Ҳастӣ боби 7

Тӯфон ҳамчун зуҳури доварии Худо.

  1. ВА Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
  2. Аз ҳар чорпои пок ҳафт-ҳафт, нар ва мода, бо худ бигир, ва аз чорпои нопок ҷуфт-ҷуфт, нар ва мода.
  3. Аз паррандагони осмон низ ҳафт-ҳафт, нар ва мода, то ки насле бар рӯи тамоми замин нигоҳ дорӣ.
  4. Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
  5. Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
  6. Ва Нӯҳ шашсадсола буд, чун тӯфони об бар замин омад.
  7. Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
  8. Аз чорпоёни пок, ва аз чорпоёни нопок, ва аз паррандагон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин,
  9. Ҷуфт-ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
  10. Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
  11. Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
  12. Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
  13. Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
  14. Онҳо, ва ҳамаи ҳайвонҳо мувофиқи ҷинсашон, ва ҳар гуна чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, мувофиқи ҷинсаш, ва ҳамаи паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ҳамаи мурғон, ҳамаи болдорон,
  15. Ҷуфт-ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
  16. Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
  17. Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
  18. Ва об пурзӯр мешуд ва бар замин хеле меафзуд; ва киштӣ бар сатҳи об шино мекард.
  19. Ва об бар замин хеле ва хеле пурзӯр шуд, ва ҳамаи кӯҳҳои баланде ки зери тамоми осмон буд, пӯшида шуд.
  20. Об пурзӯр шуда, понздаҳ зироъ болотар баромад, ва кӯҳҳо пӯшида шуд.
  21. Ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазид, ва паррандагон, ва чорпоён, ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва ҳар махлуқе ки бар замин ҳаракат мекард, ва ҳамаи одамон мурданд.
  22. Ҳар он чи дар хушкӣ дами рӯҳи ҳаёт дар димоғаш буд, мурд.
  23. Ва ҳар махлуқе ки бар рӯи замин буд, аз одам то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон аз замин маҳв шуд: фақат Нӯҳ, ва он чи бо ӯ дар киштӣ буд, боқӣ монд.
  24. Ва об бар замин саду панҷоҳ рӯз пурзӯр мешуд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s