Ҳастӣ боби 21

Таваллуд ёфтани Исҳоқ.

  1. ВА Худованд Сороро, чунон ки гуфта буд, тафаққуд намуд; ва Худованд он чи ба Соро гуфта буд, ба амал овард.
  2. Ва Соро ҳомила шуда, ба Иброҳим дар пириаш писаре зоид, дар мӯҳлате ки Худо ба ӯ гуфта буд.
  3. Ва Иброҳим писари мавлуди худро, ки Соро ба ӯ зоид, Исҳоқ ном ниҳод.
  4. Ва Иброҳим писари худ Исҳоқро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд.
  5. Ва Иброҳим дар вақти таваллуди писараш Исҳоқ сад-сола буд.
  6. Ва Соро гуфт: «Худо барои ман ханда сохт, ва ҳар кӣ бишнавад, ба ман ханда хоҳад кард».
  7. Ва гуфт: «Кист, ки ба Иброҳим мегуфт: «Соро кӯдакон-ро хоҳад маконид»? Зеро ки писаре дар пириаш зоидаам».
  8. Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.

Ронда шудани Ҳоҷар ва писари вай.

  1. Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.
  2. Ва ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун; зеро ки писари ин каниз бо писари ман Исҳоқ ворис нахоҳад буд».
  3. Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.
  4. Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
  5. Ва аз писари каниз низ халқе ба вуҷуд меоварам, чунки ӯ насли туст».
  6. Ва бомдодон Иброҳим бархост, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода, бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ бирафт, ва дар биёбони Беэр-Шобаъ роҳро гум кард.
  7. Ва чун оби машк тамом шуд, писарро зери буттае гу-зошт.
  8. Ва ба масофати тиррас дур рафта, дар рӯ ба рӯи вай нишаст, зеро ки гуфт: «Мурдани писарро набинам». Ва дар рӯ ба рӯи вай нишаста, овози худро баланд кард ва бигирист.
  9. Ва Худо овози бачаро шунид; ва фариштаи Худо аз осмон Ҳоҷарро нидо карда, ба вай гуфт: «Эй Ҳоҷар, туро чӣ шуд? Натарс; зеро ки Худо овози бачаро аз он ҷое ки ҳаст, шунид.
  10. Бархез ва писарро бардошта, дасташро бигир; зеро ки аз вай xалқи азиме ба вуҷуд хоҳам овард».
  11. Ва Худо чашмони ӯро воз кард, ва ӯ чоҳи обе дид, ва пеш рафта, машкро об пур кард, ва бачаро нӯшонид.
  12. Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.
  13. Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
  14. Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;
  15. Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».
  16. Ва Иброҳим гуфт: «Ман қасам ёд мекунам».
  17. Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.
  18. Вале Абималик гуфт: «Намедонам, кист, ки ин корро кардааст, ту низ ба ман нагуфтаӣ; ман низ то имрӯз нашни-даам».
  19. Ва Иброҳим гӯсфандон ва говон гирифта, ба Абималик дод, ва ҳар ду иттифоқ бастанд.
  20. Ва Иброҳим ҳафт барраи модаро аз рама ҷудо кард.
  21. Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Ин ҳафт барраи мода, ки дар ин ҷо ҷудо кардӣ, барои чист?»
  22. Гуфт: «Ин ҳафт барраи модаро аз дасти ман бигир, то барои ман шаҳодате бошад, ки ин чоҳро ман кандаам».
  23. Аз ин сабаб он маконро Беэр-Шобаъ номид; зеро ки дар он ҷо ҳар дуяшон қасам ёд карданд.
  24. Ва дар Беэр-Шобаъ иттифоқ бастанд; ва Абималик бо сипаҳсолори худ Фикӯл бархост, ва ба замини фалиштиён баргаштанд.
  25. Ва дар Беэр-Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.
  26. Ва Иброҳим дар замини фалиштиён айёми зиёд чун мусофире зиндагӣ кард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s