Ҳастӣ боби 30

Осудаҳолии Яъқуб.

  1. ВА Роҳел дид, ки ба Яъқуб назоид, ва Роҳел ба хо-ҳари худ ҳасад бурд, ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд бидеҳ; вагар на, мемирам».
  2. Ва Яъқуб ба Роҳел хашм гирифт ва гуфт: «Магар ман дар ҷои Худо ҳастам, ки самари батнро аз ту боздоштааст?»
  3. Гуфт: «Инак канизи ман Билҳо; бо вай бихоб, то ки бар зонуям бизояд, ва ман низ аз вай фарзанд ёбам».
  4. Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.
  5. Ва Билҳо ҳомила шуда, ба Яъқуб писаре зоид.
  6. Ва Роҳел гуфт: «Худо ба доди ман расид, ва овози маро низ шунид, ва писаре ба ман дод». Бинобар ин ӯро Дон ном ниҳод.
  7. Ва Билҳо, канизи Роҳел, боз ҳомила шуда, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.
  8. Ва Роҳел гуфт: «Ба гӯштинҳои Худо бо хоҳари худ гӯштин гирифтам, ва ғолиб омадам». Ва ӯро Нафтолӣ ном ниҳод.
  9. Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.
  10. Ва Зилфо, канизи Леё, ба Яъқуб писаре зоид.
  11. Ва Леё гуфт: «Толеъ ёр шуд!» Ва ӯро Ҷод ном ниҳод.
  12. Ва Зилфо,  канизи Леё,   писари  дуюмин ба Яъқуб зоид.
  13. Ва Леё гуфт: «Ба хушбахтии ман аст! Зеро ки духта-рон маро хушбахт хоҳанд хонд». Ва ӯро Ошер ном ниҳод.
  14. Ва дар айёми гандумдаравӣ Реубен рафт, ва меҳргиёҳҳо дар саҳро ёфт, ва онҳоро ба модари худ Леё овард. Ва Роҳел ба Леё гуфт: «Аз меҳргиёҳҳои писарат ба ман бидеҳ».
  15. Вай ба ӯ гуфт: «Оё кам аст, ки шавҳари маро гирифтӣ, боз мехоҳӣ меҳргиёҳҳои писари маро бигирӣ?!» Ва Роҳел гуфт: «Имшаб ба ивази меҳргиёҳҳои писарат бо ту бихобад».
  16. Ва бегоҳӣ Яъқуб аз саҳро омад, ва Леё ба пешвози ӯ баромад, ва гуфт: «Назди ман даро; зеро ки музди туро бо меҳргиёҳҳои писарам адо кардам». Ва ҳамон шаб бо вай хобид.
  17. Ва Худо дуои Леёро шунид, ва ӯ ҳомила шуд, ва писари панҷумин ба Яъқуб зоид.
  18. Ва Леё гуфт: «Худо музди маро дод ба ивази он ки канизамро ба шавҳарам додам». Ва ӯро Иссокор ном ниҳод.
  19. Ва боз Леё ҳомила шуда, писари шашумин ба Яъқуб зоид.
  20. Ва Леё гуфт: «Худо ҳадияи хубе ба ман дод; акнун шавҳарам назди ман хоҳад зист, зеро ки шаш писар ба ӯ зоидам». Ва ӯро Забулун ном ниҳод.
  21. Ва баъд духтаре зоид; ва ӯро Дино ном ниҳод.
  22. Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.
  23. Ва ӯ ҳомила шуд, ва писаре зоид, ва гуфт: «Худо нанги маро аз миён бардошт».
  24. Ва ӯро Юсуф ном ниҳода, гуфт: «Худованд ба ман писари дигаре хоҳад дод».
  25. Ва пас аз он ки Роҳел Юсуфро зоид, Яъқуб ба Лобон гуфт: «Маро ҷавоб деҳ, то ки ба макони худ ва ба замини худ биравам;
  26. Занон ва фарзандони маро, ки барояшон ба ту хизмат кардам, ба ман бидеҳ, то ки биравем; зеро хизматеро, ки ба ту кардам, ту медонӣ».
  27. Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».
  28. Ва гуфт: «Музди худро ба ман муайян кун, то ки онро ба ту диҳам».
  29. Ба вай гуфт: «Худат медонӣ, ки ман ба ту чӣ гуна хиз-мат кардаам, ва чорвои ту назди ман чӣ гуна зиёд шуд.
  30. Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд   шуд;   ва  ба  хотири  ман   Худованд   туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»
  31. Ва гуфт: «Ба ту чӣ бидиҳам?» Ва Яъқуб гуфт: «Чизе ба ман надеҳ. Вале агар ин корро барои ман бикунӣ, ман аз нав рамаи туро чӯпонӣ ва посбонӣ хоҳам кард:
  32. Имрӯз дар тамоми рамаи ту гардиш мекунам; ҳар меши хол-хол ва алоро аз он ҷудо кун, ва ҳар меши сиёҳ аз миёни гӯсфандон ва алою хол-хол аз миёни бузон музди ман хоҳад буд.
  33. Ва дар оянда сидқи ман дар ҳаққи ман шаҳодат хоҳад дод, вақте ки биёӣ, то ки музди маро дар пеши назарат бубинӣ: он чи аз бузон хол-холу ало ва аз гӯсфандон сиёҳ набошад, назди ман чизи дуздӣ хисоб ёбад».
  34. Ва Лобон гуфт: «Майлаш, гуфтаи ту шавад».
  35. Ва ҳамон рӯз нарбузҳои доғдору алоро, ва ҳамаи мода-бузҳои хол-хол ва алоро, ки доғи сафед доштанд, ва ҳамаи гӯсфандони сиёҳро чудо карда, ба дасти писаронаш дод.
  36. Ва дар миёни худ ва Яъқуб масофаи серӯза муқаррар намуд. Ва Яъқуб боқии чорвои Лобонро чӯпонӣ кард.
  37. Ва Яъқуб навдаҳои тару тозаи сафедор, бодом ва касто-наро гирифт, ва хатҳои сафед бар онҳо бурида, пӯстро то сафедии чӯб канда партофт;
  38. Ва навдаҳои пӯстбуридаро дар тағораҳои обхӯрие ки чорво барои нӯшидан назди онҳо меомад, дар рӯ ба рӯи чорво гузошт, то ки ҳангоми ба обхӯрӣ омаданаш бордор шавад.
  39. Ва чорво дар пеши навдахо бордор мешуд, ва барра-ҳои доғдор, хол-хол ва ало мезоид.
  40. Ва Яъқуб барраҳоро чудо мекард, ва рӯи рамаро сӯи тамоми чорвои доғдор ва сиёҳи Лобон мегузошт; ва барои худ рамаҳои алоҳида тартиб медод, ва онҳоро бо чорвои Лобон як ҷо намемонд.
  41. Ва ҳар гоҳ, ки чорвои тануманд бордор мешуд, Яъқуб навдаҳоро дар тағораҳо пеши назари чорво мемонд, то ки дар пеши навдаҳо бордор шавад.
  42. Вале ҳар гоҳ чорвои заиф бордор мешуд, онҳоро на-мемонд. Ва заифҳо аз они Лобон ва танумандҳо аз они Яъқуб мешуданд.
  43. Ва ин мард хеле ва хеле бой шуд, ва рамаҳои бисьёр, ва канизон, ва ғуломон, ва шутурон, ва харон дошт.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s