Ҳастӣ боби 19

Ҳалокати Садӯм.

  1. ВА он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
  2. Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
  3. Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
  4. Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мар-дони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хо-наро иҳота карданд.
  5. Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».
  6. Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,
  7. Ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
  8. Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
  9. Ва гуфтанд: «Дафъ шав!» Ва гуфтанд: «Ин яке барои иқомат омад, ва мехоҳад довар бошад? Акнун ба ту, назар ба онҳо, бадтар муомила мекунем». Ва бо шиддат ба ин мард, яъне ба Лут, ҳамла оварда, наздик шуданд, то ки дарро бишкананд.
  10. Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
  11. Ва мардумеро, ки назди дари хона буданд, аз хурд то калон, ба кӯрӣ гирифтор карданд, ба тавре ки онҳо аз ёфтани дар оҷиз монданд.
  12. Ва он мардон ба Лут гуфтанд: «Оё каси дигаре дар ин ҷо дорӣ? Домодон, ва писарон, ва духтарони худ, ва ҳар киро, ки дар шаҳр дорӣ, аз ин макон берун овар.
  13. Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».
  14. Ва Лут берун рафта, бо домодонаш, ки духтарони ӯро гирифтанӣ буданд, гап зад, ва гуфт: «Бархезед, аз ин макон равед; зеро ки Худованд ин шаҳрро маҳв мекунад». Вале ба назари домодонаш чунин намуд, ки ӯ ҳазлбозӣ мекунад.
  15. Ва ҳангоми дамидани субҳ он фариштагон Лутро ши-тоб кунонда, гуфтанд: «Бархез, зани худро бо ду духтаре ки пешат ҳастанд, бигир, то ки аз боиси гуноҳи ин шаҳр нобуд нашавӣ».
  16. Ва чун дер мекард, он мардон дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Худованд бар ӯ шафқат кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузош-танд.
  17. Вақте ки онҳоро берун оварданд, гуфт: «Ҷони худро раҳо кун; ба ақиб нигоҳ накун, дар ҳеҷ ҷои ин водӣ наист; ба кӯҳ гурехта рав, то ки нобуд нашавӣ».
  18. Вале Лут ба онҳо гуфт: «Не, Худоё!
  19. Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман қуд-рати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
  20. Инак, он шаҳр барои гурехта рафтан наздик аст, ва ин чизи андак аст; ба он ҷо гурехта равам — ин, охир, чизи андак аст, — ва ҷонам зинда мемонад».
  21. Ва ба ӯ гуфт: «Инак, дар ин бобат ҳам туро рӯихотир мекунам: шаҳреро, ки гуфтӣ, вожгун намесозам.
  22. Шитобон ба он ҷо гурехта рав; зеро ки то ба он ҷо нарасӣ, чизе карда наметавонам». Аз ин сабаб он шаҳр Сӯар номида шудааст.
  23. Офтоб бар замин тулӯъ кард, вақте ки Лут ба Сӯар расид.
  24. Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.
  25. Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.
  26. Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид.
  27. Ва бомдодон Иброҳим бархоста, суи маконе рафт, ки он ҷо пеши Худованд истода буд.
  28. Ва чун ба ҷониби Садӯм ва Амӯро ва тамоми замини водӣ назар андохт, дид, ки инак, дуди он замин чун дуди хумдон боло меравад.
  29. Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Ху-до Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.

Гуноҳи духтарони Лут.

  1. Ва Лут аз Сӯар баромад, ва бо ду духтари худ дар кӯҳ маскан гирифт: зеро ки аз сокин шудан дар Сӯар тарсид, ва бо ду духтараш дар мағорае сукунат ихтиёр кард.
  2. Ва духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падари мо пир шудааст, ва марде бар рӯи замин нест, ки аз рӯи одати та-моми замин бо мо бихобад.
  3. Биё, падари худро шароб нӯшонем, ва бо ӯ бихобем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
  4. Ва ҳамон шаб падари худро шароб нӯшонданд, ва дух-тари калонӣ омада, бо падари худ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
  5. Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Инак, ди-шаб бо падарам хобидам; имшаб низ ӯро шароб нӯшонем, ва ту даромада, бо ӯ бихоб, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».
  6. Он шаб низ падари худро шароб нӯшонданд, ва духта-ри хурдӣ бо ӯ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
  7. Ва ҳар ду духтари Лут аз падари худ ҳомила шуданд.
  8. Ва духтари калонӣ писаре зоид, ва ӯро Мӯоб ном ни-ҳод; ва ӯ то имрӯз падари мӯобиён аст.
  9. Ва духтари хурдӣ низ писаре зоид, ва ӯро Бин-Аммӣ ном ниҳод; ӯ то имрӯз падари банӣ-Аммӯн аст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s