Ҳастӣ боби 11

Бино кардани бурҷ.

  1. ДАР тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
  2. Чун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шин-ъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
  3. Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
  4. Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».

Махлут кардани забонҳо.

  1. Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
  2. Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
  3. Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».
  4. Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
  5. Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.

Насаби Абром.

  1. Ин аст насаби Сом: Сом садсола буд, ва Арфакшадро баъд аз ду соли тӯфон ба дуньё овард.
  2. Ва Сом, баъд аз таваллуди Арфакшад, панҷсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  3. Ва Арфакшад сию панҷ сол бизист, ва Шолаҳро ба дуньё овард.
  4. Ва Арфакшад, баъд аз таваллуди Шолаҳ, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  5. Ва Шолаҳ сӣ сол бизист, ва Эбарро ба дуньё овард.
  6. Ва Шолаҳ, баъд аз таваллуди Эбар, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  7. Ва Эбар сию чор сол бизист, ва Фолаҷро ба дуньё овард.
  8. Ва Эбар, баъд аз таваллуди Фолаҷ, чорсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  9. Ва Фолаҷ сӣ сол бизист, ва Рауро ба дуньё овард.
  10. Ва Фолаҷ, баъд аз таваллуди Рау, дусаду нӯҳ сол би-зист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  11. Ва Рау сию ду сол бизист, ва Саруҷро ба дуньё овард.
  12. Ва Рау, баъд аз таваллуди Саруҷ, дусаду ҳафт сол би-зист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  13. Ва Саруҷ сӣ сол бизист, ва Ноҳӯрро ба дуньё овард.
  14. Ва Саруҷ, баъд аз таваллуди Ноҳӯр, дусад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
  15. Ва Ноҳӯр бисту нӯҳ сол бизист, ва Тораҳро ба дуньё овард.
  16. Ва Ноҳӯр, баъд аз таваллуди Тораҳ, саду нуздаҳ сол бизист, ва писарону дуҳтарон ба дуньё овард.
  17. Ва Тораҳ ҳафтод сол бизист, ва Абром, Ноҳӯр ва Ҳо-ронро ба дуньё овард.
  18. Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳо-ронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
  19. Ва Ҳорон пеш аз фавти падари худ Тораҳ, дар замин таваллуди худ, дар Ури калдониён мурд.
  20. Ва Абром ва Ноҳӯр занон барои худ гирифтанд: номи зани Абром — Сорай ва номи зани Ноҳӯр — Милко, духтари Ҳорон, падари Милко ва падари Иско.
  21. Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
  22. Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келин худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
  23. Ва айёми Тораҳ дусаду панҷ сол буд, ва Тораҳ дар Ҳоррон мурд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s