Ҳастӣ боби 14

Абром лутро озод мекунад.

  1. ВА воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Қадорлаӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,
  2. Ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.
  3. Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
  4. Дувоздаҳ сол онҳо дар хизмати Кадорлоӯмар буданд ва дар соли сездаҳум исьён карданд.
  5. Ва дар соли чордаҳум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо ӯ буданд, омада, рафоиёнро дар Аштарут-Қарнайн, зу-зиёнро дар Ҳом ва эмиёнро дар Шове-Қирьётаим шикаст доданд,
  6. Ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил-Форон, ки дар шафати биёбон аст.
  7. Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун-Томор сокин буданд, шикаст доданд.
  8. Он гоҳ подшоҳи Садӯм, подшоҳи Амӯро, подшоҳи Адмо, подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, берун омаданд; ва онҳо дар водии Сиддим ба ҷанг даромаданд,
  9. Бо Кадорлоӯмар подшоҳи Элом, Тидъол подшоҳи «Ҷӯ-им, Амрофал подшоҳи Шинъор ва Арйӯк подшоҳи Алосор; чор подшоҳ бо панҷ.
  10. Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
  11. Ва ҳамаи дороии Садӯм ва Амӯроро бо тамоми озуқаи онҳо гирифта рафтанд.
  12. Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.
  13. Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва баро-дари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.
  14. Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, се-саду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
  15. Ва шабонгоҳ тақсим шуда, ба онҳо тохт, ӯ ва ғуломо-наш; ва онҳоро шикаст дод ва то ба Ҳӯбо, ки аз Димишқ ба тарафи шимол аст, таъқиб намуд.
  16. Ва тамоми дороиро баргардонид, ва хеши худ Лут ва дороии ӯро, ва занон ва қавмро низ.

Худо Худро ба Абром ҳамчун Худованд ва Молики осмон ва замин зоҳир менамояд.

  1. Вақте ки ӯ, баъд аз шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо вай буданд, баргашта меомад, подшоҳи Садӯм назди водии Шове, ки ҳамон водии подшоҳ бошад, ба пешвози ӯ баромад.
  2. Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
  3. Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;
  4. Ва муборак аст Худои Таоло, ки душманонатро ба дастат таслим кард». Ва Абром ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод.
  5. Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».
  6. Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,
  7. Ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше наги-рам, то нагӯӣ: «Ман Абромро бой гардондам», —
  8. Магар фақат он чи чавонон хӯрданд, ва ҳиссаи ода-моне ки ҳамроҳи ман рафтанд: бигзор Онер, Ашкӯл ва Мамре ҳиссаи худро бигиранд».

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s