Ҳастӣ боби 25

Никоҳи Иброҳим бо Қатуро.

  1. ВА Иброҳим боз зан гирифт, ки вай Қатуро ном дошт.
  2. Вай Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидьён, Ишбоқ ва Шуаҳ-ро ба ӯ зоид.
  3. Ва Ёқшон Шабо ва Дадонро ба дуньё овард. Ва писа-рони Дадон Ашурим, Летушим ва Леумим буданд.
  4. Ва писарони Мидьён Эфо, Эфар, Ҳанӯх, Абидоъ ва Алдоо буданд. Ҳамаи инҳо писарони Қатуро буданд.
  5. Ва Иброҳим ҳар он чи дошт, ба Исҳоқ дод.
  6. Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброхим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.

Вафоти Иброҳим.

  1. Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, саду ҳафтоду панҷ сол буд.
  2. Ва Иброҳим вафот ёфт, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми  худ пайваст.
  3. Ва писаронаш Исҳоқ ва Исмоил ӯро дар мағораи Мак-фело, дар саҳрои Афрӯн ибни Сӯҳари ҳиттӣ, ки дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, дафн карданд,
  4. Дар саҳрое ки Иброҳим аз фарзандони Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро мадфун шуданд.
  5. Баъд аз вафоти Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро ба-ракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр-лаҳай-рӯӣ иқомат дошт.

Насли Исмоил.

  1. Ва ин аст насаби Исмоил писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим зоида буд.
  2. Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо муво-фиқи насаби  онҳо;  нахустзодаи  Исмоил Набойӯт,  Қедор, Адбаил, Мибсом,
  3. Мишмоъ, Думо, Массо,
  4. Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо.
  5. Инҳоянд писарони Исмоил, ва ин аст номҳои онҳо, дар қасабаҳои онҳо ва дар айлоқҳои онҳо; дувоздаҳ амири қабилаҳои онҳо.
  6. Ва солҳои зиндагонии Исмоил саду сию ҳафт сол буд; ва ӯ вафот ёфт, ва аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
  7. Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба самти Ашшур воқеъ аст, иқомат доштанд; ҷудо аз ҳамаи барода-рони худ маскан гирифта буданд.

Насли Исҳоқ.

  1. Ва ин аст насаби Исҳоқ писари Иброҳим; Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард.
  2. Ва Исҳоқ чилсола буд, ки Ривқо духтари Батуили ара-мӣ ва хоҳари Лобони арамиро аз Фаддони Арам барои худ ба занӣ гирифт.
  3. Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Ривқо ҳомила шуд.
  4. Ва писарон дар батни вай ҷунбиш мекарданд, ва гуфт: «Агар чунин бошад, ин ба ман барои чист?» Ва рафт, то ки аз Худованд бипурсад.
  5. Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».

Таваллуд ёфтани Эсов ва Яъқуб.

  1. Ва моҳу рӯзаш пур шуда, вақти зоиданаш расид, ва инак экизак дар шиками вай буд.
  2. Ва нахустин сурхранг берун омад, тамоми баданаш мисли пӯстин пашмнок буд, ва ӯро Эсов ном ниҳоданд.
  3. Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъкуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.

Эсов нахустзодагии худро мефурӯшад.

  1. Ва бачаҳо калон шуданд, ва Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайма-нишин.
  2. Ва Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки сайди ӯ ба муд-даои табъаш буд; вале Ривқо Яъқубро дӯст медошт.
  3. Боре Яъқуб ош мепухт, ва Эсов лакот аз гуруснагӣ аз саҳро омад.
  4. Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрда-нам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм* номиданд.
  5. Ва Яъқуб гуфт: «Аввал нахустзодагии худро ба ман бифрӯш».
  6. Ва Эсов гуфт: «Инак, ман ба мурдан расидаам, ва аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?»
  7. Ва Яъқуб гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард, ва нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт.
  8. Ва Яъқуб ба Эсов нон ва оши адас дод: ва ӯ хӯрд, ва нӯшид, ва бархоста, бирафт; ба ҳамин тариқ Эсов нахустзо-дагии худро хор дид.

*30. Сурх.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s