Ҳастӣ боби 29

Яъқуб дар Ҳоррон.

  1. ВА Яъқуб ба роҳ даромада, ба залуани аҳли машриқ равона шуд.
  2. Ва дид, ки инак, дар саҳро чоҳе ҳаст, ва дар гирду пешаш се рамаи гӯсфандон хобидааст; зеро ки аз он чоҳ рамаҳоро об медоданд; ва санги калоне бар даҳани чоҳ буд.
  3. Ва чун ҳамаи рамаҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонида, рамаҳоро об медоданд; ва пас аз ин боз сангро дар ҷои он, ба даҳани чоҳ мегузоштанд.
  4. Ва Яъқуб ба онҳо гуфт: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Гуфтанд: «Мо аз Ҳорронем».
  5. Ба онҳо гуфт: «Оё Лобон ибни Ноҳӯрро мешиносед?» Гуфтанд: «Мешиносем».
  6. Ба онҳо гуфт: «Оё вай саломат аст?» Гуфтанд: «Сало-мат аст; инак, духтараш Роҳел бо рама меояд».
  7. Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кар-дани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».
  8. Гуфтанд: «Наметавонем, то даме ки ҳамаи рамаҳо ҷамъ шаванд, ва сангро аз даҳани чоҳ биғалтонанд; он гоҳ рамаро об медиҳем».
  9. Ҳанӯз бо онҳо гап зада истода буд, ки Роҳел бо рамаи падари худ омад, зеро ки ӯ онро мечаронид.
  10. Ва чун Яъқуб Роҳел духтари тағои худ Лобон ва рамаи тағои худ Лобонро дид, Яъқуб наздик шуда, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонид ва рамаи тағои худ Лобонро об дод.
  11. Ва Яъқуб Роҳелро бӯсид ва овози худро баланд карда, гирист.
  12. Ва Яъқуб Роҳелро огоҳ намуд, ки ӯ ҷияни падари вай ва писари Ривқо мебошад. Роҳел тозон рафта, падари худро огоҳ кард.
  13. Ва чун Лобон хабари хоҳарзодаи худ Яъқубро шунид, ба пешвозаш шитофт, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бӯсид, ва ба хонаи худ овард; ва ӯ ҳамаи ин гапҳоро ба Лобон ҳикоят кард.
  14. Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ту устухон ва гӯшти ман ҳастӣ». Ва назди вай муддати як моҳ истод.
  15. Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»
  16. Ва Лобон ду духтар дошт; номи калони Леё ва номи хурдӣ Роҳел буд.
  17. Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.
  18. Ва Яъқуб ба Роҳел дил баста буд, ва гуфт: «Барои духтари хурдиат Роҳел ба ту ҳафт сол хизмат мекунам».
  19. Ва Лобон гуфт: «Уро ба ту бидиҳам, беҳтар аст аз он ки ба марди дигаре бидиҳам; назди ман бимон».
  20. Ва Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард, ва онҳо ба назараш мисли якчанд рӯз намуданд, чунки варо дӯст медошт.
  21. Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».
  22. Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.
  23. Вале шомгоҳ духтари худ Леёро гирифта, пеши ӯ овард; ва ӯ бо вай хобид.
  24. Ва Лобон канизи худ Зилфоро ба духтари худ Леё ба канизӣ дод.
  25. Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»
  26. Ва Лобон гуфт: «Дар макони мо чунин намекунанд, ки хурдиро аз калонӣ пештар бидиҳанд.
  27. Ҳафтаи тӯи арӯсии инро тамом кун, ва хурдиро низ ба ту медиҳам, ба бадали хизмате ки назди ман боз ҳафт соли дигар бикунӣ».
  28. Ва Яъқуб чунин кард; ва ҳафтаи варо тамом кард. Ва Лобон духтари худ Роҳелро ба ӯ ба занӣ дод.
  29. Ва Лобон канизи худ Билҳоро ба духтари худ Роҳел ба канизӣ дод.
  30. Ва бо Роҳел низ хобид, ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт; ва боз ҳафт соли дигар назди Лобон хизмат кард.
  31. Ва чун Худованд дид, ки Леё номаҳбуб аст, батни ӯро кушод, вале Роҳел нозой монд.
  32. Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».
  33. Ва бори дигар ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Зеро Худованд шунид, ки ман номаҳбуб ҳастам, ва инро низ ба ман бахшид». Ва ӯро Шимъӯн номид.
  34. Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Акнун, ин дафъа, шавҳарам бо ман хоҳад пайваст, зеро ки ба вай се писар зоидам». Бинобар ин ӯро Левӣ ном ниҳод.
  35. Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s