Ҳастӣ боби 3

Озмуда шудани Хавво; ба вуҷуд омадани шакку шубҳа.

  1. ВА мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»
  2. Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,
  3. Лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».
  4. Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;
  5. Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».

Маъсият.

  1. Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
  2. Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.

Оромии рӯзи шанбе халалдор шуд; ибтидои офариниши нав.

  1. Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
  2. Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
  3. Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шу-дам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
  4. Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
  5. Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».
  6. Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».

Аҳди дуюми Худо бо одам:

Наҷотдиҳанда ваъда карда шуд.

  1. Ва Худованд Худо ба мор гуфт: «Азбаски ин корро кардӣ, аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро ту малъун бошӣ; ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт, ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
  2. Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
  3. Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
  1. Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам: “Аз он нахӯрӣ”, замин аз боиси ту малъун шуд; тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
  2. Хору хас бароят хоҳад рӯёнид; ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
  3. Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».
  4. Ва Одам зани худро Ҳавво* ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.
  5. Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
  6. Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
  7. Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.
  8. Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.

*20. Зиндагӣ

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s