Ҳастӣ боби 22

Ба қурбонӣ овардани Исҳоқ.

  1. ВА воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
  2. Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».
  3. Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.
  4. Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.
  5. Ва Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем».
  6. Ва Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯҳтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд.
  7. Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»
  8. Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.
  9. Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.
  10. Ва Иброҳим дасти худро дароз карда, кордро гирифт, то ки писари худро забҳ кунад.
  11. Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
  12. Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».
  13. Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; Ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.
  14. Ва Иброҳим он маконро Адӯной-йирэ* хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».

Тасдиқ шудани аҳди Худо бо Иброҳим.

  1. Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд,
  2. Ва гуфт: «Ба зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, ‒
  3. Туро бисёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;
  4. Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».
  5. Ва Иброҳим назди ғуломбачагони худ баргашт, ва онҳо бархоста, якҷоя ба Беэр-Шобаъ равона шуданд; ва Иброҳим дар Беэр-Шобаъ иқомат кард.
  6. Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Иброҳим хабар дода, гуфтанд: «Инак, Милко низ ба бародарат Ноҳӯр писарҳо зоид, ки инҳоянд:
  7. Нахустзодаи ӯ Ус, бародараш Буз, Қамуил падари Арам,
  8. Касад, Ҳазӯ, Филдош, Идлоф ва Батуил».
  9. Ва Батуил Ривқоро ба дунё овард. Ҳамин ҳаштро Милко ба Ноҳӯр бародари Иброҳим зоид.
  10. Ва суррияи ӯ, ки Реулю ном дошт, вай низ Табаҳ, Чаҳам, Таҳаш ва Маъкоро зоид.

*14. Худованд ҳозир хоҳад кард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s