб гурехтааст.
  10. Ва хешовандони худро бо худ гирифта, ҳафт рӯз ӯро дунболагирӣ кард, ва дар кӯҳи Ҷилъод ба ӯ даррасид.
  11. Ва шабонгоҳ Худо дар хоби Лобони арамӣ зоҳир гар-дида, ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».
  12. Ва Лобон ба Яъқуб даррасид; ва Яъқуб хаймаи худро дар кӯҳ барафрошта буд, ва Лобон низ бо хешовандони худ дар кӯҳи Ҷилъод манзил кард.
  13. Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Барои чӣ маро чапғалат додӣ ва духтаронамро мисли асирони ҳарбӣ гирифта бурдӣ?
  14. Чаро пинҳонӣ гурехтӣ, ва, маро дар иштибоҳ андохтӣ, ва чизе ба ман нагуфтӣ? Ман туро бо шодӣ ва сурудҳо, бо даф ва барбат гусел мекардам.
  15. Ва маро нагузоштӣ, ки набераҳо ва духтарони худро бибӯсам; рафтори беақлонае кардӣ.
  16. Дар дастам қуввате ҳаст, ки ба шумоён бадӣ кунам, вале Худои падари шумо дишаб ба ман хитоб карда, гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».
  17. Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»
  18. Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Зеро тарсидам ва гумон кардам, ки мабодо духтарони худро аз ман бо зӯрӣ бигирӣ.
  19. Назди ҳар кас худоёнатро биёбӣ, ӯ зинда намонад! Дар ҳузури хешовандони мо ҳар он чи аз чизу чораат назди ман бишносӣ, барои худ бигир». Вале Яъқуб намедонист, ки Роҳел онҳоро дуздидааст.
  20. Ва Лобон ба хаймаи Яъқуб, ва ба хаймаи Леё, ва ба хаймаи ду каниз даромад, лекин наёфт. Ва аз хаймаи Леё баромада, ба хаймаи Роҳел даромад.
  21. Ва Роҳел бутҳоро гирифта, зери зини шутур ниҳод, ва бар онҳо нишаст. Ва Лобон тамоми хаймаро тафтиш кард, лекин наёфт.
  22. Ба падараш гуфт: «Ба назари оғои ман бад нанамояд, ки дар ҳузурат бархоста наметавонам, зеро ки қоидаи занон бар ман аст». Ва ҷустуҷӯ карда, бутҳоро наёфт.
  23. Ва Яъқуб ба хашм омада, бо Лобон мунозира кард. Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Гуноҳ ва хатои ман чист, ки маро таъқиб мекунӣ?
  24. Модоме ки ҳамаи чизҳои маро тафтиш кардӣ, аз ҳамаи чизҳои хонаи худ чӣ ёфтӣ? Ин ҷо пеши хешовандони ман ва хешовандони худ бинеҳ, то ки дар миёни ҳар дуи мо ҳакам шаванд.
  25. Дар ин бист сол, ки ман бо ту будам, мешҳо ва модабузҳои ту бача напартофтаанд, ва қӯчқорҳои рамаи туро нахӯрдаам;
  26. Ҳайвони кафидаро пеши ту наовардаам: худам тово-нашро медодам; чизе хоҳ рӯзона талаф мешуд ва хоҳ шабона талаф мешуд, талофии онро аз ман мегирифтӣ.
  27. Рӯзҳо аз гармӣ ва шабҳо аз хунукӣ азоб мекашидам; ва хоб аз чашмам мегурехт.
  28. Чунин буд бист соли умри ман дар хонаи ту. Ба ту чордаҳ сол барои ду духтарат ва шаш сол барои чорвоят хизмат кардам; ва ту даҳ маротиба музди маро тағьир додӣ.
  29. Агар Худои падарам, Худои Иброҳим ва Ҳайбати Ис-ҳоқ бо ман намебуд, ту ҳоло маро тиҳидаст равона мекардӣ. Худо мусибати маро, ва ранҷи дастҳои маро дид, ва дишаб доварӣ кард».
  30. Ва Лобон ба ҷавоби Яъқуб гуфт: «Ин духтарон духта-рони мананд; ва ин фарзандон фарзандони мананд; ва ин чорво чорвои ман аст, ва ҳар он чи ту мебинӣ, аз они ман аст; пас имрӯз ба ин духтарони худам ва ба фарзандоне ки зоидаанд, ман чӣ кор карда метавонам?
  31. Ва акнун биё, ман ва ту аҳд бибандем, то ки дар миёни ман ва ту шаҳодате бошад».
  32. Ва Яъқуб санге гирифта, мисли сутуне рост монд.
  33. Ва Яъқуб ба хешовандони худ гуфт: «Санг ҷамъ кунед!» Ва онҳо санг ҷамъ карда, пуштае сохтанд; ва дар он ҷо, бар пушта хӯрок хӯрданд.
  34. Ва Лобон онро Яҷар-Соҳадуто номид, вале Яъқуб онро Ҷалъэд номид.
  35. Ва Лобон гуфт: «Имрӯз ин пушта дар миёни ман ва ту шоҳид аст». Ба ин сабаб онро Ҷалъэд номид,
  36. Ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.
  37. Агар духтарони маро озор диҳӣ, ва агар болои духтарони ман занони дигар бигирӣ, агарчи ҳеҷ касе дар миёни мо нест, вале огоҳ бош, ки Худо дар миёни ман ва ту шоҳид аст».
  38. Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Инак ин пушта ва инак сутуне ки дар миёни худам ва ту гузоштам.
  39. Ин пушта шоҳид аст ва ин сутун шоҳид аст, ки ман аз ин пущта сӯи ту нагзарам, ва ту аз ин пушта ва ин сутун бо қасди баде сӯи ман нагзарӣ.
  40. Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.
  41. Ва Яъқуб дар он кӯҳ ҷонвареро қурбонӣ кард, ва хе-шовандони худро ба нон хӯрдан даъват намуд, ва онҳо нон хӯрданд ва дар кӯҳ шабро гузаронданд.
  42. Бомдодон Лобон бархоста, набераҳо ва духтарони худро бӯсид, ва онҳоро баракат дод, ва равона шуд, ва Лобон ба маскани худ баргашт.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s