Ҳастӣ боби 10

Насабномаи Нӯҳ.

  1. ИН аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон тавваллуд шуданд.
  2. Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.
  3. Писарони Ҷӯмар: Ашканаз, Рифат ва Тӯҷармо.
  4. Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.
  5. Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
  6. Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
  7. Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
  8. Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
  9. Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».
  10. Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.
  11. Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
  12. Ва Расанро дар миёни Нинве ва Колаҳ; ва он шаҳри бузург буд.
  13. Ва Миср Лудим, Аномим, Лаҳобим ва Нафтуҳимро ба дуньё овард,
  14. Ва Фатрусим ва Каслуҳимро, ки аз он ҷо фалиштиён пайдо шудаанд, ва Кафтӯримро.
  15. Ва Канъон Сидӯн нахустзодаи худ ва Ҳитро ба дуньё овард,
  16. Ва Ябусӣ, Амӯрӣ ва Ҷирҷоширо,
  17. Ва Ҳиввӣ, Арқӣ ва Синиро,
  18. Ва Арводӣ, Саморӣ ва Ҳамотиро. Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ паҳн шуда рафтанд.
  19. Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
  20. Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.
  21. Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.
  22. Писарони Сом: Элом, Ашшур, Арфакшад,   Луд ва Арам.
  23. Ва писарони Арам: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш.
  24. Ва Арфакшад Шолаҳро ба дуньё овард, ва Шолаҳ Эбар-ро ба дуньё овард.
  25. Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.
  26. Ва Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт ва Ёраҳро ба дуньё овард,
  27. Ва Ҳадӯром, Узол ва Диқлоро,
  28. Ва Ӯбол, Абимоил ва Шаборо,
  29. Ва Ӯфир, Ҳавило ва Йӯбобро. Ҳамаи онҳо писарони Ёқтон буданд.
  30. Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.
  31. Инҳояид писарони Сом мувофиқи қабилаҳои онҳо, му-вофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо мувофиқи халқҳои онҳо.
  32. Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s