Ҳастӣ боби 4

Насли аввалин.

  1. ВА Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
  2. Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
  3. Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
  4. Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
  5. Аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
  6. Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
  7. Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».

Кушандаи аввалин.

  1. Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
  2. Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
  3. Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
  4. Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
  5. Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
  6. Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.
  7. Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».
  8. Худованд ба вай гуфт: «Пас ҳар кӣ Қобилро бикушад, ҳафтчандон аз вай интиқом гирифта шавад». Ва Худованд бар Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро дарьёбад, ӯро накушад.

Ибтидои тамаддун.

  1. Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.
  2. Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.
  3. Ва ба Ҳанӯх Ирод таваллуд шуд; Ирод Маҳиёилро ба дуньё овард; Маҳиёил Матушоилро ба дуньё овард; Матушоил Ломакро ба дуньё овард.
  4. Ва Ломак ду зан барои худ гирифт: номи яке Одо буд, ва номи дигаре Зилло.
  5. Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
  6. Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
  7. Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
  8. Ва Ломак ба занони худ гуфт: «Эй Одо ва Зилло! Овози маро бишнавед, эй занони Ломак! Ба сухани ман гӯш диҳед: ман барои захми худ мардеро куштам, ва барои зарби худ ҷавонеро.
  9. Агар барои Қобил ҳафтчандон интиқом гирифта шавад, пас барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».

Таваллуд ёфтани Шет,

аз нав барқарор шудани насли рӯҳонӣ.

  1. Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.
  2. Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s