Ҳастӣ боби 28

Яъқуб дар Байт-Ил. Аҳде ки Худо бо Иброҳим бастааст, ба ӯ мегузарад.

  1. ВА Исҳоқ Яъқубро хоaнд, ва ӯро баракат дод, ва ӯро амр фармуда, гуфт: «Зане аз духтарони Канъон нагир.
  2. Бархоста, ба Фаддони Арам, ба хонаи падари модарат Батуил бирав, ва аз он ҷо зане барои худ аз духтарони Лобон, бародари модарат бигир.
  3. Ва Худои Қодир туро баракат диҳад, ва туро борвар ва афзун гардонад, ва аз ту қавмҳои бисьёр ба вуҷуд оянд;
  4. Ва баракати Иброҳимро ба ту диҳад, ба ту ва ба насли ту бо ту, то ки вориси замини мусофирати худ шавӣ, ки Худо онро ба Иброҳим додааст».
  5. Ва Исҳоқ Яъқубро равона кард, ва ӯ ба Фаддони Арам назди Лобон ибни Батуили арамӣ, бародари Ривқо, модари Яъқуб ва Эсов, равона шуд.
  6. Ва Эсов дид, ки Исҳоқ Яъқубро баракат дод, ва ӯро ба Фаддони Арам равона кард, то ки аз он ҷо зане барои худ бигирад, ва дар вақти баракат доданаш ба вай амр фармуда, гуфт, ки «зане аз духтарони Канъон нагир»;
  7. Ва Яъқуб ба сухани падару модари худ даромада, ба Фаддони Арам равона шуд;
  8. Ва Эсов дид, ки духтарони Канъон дар назари пада-раш Исҳоқ писандида нестанд;
  9. Ва Эсов назди Исмоил рафт, ва Маҳалат, духтари Ис-моил ибни Иброҳимро, ки хоҳари Набойӯт буд, илова бар заноне ки дошт, ба занӣ гирифт.
  10. Ва Яъқуб аз Беэр-Шобаъ баромада, сӯи Ҳоррон равона шуд,
  11. Ва ба маконе расида, дар он ҷо шабро гузаронд, зеро ки офтоб ғуруб карда буд. Ва яке аз сангҳои он ҷоро гирифта, зери сари худ гузошт, ва дар ҳамон ҷо хобид.

Рӯъёи нардбон.

  1. Ва хобе дид, ки инак, нардбоне бар замин истодааст, ва сараш ба осмон мерасад; ва инак, фариштагони Худо бар он мебароянд ва мефуроянд.
  2. Ва инак, Худованд бар он истодааст, ва мегӯяд: «Ма-нам Худованд, Худои Иброҳим падарат ва Худои Исҳоқ. Ин заминро, ки ту бар он хобидаӣ, ба ту ва ба насли ту медиҳам.
  3. Ва насли ту мисли ғубори замин хоҳад буд; ва ба мағриб, ва машриқ, ва шимол, ва ҷануб паҳн хоҳӣ шуд; ва дар ту ва дар насли ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост.
  4. Ва инак, Ман бо ту ҳастам; ва туро дар ҳар ҷое ки равӣ, муҳофизат намоям; ва туро ба ин замин баргардонам; зеро то он чиро, ки ба ту гуфтам, ба ҷо наоварам, туро тарк накунам».
  5. Ва Яъқуб аз хоби худ бедор шуд ва гуфт: «Ба ростӣ Худованд дар ин макон аст, ва ман надонистаам».
  6. Ва ҳаросон шуда, гуфт: «Ин чӣ макони воҳиманокест! Ин нест чизи дигаре, ҷуз хонаи Худо, ва ин аст дарвозаи осмон».
  7. Ва бомдодон Яъқуб бархост, ва он сангеро, ки зери сари худ гузошта буд, гирифт, ва мисли сутуне рост монд, ва равған бар сари он рехт.
  8. Ва он маконро Байт-Ил* номид; вале номи он шаҳр аввал Луз буд.
  9. Ва Яъқуб назр карда, гуфт: «Агар Худо бо ман бошад, ва маро дар ин роҳ, ки меравам, муҳофизат намояд, ва ба ман нон барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан диҳад,
  10. Ва ман ба саломатӣ ба хонаи падарам баргардам, — Худованд Худои ман хоҳад буд,
  11. Ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, хонаи Худо хоҳад буд; ва ҳар он чи Ту ба ман бидиҳӣ, даҳьякашро ба Ту хоҳам дод».

*19. Хонаи Худо.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s