Ҳастӣ боби 9

Ҳукмфармоии одам. Аҳди сеюм; рангинкамон.

  1. ВА Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.
  2. Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.
  3. Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.
  4. Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
  5. Ва хуни шуморо низ, ки ҷони шумост, талаб хоҳам кард, аз дасти ҳар ҳайвон онро талаб хоҳам кард, ва ҷони одамизодро аз дасти одамизод, аз дасти бародари ӯ талаб хоҳам кард.
  6. Ҳар кӣ хуни одамизодро резад, хуни ӯ ба дасти одам рехта шавад: зеро ки одам ба сурати Худо офарида шудааст.
  7. Ва шумо борвар ва афзун шавед, ва дар рӯи замин паҳн шуда равед, ва дар он биафзоед».
  8. Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро бо ӯ хитоб карда, гуфт:
  9. «Инак, Ман аҳди Худро бо шумо ва баъд аз шумо бо насли шумо барқарор мекунам,
  10. Ва бо ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, бо паррандагон, бо чорпоён ва бо ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ки бо шумо бошанд, бо ҳар он чи аз киштӣ берун омад, бо ҳамаи ҳайвонҳои замин;
  11. Аҳди Худро бо шумо барқарор мекунам, ки бори дигар ҳар махлуқ аз оби тӯфон ҳалок нашавад, ва бори дигар тӯфон барои хароб кардани замин рӯй надиҳад».
  12. Ва Худо гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки Ман мебандам дар миёни Худам ва шумо ва ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, аз насл ба насл то абад:
  13. Рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломати аҳди байни Ман ва замин бошад.
  14. Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар гоҳ Ман абрро бар замин равона кунам, ва рангинкамон дар абр намудор гардад,
  15. Ман аҳди Худро, ки дар миёни Ман ва шумо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқ аст, ба ёд хоҳам овард; ва бори дигар оби тӯфон барои ҳалок кардани ҳар махлуқ рӯй нахоҳад дод.
  16. Ва чун рангинкамон дар абр бошад, Ман онро дида, он аҳди ҷовидониро, ки дар миёни Худо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқи рӯи замин аст, ба ёд меоварам».
  17. Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки барқарор мекунам дар миёни Худам ва ҳар махлуқе ки бар замин аст».
  18. Писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ берун омаданд, Сом, Ҳом ва Ёфат буданд. Ва Ҳом падари Канъон аст.
  19. Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд, ва аз онҳо тамоми замин маскун гашт.

Гуноҳи Ҳом.

  1. Ва Нӯҳ ба коркарди замин шурӯъ намуд, ва токзоре шинонд.
  2. 21. Ва шароб нӯшида, маст шуд, ва дар хаймаи худ бараҳна хобид.
  3. Ва Ҳом, падари Канъон, аврати падари худро дид, ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард.
  4. Сом ва Ёфат ҷомаро гирифта, бар китфи худ партофтанд, ва ақибнокӣ рафта, аврати падари худро пӯшониданд; ва азбаски рӯяшон ба ақиб нигаронида шуда буд, онҳо аврати падари ҳудро надиданд.

Нубуввати Нӯҳ.

  1. Ва Нӯҳ аз нашъаи шароби худ ҳушьёр шуда, фаҳмид, ки писари хурдияш дар ҳаққи ӯ чӣ кор кардааст;
  2. Ва гуфт: «Канъон малъун бод; пеши бародарони худ бандаи бандагон бошад».
  3. Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Сом; бигзор Канъон бандаи Сом бошад.
  4. Худо Ёфатро вусъат диҳад; ва дар хаймаҳои Сом маскан гирад; ва Канъон бандаи онҳо бошад».

Насли Нӯҳ.

  1. Ва Нӯҳ баъд аз тӯфон сесаду панҷоҳ сол бизист.
  2. Пас тамоми айёми Нӯҳ нӯҳсаду панҷоҳ сол буд; ва ӯ мурд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s